JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Июли 2017 05:14

Оянданигарии фалсафӣ дар нигоҳи Фридрих Нитше

Муаллиф:
Вернер Штегмайер Вернер Штегмайер

 Вернер Штегмайер

 профессори Донишгоҳи Грайфсвалд (Олмон)

                  

ОЯНДАНИГАРИИ[1] ФАЛСАФӢ ДАР НИГОҲИ ФРИДРИХ НИТШЕ

 

Оянданигарӣ чист?

1.  Таърифи Оянданигарӣ:  Мо ҳамеша ба оянданигарӣ ниёз дорем. Дар ҳар як вазъияти нав оянданигарӣ ҳатмӣ мебошад. Оянданигарӣ ин қобилияти дар вазъияти нав худро дуруст дарёфтан мебошад, то ки имкониятҳои амалнамоӣ пиёда гарданд ва бад-ин васила вазъият зери идора қарор гирад.[2] Мавҷудоти зинда наметавонанд, ки бидуни қобилияти оянданигарӣ ба ҳаёти худ идома диҳанд.

2.  Асолатнокии Оянданигарӣ: Оянданигарӣ ҳамеша ин қадами аввал мебошад. Он пештар аз ҳама гуна амал ва андеша қарор дорад ва ҳама гуна амалу андеша аз як тасмимгирии пешакӣ вобаста мебошанд.

3.  Ба худ марбут будани Оянданигарӣ:  Дар як вақт аллакай оянданигарӣ карда шудааст.  Ҳар як Оянданигарии нав аз Оянданигарии пешина вобастагӣ дорад ва дар алоқамандӣ бо он арзи ҳастӣ мекунад. Оянданигарӣ ҳамеша як азнавоянданигарӣ намудан мебошад.  Дар фаҳмиши имрӯза он муртабит ба худ мебошад.

4.  Замоният ва таҳаввули Оянданигарӣ: То он ҷое, ки Оянданигарӣ бо вазъият ва шароитҳои нав  алоқамандӣ дорад, он бо масъалаи замон алоқамандӣ дорад. Замон, барои Оянданигарӣ чунин маънӣ дорад, ки ҳама чизро метавон ҳамеша мавриди дигаргунӣ қарор дод. Чун бисёр чизҳо ҷовидона дигар ҳастанд, пас онҳо бояд худро аз ҷиҳати оянданигарӣ низ ҳамеша дигаргуна созанд. Ба хотири он ки онҳо тавонанд вазифаи худро иҷро намоянд, бояд бо табиати замон мувофиқат намоянд ва он ҷо ки зарур аст, бояд пайваста ба худ тағйири шакл диҳанд. Ҳамон гуна ки дар бунёди ҳама чиз таҳаввул қарор дорад.

5.  Зиддиятнокии Оянданигарӣ: Ҳамон гуна, ки идроки замон барои ҳамеша пуртаноқуз аст (ба ақидаи Арасту он ҳамеша як чиз, аммо дар айни ҳол чизи дигар аст), оянданигарӣ низ дар замонмандии худ зиддиятро ба вуҷуд меоварад. Вақте кас мехохад оянданигариро дарк намояд, набояд зиддиятнокиро ҳамчун инзивосозии андеша, балки онро бояд ҳамчун воситаи он қабул намояд.[3] Оянданигарии рӯзмарра бо зиддиятнокиҳо ба осонӣ канор меояд, андешаи илмии бо гуфтор мутааллиқгардида бошад, бо зиддиятнокӣ бо мушкилӣ канор меояд. Аммо андешаи илмӣ низ ба оянданигарии рӯзмарра такя мекунад.[4] Ҳамин тавр, як азнавоянданигарӣ дар андешаи андеша зарурӣ мебошад.

6.  Адами итминон дар оянданигарӣ: Оянданигариҳои рӯзмарра ҳамеша зери фишори замон мебошанд, он фишоре, ки дар ҳар як вазъият бояд сареъ амал намуд, то ки таслими он фишор нагардид. Дар зери фишори замон як вазъият на бо итминони мутлақ, балки бо итминони муваққатӣ аз худ карда мешавад. Ҳамин гуна оянданигарӣ ҳамеша бо адами итминон ва ё шубҳанокӣ низ алоқамандӣ дорад: он мавқеиятҳои то ҳол бадастнаомада метавонанд роҳро ба як оянданигарии тоза ҳамвор созанд. Бо хотири он ки оянданигарии рӯзмарра ба даст ояд, бояд фалсафа худро ба ҷойи боварӣ ҷойгузини адами итминон ва ё шубҳа намояд.

