(чанд мулоҳизаи куллӣ)
Муқаддима
Инсоният аз лаҳзаҳои нахустини шинохти хеш ва мусаллат шудан бар огоҳиҳои муқаддамотӣ, бо ин ё он роҳ мехостааст эҳсос, орзуву омол ва бинишу фаҳмиши худро дар робита бо зиндагӣ ва муҳити иҷтимоӣ баён созад. Зиндагӣ ҳатто дар бомдоди фарҳанги башарӣ барои инсон муқаддам ва муқаддас будааст. Бар ин мабно, башар дар тӯли таърих бардошту эҳсосоти худро аз зиндагӣ бо василаҳои гуногуни ҳунарӣ -- ба воситаи афсона, ривоят, ҳикоя, масал, шеър, тарона, рӯбоӣ, мусиқӣ, театр, кино, наққошӣ, фалсафа, дин, ирфон, адабиёт ва амсоли инҳо ифода намудааст ва то имрӯз ин ҷараён ҳамчунон идома дорад. Дар ин замина, адабиёт ба сифати шакли шуури ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ, як шеваи муассири фарҳангофарӣ беҳтарин бозгӯкунандаи эҳсосоту авотиф, орзуву омол ва андешаву фикрати инсоният дар таърихи ҳастии башарият ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки адабиёт дар партави фарҳанг бо ҷомеа наздик мешавад ва ҳамчун унсури фарҳангофарӣ ва ҳувиятсозӣ доман мегустурад.
Рӯзи кимиёгарон –иди касбӣ барои кормандони соҳаи кимиё ва саноати кимиёвӣ, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма гирифта, дар якшанбеи охирини моҳи май ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, кулли кормандони соҳаи кимиё ҳар сол ин рӯзро ҳамчун иди касбии худ таҷлил намуда, ин санаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Мақолаи мазкур ба масъалаи сиёсати давлатии забон ва хосан, таҷдиди назар ва ё эҳёи намудани топонимҳои таърихии мантақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки дар он муаллифон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва забоншиносии ин номвожаҳои ҷуғрофии маҳалҳоро мавриди таҳқиқ ва баррасии ҳамаҷониба қарор додаанд.
Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимми давлат ва давлатдорӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ба рушду инкишоф ва таҳкими ҳамаҷонибаи он дар тамоми сохторҳои идораи давлатӣ ва ғайридавлатии мамлакат бояд аҳамияти махсус зоҳир карда шавад. Забони миллии тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун забони расмӣ – коргузорӣ ва давлатдорӣ пас аз қабули Қонуни забон амалӣ гардид.
Шароит ва заминаҳои пайдоиши адабиёти муқоисавӣ дар Миср. Миср дар миёни кишварҳои арабӣ ҳамчун Сурия, Марокаш, Лубнон, Кувайт ва Баҳрайн собиқаи бештар ва густардатаре дар адабиёти муқоисавӣ дорад. Бинобар ин метавон бо баррасӣ ва таҳлили адабиёти муқоисавӣ дар Миср ба унвони меҳвар ва маркази кишварҳои арабӣ ба нигарише куллӣ дар бораи адабиёти муқоисавӣ дар донишгоҳҳои араб даст ёфт.
Тағйир ва таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Миср заминаҳои пайдоиши тафаккури ҷадидро фароҳам кард. Фиристодани ҳайатҳои илмӣ ба Аврупо иртиботи Мисрро бо ҷаҳони ғарб зиёд намуд. Нахустин ҳайати илмӣ дар замони ҳукумати Муҳаммад Алӣ Пошо ба Аврупо фиристода шуд.