Яке аз масоиле, ки гоҳ-гоҳе мавриди баҳс қарор мегирад, ин муносибати дин ва ахлоқ будааст. Аксар аз нафарони боварманд гумон меварзанд, асли дин ва ахлоқ якест ва ҳеҷ як ахлоқ бидуни дин вуҷуд дошта наметавонад. Ин динҳоянд, ки таъинкунандаи меъёрҳои ахлоқианд. Агар ба зоҳири масъала таваҷҷуҳ намоӣ, шояд ба онҳо метавон розӣ шуд, ки ахлоқ бо дин ҳамбастагӣ дорад. Аммо гоҳе ба назари таҳқиқ ба масъала таваҷҷуҳ менамоӣ, чунин нест. Дин ва ахлоқ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамабастагӣ доранд вале онҳо комилан як чиз нестанд. Аз лиҳози пайдоиш аксари муҳақиқони улуми иҷтимоиву фарҳангшиносон ахлоқро қадимитар аз динҳо меҳисобанд. Яъне ишон муътақиданд, ки ҳазорон сол, ки ҳанӯз аз динҳо ному нишоне набуд, инсонҳо дорои ахлоқ буданд ва аз меъёрҳои он риоят менамуданд. Дар мароҳили баъдии зиндагии башар ҷиҳати идораи умури иҷтимоӣ ва бартарият нишон додану тасаллут намудан бар тӯдаҳо аз батни ахлоқ динҳо ва ҳуқуқу сиёсат берун омадаанд. Ба фарзи мисол, метавон боварҳоеро ба мисли конфутсиянӣ ва буддоӣ мисол зад, ки асл ва бунёди ахлоқӣ доранд, то бунёди қудсиву илоҳӣ ва ин ақида метавонад нисбатан камтар аз онҳо ба зардуштия низ сидқ дошта бошад.
Таърихи инсоният саршор аз бархӯрдҳост. (Бархӯрд бо табиат, бо ҳайвонот, бо якдигар.) Ин бархӯрдҳо миллиардҳо қурбонӣ дар пай доштаанд. Барои мутобиқ шудан ба шароити кураи Замин ва ҳифзи бақои худ инсоният миллиардҳо ҷонро аз даст додааст. Ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Набард бо вируси “COVID-19” дар ин шабу рӯз аз ҷумлаи ҳамин бархӯрдҳо ва мутобиқшавиҳост. Замоне инсонҳо объекти шикори ҳайвоноти даранда буданд, вале саранҷом худ ба шикорчӣ табдил ёфтанд ва дар бархӯрд бо ҳайвонот баранда шуданд. Бархӯрди инсонҳо бо якдигар низ дар тули таърих ҷони миллиардҳо инсонро рабудааст, ки он сабабҳои гуногун дорад.
Мардуми кишварамон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён дорад. Ин гуна муносибати самимона пеш аз ҳама натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободкорӣ ва беҳтарсозии зиндагии мардум мебошад.
Баъди пошхўрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар интиҳои асри ХХ миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки мардуми кишвар имрӯзҳо 29-солагии ин дастоварди бузурги таърихиро ҳамчун ҷашни муқаддастарини мардумӣ таҷлил мегирад. Истиқлолият волотарин, пурарзиштарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик ва давлату давлатдорӣ мебошад. Истиқлолият ва соҳибдавлатӣ ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.