JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Таърихан рағбат ба омӯзиши муносибати ташкилотҳои тартиботи хуқуқӣ ва  ҷамъият ҳамеша дар мадди назари мутафаккирони Ғарб қарор дошт. Дар давраҳои гуногуни таҳаввулоти ҷамъият омӯзиши назарияҳои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, вобаста ба тағйирёбии сохти он шакл ва мазмуни нав мегирад. Бинобар ин ҳам ҳолати ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан дар назарияҳои файласуфони асри миёна ва давраи нав бо ҷузъиётҳои назариявӣ ва гоҳо куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин сабаб таҳлили таърихии фалсафӣ-иҷтимоии  ин масъала нисбати ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва мубрам ба шумор меравад.     

  Чунонки дар боло ишора шуд, на ҳамаи фаъолиятҳои инсон ба воситаи шуури ӯ  танзим мешаванд. Як идда аз фаъолиятҳои инсон ба таври ғайрииродӣ мустақиман тавассути зершуур, ки дар он барномаҳо ва дастурамалҳои фитрӣ аз тариқи генҳо сабт шудаанд, танзим мегарданд. Масалан, фаъолияти дастгоҳи нафаскашӣ, низоми ҳаракати хун, инстинктҳову рефлексҳо, ниёзмандӣ ба хоб ва амсоли инҳо аз қабили фаъолиятҳои доимиву хеле муҳими ҳаётии инсон мебошанд, ки бидуни дахолати ақлу иродаи мо ба таври фитрӣ ва табиӣ мунтазам ва хеле дақиқ танзим мегарданд. Ин қабил фаъолиятҳои ба таври табиӣ барномарезишуда мутлақан таҳти таъсири омилҳои фитрӣ қарор дошта, дахолат дар танзими онҳо ба воситаи ирода аслан таъсири ҷиддӣ ва бунёдӣ наметавонад дошта бошад.

Панҷшанбе, 17 Июни 2021 06:18

Бонуи тоҷик дар Шабакаи ҷаҳонии CNN

Муаллиф:

  Ҳар рӯз шабакаи телевизионии CNN-ро тамошо мекунам. Бегоҳ ҳатман ним соат ё зиёда аз он хабарҳои охиринро аз ин шабака дастрас мекунам. Ин шабака дар тамоми нуқоти ҷаҳон хабарнигорони худро дошта, барномаҳои хабарии хеле ҷолиби тахассусӣ ва босифатро пешкаши бинандагони худ мекунад. Аз тамошои ин барномаҳо хеле манфиат мегираму ба омодасозони он сипос мегӯям. Аммо намедонистам, ки дар омода сохтани барномаҳои сатҳи баланд, саҳми бонуи тоҷик, як хоҳари мо, низ ҳаст.

  Дар мавриди маърифати имрӯзи аз равандҳои гуногуни табииву иҷтимоӣ инсон мутаҳайир мегардад, ки башар тавонистааст, дар  муддати панҷсад соли ахир аз асрори ҷаҳон ва қонунмандии ҳаводис огоҳии илмӣ дарёфт намояд ва бадин васила даҳҳо фанновариҳоро ба миён оварад. Зиндагии хешро саҳлу содда намояд ва аз он маҷмуи гирифториҳое, ки қаблан дошт раҳоӣ ёбаду сатҳу сифати зиндагонии хешро ба маротиб тағйир диҳад. Имрӯз маърифати илмии олам ва неруи зеҳнӣ ба ҳайси сармояи асосии иқтисодӣ ва миллии кишварҳои мутамадини ҷаҳон гардида садҳо ниҳодҳо ва бунёдҳову сохторҳои илмие таъсис ёфтаанд, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба тарзи ҳамешагӣ машғули пажуҳишу иктишофи илмианд. Ин кишварҳо ҷиҳати боз ҳам истеҳком намудани иқтисоду сиёсати хеш пайваста сармояҳои зиёдеро ба самти илм тахсис медиҳанд то тавонанд фанновариҳои навтару беҳтареро офаранд ва аз ин лиҳоз дар баробари рақобатҳои шадидиди иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир истодагарӣ карда тавонанд. Воқеан, имрӯз илм ва донишҳои илмӣ ба меҳвари пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтаанд. Баръакс кишварҳое, ки дар онҳо илм чандон рушд накарда, онҳо  дастнигар, вобаста ва пур аз мушкиланд. Аксар бошандагони ин кишварҳо мушкили зиёди иҷтимоиву сиёсӣ доранд ва дар фақр, нодорӣ, дармондагӣ, хурофазадагӣ ва таассубияту дастнигарӣ ба сар мебаранд. Мафкураву ҷаҳонбиниашон ҳануз пур аз осори афсонаҳои Асри Миёна аст. Ҳама корашон бе барнома буда, аксаран таваккулӣ мебошанд. Онон то ҳанӯз натавонистаанд, аз имкони инсонии хеш истифода намоянд ва дар пешрафти ҷомеа ва ҳалли мушкилоти он саҳим бошанд. 

Китобҳо