Дар мақола заминаҳо ва омилҳои пайдоиш ва густариши ифротгароии мазҳабӣ, махсусан салафӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Муайян шудааст, ки ба пайдоиш ва паҳншавии ҳаракату равияҳои ифротӣ ва ба сафи онҳо пайвастани ҷавонон на танҳо омилҳои эътиқодию маънавӣ, балки мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва психологии ҷомеа низ мусоидат менамоянд. Ифротгароии салафӣ дар ибтидо моҳияти аслии худро ошкор насозад ҳам, хатараш ба муҳити динӣ, иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва ҳамчунин суботи ҷомеа на камтар аз ҳар гуна ҳаракатҳои характери сиёсидоштаи ифротӣ мебошад. Он унсурҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллиро, ки дар ташаккулёбии зеҳнияти мазҳабии мардуми мо нақш ва ҷойгоҳ доранд, рад намуда, зеҳнияти мазҳабиро ба арзишҳои миллию давлатӣ муқобил мегузорад. Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирӣ намудани густариши ин равияҳои номатлуб омӯхтан ва дастҷамъона ҳал намудани ҳамаи ин омилу масоили мавҷуда барои ҷомеаи муосири мо аҳамияти хоса дорад.
Босуръат паҳн шудани интернет ва зиёдшавии шумораи истифода-барандагони он ба пайдо шудани шаклҳои электронии нашрияҳо мусоидат намуд, ки кори дастрасии иттилоотӣ ва фаврияти паҳншавии онро осон гардонид. Чопи маводи илмӣ ва маҷаллаҳои тақризшаванда низ аз ин раванд берун намонда, ҷузъи рушди босуръати маводи электронӣ гаштаанд. Дар ин замина таҳқиқи маводи электронии илмии интернетӣ низ дарҳол пас аз рӯи кор омаданаш шурӯъ гардид ва имрӯз муҳиққиқони зиёд дар ин самт кор мебаранд [1,2,3,4].
Кишварҳое ҳастанд, ки мушкили ташнобро доранд. Чин низ бо мушкили ташноб рӯ ба рӯ буд, аммо ба шарофати саъйю кӯшишҳои ҳукумат миқдор, тозагӣ ва бароҳат будани ташнобҳои ҷамъиятӣ хеле беҳтар гардид.
Дар Ҳиндустон ҳамчунин мушкили ташнобҳо вуҷуд дошт. Вале дар фарқият аз Чин мушкили Ҳиндустон сарфи назар аз тамоми кӯшишҳо идома дорад, чунки ба ақидаи баъзеҳо ин масъала метавонад бо фарҳанг вобастагӣ дошта бошад. Бо гузашти зиёда аз ним аср баъди ба даст овардани истиқлолият беш аз ними ҳиндуҳо ба ташноб дастрасӣ надоранд ва зери осмони кушод қазои ҳоҷат мекунанд.
Яке аз деҳаҳои овозадори минтақаи Истаравшан, ки дар ҳудуди ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ва дар соҳили руди Басмандасой қарор дорад, деҳаи Басманда мебошад. Ин деҳа таърихи бостонии бемисли пайдоиш ва рушд дорад.
Ҷиҳати хоси таърихии деҳа дар он аст, ки он сараввал чун амнгоҳ ва бошишгоҳи тобистонаи ҳокимони Истаравшани бостон арзи ҳастӣ намудааст. Боду ҳавои дилписанд ва амнияти устувори деҳа ба кисмате аз боломақомони Истаравшан писанд меояд ва онҳо ин мавзеъро барои зисти доимӣ макон қарор медиҳанд.