Тавре маълум, асоси тамоми соҳаҳои муносибати иҷтимоиро равобити иқтисодӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рў пешбурди равобити иқтисодӣ бо Фаронса, ки дорои иқтидори бузурги сармоягузорӣ, технологияи рақамӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи саноатӣ-истеҳсолӣ мебошад, барои кишвари мо аҳамияти махсусро доро аст.
Тоҷикистони азизи мо дар арафаи руйдоди муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Тоҷикистон қарор дорад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоботи навбатӣ рузи 11 октябри 2020 баргузор хоҳад гардид. Дар давоми 29 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин интихоботи панҷуми Президенти кишвар хоҳад буд, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар солҳои сипаришуда ҳамватанони мо таҳти сарварии Пешвои миллат бо заҳмати шабонарузии худ Истиқлоли Ватанро таҳким дода, мақоми ҷумҳуриамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Дар эъмор ва таҳкими аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон нақши калидӣ бешубҳа ба Роҳбари мамлакати мо тааллуқ дорад. Дар 29 соли даврони Истиқлол миллати тоҷик ҳам лаҳзаҳои мудҳиш ва ҳам руйдодҳои фараҳбахшро паси сар кард. Ҳам дар ғаму ҳам дар шодии миллат Роҳбари давлат дар паҳлуи ҳамватанони худ дар Тоҷикистон буданд. Дар лаҳзае, ки бархе аз ҳамватанони динзада ва мутаассиб аз маҳфуз доштани давлати миллӣ даст кашида, ба эъмори давлати исломӣ иқдом намуданд, Пешвои миллат ҷабҳаи посдорони истиқлоли давлатии тоҷиконро сарварӣ карданд ва бар зидди душманони миллати тоҷик муборизаи беамон бурданд.
Дар бораи Монтескё Огюст Конт[1] (1798-1857) солҳои баъд чунин навишт: “...Пас аз Монтескё, танҳо пешрафте, ки ҷомеашиносӣ то замони мо ба худ дида аст, асари фаромӯшнашудании Кондорсе (Condorcet) (1743-1794)[2] мебошад...” Манзур китоби: “Тарҳе аз тасвири таърихи пешрафтҳои рӯҳи инсонӣ” аст, ки дар зиндон таълиф шуда аст: Esquisse d,un tableau historique des progre,s de L, esprit humain.
Дар сад соли охир ҷиҳати тавсеаи манофеи сиёсиву иқтисодии хеш иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои мусалмоннишини шарқӣ бозии бовару эътиқодро ба роҳ монда, онҳоро дар ҳолати бархӯрд, нодонӣ ва хурофазадагиву вопасгароӣ нигоҳ медоранд. Ин кишварҳо бо сенария ва намоишномаҳои сиёсиашон исбот кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ ҳолат, ба манфиати давлатҳои миллӣ ва низомҳои дунявии Шарқ мутамоил нестанд ва барои шикастан ва дақиқтараш, решакан кардани рӯҳияи миллӣ, илмоният ва дунёмадорӣ аз ҳар василае, махсусан, омили дин ва мазҳаб корбаст менамоянд.