JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Хирадгароӣ ва хирадандншӣ муҳимтарин шохиси инсонӣ аст, ки онро бар тамоми анвоъи зинда мутамоиз месозад. Он чи дар дарозои замони мавҷуд инсон ҷиҳати рафъи мушкил, бароварда кардани ниёзҳояш офаридааст, онон ба андешаву хирад ҳамбастагӣ доранд. Ба ибораи дигар, агар дигар анвоъи зинда (ҳайвонот дар назар аст) ҷиҳати зинда мондан танҳо ғариза такягоҳи онон бошад, инсонро сабаби мондагорияш андешаву хирад будааст. Қобили зикр аст, табдили  хирадгароӣ ба як раванди иҷтимоӣ дар мароҳили навини тамаддуни башарӣ шакл гирифта, ҷомеаи хирадгароро ба миён овардааст.Ҷомеаи хирадгароро метавон ҷомеаи маданӣ низ номид. Яъне ҷомеаи маданӣ гуруҳе аз мардум аст, ки бо ҳам ваҷҳи муштарак дошта бошанд ва равобити онҳоро ахлоқ, огоҳӣ, доноӣ, зиракӣ, ҳушёрӣ ва маърифати дурусту илмӣ аз воқеияти ҷаҳон ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар ҷомеаи маданӣ кишвари қонунманд таъбир мешавад, ки бунёди онро доноӣ, огоҳӣ ва хирадпешагӣ ташкил медиҳад. Ҷомеаи маданӣ, ҷомеаест, ки афроди он ҳама бо нерӯи инсонии худ боварманд ва низоми он бар асоси қонуну андеша пуё аст. дар чунин навъи ҷомеа бовармандӣ хислати дарунӣ дорад ва ҳар фард дар доштани боварҳои худ озод аст ва ба афроди дигар монеа эҷод намесозад. Бовар кори фард буда, он ҳеҷ гоҳ ба сиёсат, тавсеа ва созандагии кишвар дахолате надорад. Балки бовар имонию дарунӣ аст ва дар сатҳи куллии ҷомеа қонуну хирад нақши ҳассос ва таъйинкунанда доранд. Дар ҷомеаи маданӣ рӯҳониёну уламои динӣ ҳеҷ нақши қонқгузорӣ надошта масъулияту корашон шахсию фардӣ буд ва онҳо ба дурӣ аз қарордодҳои иҷтимоӣ амал мекарданд. Ҳар гоҳ ки руҳониён дар уламои динӣ дар сиёсат ва қонунгузории иҷтимоӣ дахолат намудаанд, ин дахолатҳо муҷиб шудааст, ки даргириҳои таърихии бузургро ба вуҷуд оваранд ва ба хунрезию накбат ва куштори мардум мунҷар гардидааст.

   Файласуфи машҳури Олмон Артур Шопенгауэр дар давоми ҳаёти пурбаракати худ эҷодиёти гаронбаҳое аз хеш боқӣ мондааст. Яке аз асарҳои асосии ӯ бо номи “Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввурот” маълум ва хеле машҳур аст. Ин асари дуҷилдаи ӯ масъалаҳои зиёди мавҷудияти оламро дар бар мегирад.  Ба андешаи мутафаккир, он чи ки файласуфон аз замони антиқа то ба имрӯз муаммои ҳастиро ҷӯстуҷӯ менамуданд ва кашфиёти худро ҳамчун андешаҳои фалсафӣ меҳисобиданд, дар ҳақиқат чунин набуд, “Фалсафа ҳамон аст, ки ман пешниҳод намудаам ва дар ҳақиқат ҷаҳон аз “ирода ва тасаввурот” беш нест”[1]. Аз ин андешаҳои мутафаккир бармеояд, ки дар ҳақиқат оламро ҳамчун амали ирода ва тасаввур эътироф бояд кард. Таъсири ин асар ба адабиёти фалсафии баъдина ба назар мерасад. Беҳуда нест, ки пайдоиши мактабҳои фалсафии “Эгзистенсиализм”, “Персонализм”, “Фалсафаи ҳаёт” ва “Фрейдизм” азандешаҳои Шопенгауэр сарчашма мериганд. Бештари ин мактабҳо андешаҳои калидии худро аз асари “Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввурот” гирифтаанд.

