JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, ба масъалаи аз худ намудани донишҳои замонавӣ, пурзӯр кардани таълими фанҳои табиатшиносӣ бештар таваҷҷуҳ карда шуд. Ин буд, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат­шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид. Вобаста ба ин, тибқи нақша, ҳар сол гузаронидани олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаи таҳсилот дар назар аст. Биноан, дар зер мехоҳем перомуни ба вуҷуд омадан ва дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ дар дунё ва кишвар маълумоти мухтасар пешниҳод намоем.

  Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. Истиқлолият барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддие гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ монеаҳои зиёде эҷод кард.

  Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Инсони андешаманд дар раванди устувор кардани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносист. Ҳанӯз К. Маркс гуфта буд, ки «худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист».

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи  дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Рози донишро ба  ҳар гуна забон.

  Баробари ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мекӯшад, то таърихи қадима ва ҳунарҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Иқдомҳои ғамхорона ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибҳунарону ҳунармандон боиси он гардид, ки дар кишварамон ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбад ва мароқи бештари аҳолии маҳаллии кишвар ба ин навъи фаъолият таваҷҷуҳ ва ҷалб карда шаванд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 яке аз чунин ибтикор аст.

Китобҳо