7.  Возеҳияти оянданигарӣ: Бовариҳои қаблина барои даст ба амал задан кифоят менамоянд. То он ҷое, ки онҳо дар амал собит, возеҳ ва қобили қабул мегарданд. Қобили қабул гуфта он чизеро мефаҳманд, ки як чиз худ аз худ ва бидуни саволгузорӣ ва асосноккунии иловагӣ пазируфта шавад. Ҳамаи саволҳо барои асоснокгардонӣ дар чизҳои қобили қабул ба анҷом мерасанд ва ҳамаи асосноккуниҳои  гуфторӣ маҳз аз он сар мезананд. Оянданигариҳои фалсафӣ низ ниҳоятан дар асоси возеҳиятҳо ба вуҷуд меоянд.

2.  Чаро ҳоло як оянданигарии фалсафӣ зарурат дорад?

1. Мавқеиятнокии фалсафа: Фалсафа бо даъвии илмӣ исрор дорад, ки дигар ҳеҷ гуна ҳақиқат ва ё арзиши мутлақ вуҷуд надорад. Фалсафа бояд суол намояд, ки он чӣ гуна ба ин мавқеият ва ё оянданигарии фалсафӣ расидааст. Ҷавоб ба инро фақат фалсафаи оянданигарӣ дода метавонад. Сухан сари он меравад, ки ҳар як оянданигарӣ аз як нуқтаи назар оғоз мегардад ва ҳамин тавр, ҳар як оянданигарии фалсафӣ низ. Нуқтаи назарҳои фалсафӣ ин шабакаҳо ё бофтаҳое аз возеҳиятҳо мебошанд.

2. Фарҳангияти фалсафа. Аз замони Монтескиё ва Ҳердер маълум гардидааст, ки фарҳангҳои гуногун аз возеҳиятҳои гуногуне пайравӣ менамоянд. Фалсафа имрӯз бештар ба як амали байнифарҳангӣ машғул аст,[5] фарҳангҳои дигар низ оянданигариҳои фалсафии дигарро омода менамоянд. Як оянданигарии фалсафӣ оянданигариҳои фарҳангиро бо ҳам меоварад ва онҳоро дар алоқамандӣ қарор медиҳад.

3.  Худ аз худ фаҳмоияти мафҳуми оянданигарӣ: Фарҳанг он чизест, ки дар замони худ худкифо ва худ аз худ фаҳмо гардидааст.[6] Дар навбати худ, мафҳуми оянданигарӣ низ худ аз худ фаҳмо мебошад. Дар ин байн ин мафҳум зуд-зуд бидуни он ки худи онро асос қарор диҳанд, барои муайян намудани дигар мафҳумҳо ва мавқеиятҳои фалсафӣ истифода мегардад. Агар ин як вазифаи фалсафа бошад, ки чизҳои маълум ва фаҳморо дар асоси возеҳияти онҳо мавриди суол қарор диҳад, пас як оянданигарии фалсафӣ ҳатмӣ мебошад.

4. Хусусияти истиоравии мафҳумият дар оянданигарӣ: «Оянданигарӣ ё худ Ориентатсия» як истиораи ҷуғрофӣ мебошад. Маънии он чунин аст: «чизеро ба он ҷо, ки офтоб мебарояд, рост кардан» (калимаи лотинии орири (oriri)).  Ҳадаф аз он чиз калисоҳо ва харитаҳо буданд ва дар ин байн дигар аксари калисоҳо ва тамоми харитаҳо ба сӯйи шарқ самти худро равона намекунанд. Аммо истиораи «ориентатсия» аз он ба баъд боқӣ мондааст. Он низ дигар тавассути мафҳумҳои ғайриистиоравӣ ҷойгузин нагардидааст. Аз ин лиҳоз, он як истиораи мутлақ мебошад.[7] Чунин истиораҳои мутлақ ҳамчунин мафҳумҳое аз қабили «нуқтаи назар», «уфуқ», «перспектива», «нуқтаи такягоҳ» ё «макони озод», ки барои таърифи оянданигарӣ истифода мешавад. Аз ин ҷо мафҳуми мафҳум худ бояд аз нав муайян карда шавад.

