Ҳамасола санаи 14 апрел дар кишвар Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад ва вобаста ба ин махсусан дар муассисаҳои илмӣ ва таълими кишвар чорабиниҳои васеи илмӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд. Дар ҷаҳони муосир, ки рушди иқтисодӣ ва нуфузи стратегии кишварҳо маҳз дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти муосири илмӣ бештар вобастаанд, рушди илм ҳаммаънои рушди кишварҳо гаштааст.
Агарчи решаҳои хурофот нодонӣ дар баробари ҳаводис ва тарси вуҷудӣ дар баробари онҳо бошад ҳам, вале дар зинаҳои баъдии ташккулёбии инсонҳо шаклгирии ҷомеаи табақотӣ, ба вуҷуд омадани давлат ба ҳайси як ниҳоди асосии идоракунии иҷтимоӣ аз хурофот ва боварҳои хурофӣ суистифода гардидааст. Аксаран дар ҷомеаи табақотӣ нафароне, ки идораи иҷтимоӣ дар дасташон буд, ҳамеша кӯшиш мекарданд, худро дар баробари боқимондаи мардум бартар нишон диҳанд ва ҷиҳати ин ки ин бартарият дар чашми мардум ба тарзи муъҷизаосо ифода ёбад, ниёзе доштаанд, ба мубалиғон ва тафсиргароне, ки вуҷуд, ҳолат, вазъият ва истеъдоди онҳоро фарозаминӣ баён созад.
Охири асри XIX ва аввали асри XX боиси кашфиётҳои нав дар соҳаҳои макро ва микроолам шуданд. Баъди оне, ки нурҳои рентгенӣ ва ҳодисаи раиоактивӣ кашф шуданд, зарраҳои заряднокеро низ қайд карданд, ки ба Замин аз фазои кайҳон меомад. Ин зарраҳо аз тарафи физики австриягӣ Виктор Гесс соли 1912 кашф шуданд. Ӯ тавассути кураи ҳавоӣ, ҳангоми омӯзиши иониши атомҳои ҳаво, афзоишро бо рафти баландӣ мушоҳида кард, ки ин ҳодисаро зарраҳои кайҳоние ба амал меоаварданд, ки онҳоро нурҳои кайҳонӣ номиданд. Нурҳои кайҳонӣ (НК) – ин сели зарраҳои зарядноки баландэнергия мебошад, ки ба Замин аз фазои кайҳон омада, тақрибан изотропӣ мебошад. Ин зарраҳо дар минтақаҳои дури кайҳон тавлид шуда, то суръатҳои баланд тезонида мешаванд.
Гиёҳи кавари хордор (каперсы колючие) яке аз намудҳои растании алафин ба шумор рафта аз оилаи Capparis мебошад.
Каперсҳои (кавари хордори) табиӣ бо мақсади хӯрокпазӣ дар Аврупо, Африқои Шимолӣ, Амрикои Шимолӣ, Ҳиндустон ва Доғистон истифода мешаванд. Онҳо дар Қрим, Қафқоз, Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ мерӯяд. Он дар биёбонҳои гили ва санглох, дар камарбанди поёнии кӯҳҳо, дар пласаҳои шағалдор ва харобаҳои биноҳо дида мешавад. Шӯрро таҳаммул мекунад. Решаҳои чуқури дароз ба растаниҳо имкон медиҳанд, ки аз хушксолии тӯлонӣ ва ҳарорати баланд наҷот ёбанд