JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:41

Хушкмева ва манфиати он

Муаллиф:

  Истеъмоли хушкмева ба инсон дар тўли ҳазорсолаҳо маълум ва маъмул аст. Ҳанўз дар карни санг, вақте, ки мардҳо ба шикор мерафтанд, занҳо меваҳои аз дарахт афтодаро ҷамъ карда, дар зери нури офтоб хушк мекарданд. Мусофирон дар вақти ба сафар баромаданашон, ҳатман хушкмеваро озуқа мекарданд, зеро меваи хушк дар сафар инсонро сер мекард ва аз касалиҳо эмин нигоҳ медошт. Табибони қадима хушкмеваро ганҷинаи табобатӣ меҳисобиданд.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:40

Чойи кабуд

Муаллиф:

Таърихи чойи кабуд аз Хитой оғоз меёбад. Дертар ба дигар давлатҳои Осиё ва Аврупо паҳн мегардад. Дар кишвари мо ҳам чойи кабуд шўҳрат пайдо кардааст ва нўшокии миллии мо шудааст.

 Чойи кабуд аз кофеин ва полифенолҳо бой аст. Дар таркиби чойи кабуд боз микроэлеметҳои дигар ба монанди каротиноид, токоферол, кислотаи аскорбини (ё ин ки витамини С), хром, марганетс, селен ва тсинк мавҷуд аст. Агар Шумо таъми асили полифенолҳо ва антиоксидантҳои шифобахшро чашидани бошед, пас чойи 2-3 моҳ қабл истеҳсол кардашударо ҷустуҷу намоед.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:38

Равиши тандурустӣ

Муаллиф:

   Инсони муосир дар пешорӯи рушди тезутунди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Дар ин гуна шароит ӯро зарур аст, то ба таври мутадовим ва муттасил бештар фаъол ва нерӯманд бошад. Пайдост, ки қуввати равониву ақлонии инсон ба солимиву тандурустии ӯ бастагие зич ва ногусастанӣ дорад. Талаботи рузафзуни ҳаёт ва беш аз пеш муҳимтар гардидани масоили иқтисодӣ инсонро ба он водор менамояд, то дар дахлу харҷи рӯзгораш дар раванди баҳрабардориву таъмини паҳлӯҳои он, бисер оқилона рафтор намудаву сарфаҷӯй бошад. Зеро дар як чунин шароит, беэътинои ба саломатӣ метавонад, назму авзони хонаводаро ноҷӯр сохтаву мунҷар ба хатар бикунад. Ин дар маҷмӯъ дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар низ таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, тайи нимаи дувуми қарни гузаштаву авоили асри ҳозир таваҷҷӯҳи олимон ва муттахассисон бештар дар самти пешгирӣ аз бемориҳо дар масоили беҳдоштӣ равона шудааст.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:37

Аз равғангирии ҷигар эҳтиёт шавед!

Муаллиф:

   Равғангирии ҷигар дар натиҷаи камҳаракатӣ, реҷаи ғизоии номуносиб, истеъмоли машруб ва мухаддирот, истифода аз фастфуд ба вуҷуд меояд ва рушди афзояндаи падидаи фарбеҳӣ дар дунёст.

   Равған гирифтани ҷигар оризаест, ки ба далели шеваи зиндагии камтаҳаррук, масрафи ғизоҳои равғанӣ, ширин ва серғизо ба вуҷуд меояд ва муҳаққиқон пешбинӣ мекунанд, ки ин ориза то чанд соли оянда ба як таҳдиди ҷиддӣ барои саломатии ҷигар табдил мешавад. Вуҷуди чарбӣ дар ҷигар табиӣ аст, вале замоне ки ин мизон афзоиш ёбад, яъне беш аз 5 то 10 дарсад аз вазни ҷигар ба вуҷуд меояд.

Китобҳо