5.  Мафҳуми мафҳум дар як оянданигарии фалсафӣ:  Мафҳуми фалсафаи анъанавии мафҳум дар гуфтор оянданигарӣ мегирад. Он бояд аз рӯйи имкон муайян карда шавад, ки дар худ чиро ифода менамояд. Баръакси он, оянданигарӣ аз ҷиҳати сохторӣ фазои холиро барои дар бар гирифтан муҳайё месозад. Таваҷҷуҳ ба як чиз ё касе равона карда мешавад, ба сӯйи ӯ, бидуни он ки ба сӯйи он тамоиле вуҷуд дошта бошад, самтгирӣ ва мушоҳида карда мешавад ва ё онро ҳамчун нуқтаи такягоҳ, ки аз он худро дар фосила нигоҳ медорад ва бардоштҳо ҳифз карда мешаванд. Ҳамин тавр, мушоҳида мегардад, ки ҳар як вазъият, ки дар он ва бар рӯйи он самтгирӣ карда мешавад, дигаргуна мебошад. Ин фарқиятҳо бояд бо мафҳумҳое мувофиқат намоянд, ки тавассути онҳо самтнигарӣ карда мешаванд. Мафҳуми мафҳум дар фалсафаи оянданигарӣ ин истифодаи мафҳумҳо дар фазои озод мебошад.

6. Мафҳуми озодӣ дар оянданигарии фалсафӣ: Як фалсафаи оянданигарӣ бояд ҳамчунин дар андеша ва амал ва пешбинии як давлати қонунии дорои зиндагии якҷоя бошад, на як тарҳрезии метафизикӣ ва трансденталӣ. Фалсафаи оянданигарӣ бояд ҳамчун озодии фазои озод фаҳмида шавад. Ҳадафи мо аз фазои озод ин сарҳадҳои муназзами муносибатҳои номуназзам мебошад.[8] Ҳамчун шаҳрванди як давлати ҳуқуқӣ инсон дар ҳудуди қонунҳои ҳуқуқӣ, ҳамчун мавҷуди ахлоқӣ инсон дар ҳудуди арзиш ва нормаҳои ахлоқӣ ва ҳамчун мутафаккир инсон дар ҳудуди стандартҳои мантиқӣ ва фаннӣ озод аст. Дар оянданигарӣ ҳамон андоза озодӣ вуҷуд дорад, ки дар фазои озод вуҷуд дорад, бидуни он ки озодиҳоро ба як озодӣ табдил диҳанд, ки дар ин маврид озодӣ ба як фаҳмиши метафизикӣ ва трансденталии фаросӯйи оянданигарӣ табдил мегардад.

7.  Мафҳуми ҳақиқат дар оянданигарии фалсафӣ: Ҳақиқат низ ҳамвора ҳақиқат дар як оянданигарӣ, аз нуқтаи назари як оянданигарӣ, дар уфуқи як оянданигарӣ ва дар иртибот бо перспективаи он мебошад. Як чиз танҳо то он замон ҳамчун ҳақ мавриди қабул аст, ки чизе дар муқобили он қарор нагирад ва бо он зиддият наварзад. Ҳақиқат низ дорои намудҳои гуногун мебошад, то вақте ки онро ба як ҳақиқати мутлақ маҳкум намекунанд. Як ҳақиқат аз дигар ҳақиқатҳо дар оянданигарии онҳо ҷудо карда мешавад ва ҳамин тавр, умумӣ мегардад. Ҳақиқатҳо ҳамеша барои нафарони алоҳида ҳастанд. Ҳамеша ин имкон вуҷуд дорад, ки ба ҷонибдорӣ ва ё бар зидди онҳо қазоват намоем.

3. Оянданигарии фалсафӣ бо чӣ оғоз меёбад?

1.  Рене Декарт: Декарт бо тамоми огоҳӣ кӯшидааст, ки ба фалсафа ояндаи нав диҳад. Дар ин маврид ӯ корро аз вазъиятҳои парадигматикии адами оянданигарӣ оғоз кардааст. Масалан, дар асари «Дискурси метод» аз роҳгумзадае дар ҷангал, ки равиши роҳи наҷотро ҷустуҷӯ мекард ва дар «Медитатсияҳо» бошад, аз нафари дар гирдоб ғарқшавандае сухан мегӯяд, ки дар такя бар қувваи худ такягоҳеро бояд пайдо намояд.[9] Декарт ақлро танҳо дар иртибот бо худ баррасӣ мекунад, ки дар он ҳамаи Боварӣ ва Ҳақиқат бояд андозагирӣ гардад.