  Одатан маҷмӯи дониш ва тасаввуроти шахсро дар бораи олам ва муносибати инсонро ба он ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ метавонад илмӣ ва метавонад ғайриилмӣ бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ гуфта чунин дидеро оид ба олам медонанд, ки дар он масъалаҳои пайдоиш, тағйирёбӣ ва инкишофи олам ва тамоми раванду ҳодисаҳои табиию  ҷамъиятӣ дар асоси кашфиёти илмӣ шарҳу тавсиф меёбанд. Яъне, ҷаҳонбинии илмӣ дахолати  неруҳои фавқуттабиаро дар раванду ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ истисно менамояд. Хусусияти фарқкунандаи ҷаҳонбинии илмӣ объективӣ будани мундариҷаи он ва тавассути таҷриба собит намудани асосҳои назариявии он мебошад.  Барои ҷомеае, ки пешрафти ҳаматарафа ва таъмини сатҳи хуби зиндагиро барои мардум ҳадафи худ қарор медиҳад, доштани ҷаҳонбинии илмӣ ҳатмӣ ва зарур аст. Зеро бидуни ҷаҳонбинии илмӣ на пешрафти ҷомеаро таъмин намудан мумкин аст, на сатҳи зиндагонии хубро. 

Сешанбе, 28 Июни 2022 08:16

Ваҳдати фикрӣ ва идеалогияи миллӣ

Муаллиф:

Дониш ҷузъи таркибӣ ва масири рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, он маҳсули низоми босамари маориф ва кӯшишу талоши ашхоси хирадманди ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар ҷомеаи донишбунёд мувафаққиятҳо аз неруи дониш сарчашма гирифта, роҳи пешрафту тараққиёт тавассути он муқарар карда мешавад. Талош баҳри умумӣ сохтани донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳи расидан ба музаффарияту озодӣ мебошад. Ҷомеа ба онҳое, ки дониш доранд ва низ ба онҳое, ки аз маърифат дуранд, паҳн мегардад. Дар натиҷа, дониш василаи эҷоди фосила миёни ду қишри ҷомеа мегардад, яке қишри донишмеҳвар ва дигаре аз маърифат дур. Дар баробари пайдоиши ин фосила вазифаи ашхоси хирадманд ва аҳли зиё бо роҳи донишомӯзӣ васл намудани ин ду қишр аст, ки аз лиҳози сатҳи огоҳӣ ва илму хирад аз ҳам фосила гирифтаанд. Яъне ваҳдату иттиҳод бо роҳи ҳидоят сохтани ҷомеа ба сӯи илму маърифат падид меояд. Сатҳи огоҳӣ дар ҷомеа баёнгари сатҳи маърифатнокӣ дар он аст. Гузаштан аз ин, роҳи борику маҳдуд ва ниҳоят боз намудани фазои ҷадид, ки тамоми аҳли ҷомеа бо тавсиаи ҷаҳонбинии илмии худ, ба он роҳ меёбанд, марҳилаи бунёди ҷомеаи идеалӣ ва инсонмеҳвар мебошад. Дар натиҷа нақши илму дониш ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеа вусъат гирифта, бо истифода аз зарфияти зеҳнӣ ваҳдати фикриро ба вуҷуд меоварад. Ҷомеае, ки ҳаёти воқеӣ дар он бар асоси хирад ва муносибатҳо тавассути ченаки дониш муайян карда мешаванд.

  Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба соҳаи маориф ва илм аҳмияти ҷиддӣ зоҳир мегардад, зеро роҳи саодати башар, маҳз, дар доштани илму огоҳӣ аст. Асос ва муҳтавои маорифпарварӣ, ин пеш аз ҳама тарбияи инсони комил ва рушд додани он ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир, башар дарк намуд, ки роҳи пешрафту тараққиёт ва дар баробари ин ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ, танҳо бо доштани илму хирад имкон дорад. Тараққиёти техналогия ва мавқеъ ёфтани шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо дар ҷомеаи мутамаддин тазоди фикриро ба вуҷуд овардааст. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳо ҳамчун абзори мафкурасозӣ ва бо ин роҳ тағийр додани самти фикрронии аҳли ҷомеа, хатари ҷиддие ба ваҳдати миллатҳо эҷод сохтааст. Асоси пойдории ваҳдати миллӣ ин муттаҳидии миллат аст ва асоси муттаҳидии миллат, ин вуҷуд доштани ваҳдати фикрӣ мебошад.

Китобҳо