2. Блайзе Паскал: Паскал вазъияти бунёдии инсони «раҳгумзада»-ро ҳамчун бетакягоҳ дар байни «нотамомии дугона»-и ҷаҳони бузурги беохир ва ҷаҳони хурди беохир қаламдод кардааст: «Мо аз як маркази васеъ ронда мешавем, ҳамеша бо адами итминон ва калобандагӣ, аз як анҷом ба дигариаш бармехӯрем. Ҳар як нуқтаи сарҳадӣ, ки умеди мо бар такя задан ва қарор гирифтан бар он аст, алвонҷ мехӯрад ва худро аз мо дур мегирад ва, вақте ки мо онро дунболагирӣ мекунем, аз кӯшишҳои бадастдарории мо фирор менамояд, моро фиреб медиҳад ва ба гурези ҷовидонагии худ идома медиҳад. Танҳо нестӣ дар ихтиёри мо қарор мегирад».[10] Дар зери бори як номуайянии амиқ  ниёз ба боварӣ ва такягоҳ ба оянданигарӣ танҳо онгуна иҷро карда мешавад, ки дар номуайянӣ такягоҳ пайдо намудан коркард карда шавад.

3.  Мусо Менделсон: Равшангари маъруфи яҳудӣ Менделсон аз ҷониби масеҳии даъвогар Фридрих Ҳайнрих Якоби пеш аз алтернативаи масеҳият дар байни ақл ва имон гузошта мешавад. Менделсон худро аз таъсири он мераҳонад, чун ӯ мафҳуми ҷуғрофии худоянданигарӣ карданро ба тариқи истиоравӣ дар фалсафа қабул менамояд. Дар фалсафа дар назди чунин қазоват қарор мегирад, аз як тараф, самти ақли спекулативӣ ҷониби зеҳни солими инсон равона мегардад ва, аз дигар тараф, зеҳни солими инсон тавассути ақли спекулативӣ ислоҳ карда мешавад. Дар ҳар ду маврид низ андеша самти худро бидуни итминони ниҳоӣ ба худии худ равона месозад.

4.  Иммануел Кант: Кант дар бахши «Дар андеша оянданигарӣ кардан чӣ маънӣ дорад?» мафҳуми худоянданигариро истифода намудааст, аммо ин шеваи истифодаи худро дар «Нақди хиради ноб» ислоҳ ва онро танҳо дар доираи нақди ақли амалӣ маҳдуд намудааст. Ақл набояд ба зеҳни солими инсон, ки дорои маҳакҳои кофӣ нест, руҷӯъ намояд, балки танҳо тавассути худ худро маҳдуд созад. Ба ҷойи он бояд ҳамчун бидуни шарт ва дар ин маврид ҳамчун озод фаҳмида шавад. Ҳамчун бидуни ҳеҷ гуна қайду шарт он аз ҷиҳати назарӣ табиатро аз банди ҳама гуна шароитҳо раҳо месозад, аммо аз ҷиҳати амалӣ он бояд зери таъсири ин гуна шароитҳо таъсир расонад.   Он наметавонад ҳатто як маротиба фарқияти чап ва рост, оғози ҳама гуна оянданигариҳои макониро аз мавқеияти марбута муайян намояд ва аз ҷаҳони таҷрибӣ ҳеҷ вақт наметавонад дониши объективӣ ба даст оварад. Ин «нуқс» онро водор ба ниёз ба оянданигарӣ мекунад. Ақли муҳтоҷ барои оянданигарии амали ахлоқӣ «қутбнамо»-и императиви категориявӣ ва «ақлонияти холис»-ро барои як худои одил доро мебошад. Дар ин ҷо «ниёз ба мулоҳиза» қарор дорад. Кант шартҳои оянданигариро дар амали воқеӣ ба тариқи густурда озод гузоштааст.

 

4. Ба чӣ васила Нитше як оянданигарии фалсафиро пиёда сохтааст?

1. Фардигардонии ақл: Ҳангоми шарҳдиҳии ақле, ки ба умум тааллуқ дорад ва ақле, ки марбут  ба худ аст, Кант ақлро ба хусусӣ ва «ақли бегона» тақсим менамояд.[11] Он чизе ки ба дигарон возеҳ ва равшан аст, набояд барои ман низ аллакай равшан бошад. Ман метавонам ба худ возеҳияти онҳо, аммо танҳо дар асоси ақли худ ва возеҳияти он возеҳ гардонам.[12] Нитше барои худ ҳадаф гузоштааст, ки маҳз аз ақли фардӣ назари худро оғоз намояд. Ӯ он ақлеро, ки Кант дар назар дошт, ҳамчун «ақли кучак» шинохтааст, ки «восита ва бозича»-и «ақли бузург», яъне ҷисми инсон мебошад ва тавассути ҷисм он таъсир мепазирад, аммо аз сабаби мураккабии худ он наметавонад ба пуррагӣ фаҳмида гардад.[13]Дар оянданигарии худ он аз ғайриқобили фаҳмбудагии худ вобаста мебошад.

2.  Феноменализм ва Перспективизм:  Нитше аз мафҳуми оянданигарӣ дурӣ гирифтааст.[14] Аммо ӯ фалсафаи худро «феноменализми махсуси преспективизм» номидааст.[15] Пас аз он ҳамаи он чизе, ки дар худ зуҳур мекунад, падидор дар перспективаи фардӣ ва оянданигарии фардӣ мебошад. Баръакси Протагор, Спиноза, Лейбнитс ва Кант, ки дар падидоршиносӣ ва перспективизми онҳо ӯ сарчашмаи ақидаи худро мебинад, Нитше дақиқан ба ҷанбаи фардии перспективизм ва ҳамчунин идроки падидорҳо мутамарказ мегардад.[16]

3.  Таҷрибаи шубҳа: Нитше ба файласуфон тавсия медиҳад, ки шубҳаро на ҳамчун як чизе, ки аз он гурез нест, қабул намоянд, балки онро ҳадафмандона дунболагирӣ намоянд, то ин ки ба оянданигарии худ уфуқҳои навро боз намоянд ва дар он худро озмоиш гузаронанд, ки ба чӣ қадар шубҳа ва адами итминон тоб овардаанд. Файласуфон бояд худро ба «баҳри озод» бубахшанд ва «ба баҳрҳои нав» қадам ниҳанд. Дар «хушҳолӣ дар Х» , яъне чизи номаълум метавонанд онҳо «як саодати нав»-ро пайдо намоянд. Вазифаи шинохти фалсафӣ на ба мисли ҳаёти рӯзмарра ва илм ошно гардонидани чизи ношинохта, балки танҳо дунболи чизҳои ноошно гардидан мебошад.[17]

4.  Ҳамчун бофтаҳои возеҳияти худ бегонатарин метавонад худро ҳамчун маълум ва худ аз худ фаҳмои ба чашм намоён пешниҳод намояд.[18] Онҳо аз «зарурат», «эҳтиёҷ» ва «дард» сарчашма мегиранд ва файласуфон дар ин мавридҳо худро пинҳон менамоянд, то ки ба забони оммафаҳм сухан гуфта тавонанд. Возеҳияти афкори файласуфон на мантиқан, аз эҳтиёҷоти онҳо сарчашма мегирад, балки инҳо ҳадсзаниҳое мебошанд, ки ҷанбаи психологӣ доранд. Ҳамчун дарёфтнамоӣ эҳтиёҷи психология «аз ин пас боз ҳам роҳ ба сӯйи проблемаҳои бунёдӣ» мебошад.[19]

5.  Андешаи худкифои бидуни Субъект: Эҳтиёҷоти эвристикии ёбандаи як фалсафаи феноменологӣ ва перспективистӣ ва ё оянданигарие, ки фақат аз худашон зуҳур мекунанд. Дар як вақт онҳо монеъ мегарданд, ки ин эҳтиёҷҳоро ба тариқи трансенденталӣ ба ихтиёри субъекти бидуни эҳтиёҷ вогузоранд. Нитше ба метафизикаи субъект, ки аз трансформатсияи интиқодии Кант дар фалсафаи трансенденталӣ сарчашма мегирад, зарбаи ҷонкоҳ задааст. Худии як оянданигарӣ ин, яъне як оянданигарӣ танҳо бо возеҳияти худ мебошад.[20]

6. Андешаи таҳаввулпазир: Нитше андешаро ҳамчун «аппарати соддагардонӣ» қабул кардааст, ки воқеиятҳои мураккаби ғайриқобили тавсифро дар асоси эҳтёҷоти дарозмуддат ва ҳаяҷонҳои кӯтоҳмуддаташ ҷобаҷо мекунад. Пеш аз оне, ки дар огоҳӣ пайдо шаванд, андешаҳо худ худашонро меофаранд ва аз он ҷо ба тариқи эволютсионӣ дар як раванди мураккаби Иродаи қудрат зоҳир мегарданд.[21] Ҳамин тавр, ҳамаи мафҳумҳо хусусияти муваққатиро касб мекунанд, ҳақиқат аз чизе ин рӯйиҳамафтии равандҳои зиёд ё ками дар бунёд рухдиҳанда, кам ва ё беш аз ҳамдигар вобастабуда ва дар он раванди чирагии ҳамешагӣ ба вуқӯъ мепайвандад. [22]

7. Таноқузот ҳамчун воситаи андеша: Барои он ки фалсафарониро аз банди догмагардӣ озод нигаҳ дорад, Нитше ҳадафмандона фалсафаи худ ва бегонаро ба тавталогия ва таноқузот ҳидоят менамояд. Намунаҳо шарҳдиҳии трансенденталии Кант мебошад («Чӣ гуна қазовати синтетикӣ ҳамчун априорӣ имконпазир мебошад? Суол мекунад Кант аз худ, - ва аслан, ӯ чӣ ҷавоб медиҳад? Тавони як тавоноӣ») ва истифодаи мафҳуми Ирода аз ҷониби худи ӯ мебошад («Умумӣ – ботинӣ / 1. -ҳама чиз ирода муқобили ирода мебошад / 2. Дар асл, ҳеҷ гуна иродае вуҷуд надорад»).[23]

8.  Хусусияти истиоравии мафҳум: Он гуна ки навиштаи нашрнашуда ва барвақтии Нише бо номи «Дар бораи ҳақиқат ва дурӯғ дар маънии фаротар аз ахлоқии он» собит мегардонад, нишон медиҳад, ӯ ҳанӯз аз оғоз аз ҷанбаи истиоравии мафҳум ҷонибдорӣ намудааст. Вобаста ба он, истиораҳо ва маънии онҳо ҳамеша тағйирпазир боқӣ мемонанд, онҳо на он чизе ҳастанд, ки дертар аз ҷониби мафҳумҳо сохта мешаванд, балки  баръакс, мафҳумҳо бо мурури вақт истиораҳои шахшудамонда мебошанд.

9.  Умумигардонии забонии таҷриба ва андеша: Забонҳо низ ба андозаи эҳтиёҷоти худ инкишоф меёбанд, бахусус онеро, ки дар ҳолати зарурат сареъ ва осон метавон фаҳмид. Онҳо як фаҳмиши умумии «ҷаҳони сатҳӣ  ва аломатҳо», як ҷаҳони умумӣ ва нишонаҳоро меофаранд, ки дар гуфтори онҳо таҷриба ва андешаи фардӣ барҳам мехӯрад, зеро танҳо тавассути он  ҷаҳони умумӣ ва нишонаи барои ҳама фаҳмо метавон вуҷуд дошта бошад.[24]

10.  Умумифаҳмии ахлоқии андеша ва амал: Забонҳо дар фаҳмиши сареъи худ дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамеша ахлоқро низ дар бар гирифтаанд. Онҳо аз бунёд андеша ва амалро ахлоқӣ мегардонанд ва бо ҳам созиш медиҳанд. Бунёди ҳама гуна андеша на қонунҳои мантиқӣ, балки возеҳияти ахлоқӣ мебошад. Асоси ахлоқи масеҳӣ-европоиро зиддияти як худи аз худӣ орӣ ва як субъекте, ки дар андеша ва амали худ ҳамеша бояд аз худ чашм пӯшад, ташкил медиҳад. Барои он ки ин зиддият ошкор гардад, Нитше фитнаангезона ба худии аз худӣ орӣ он худиеро, ки табиатан, аз худ нигарон ва худхоҳу худпараст мебошад, муқобил мегузорад. [25]

11. Оянданигарии ахлоқӣ ба «Шӯру ҳаяҷони фосила»: Интизории Нитше аз «талаботи ҳамешагӣ ба як вусъатпайдокунии фосила дар маҳдудаи як равон» ва аз «офаридани ҳолатҳои ҳамеша болотар, махсустар, дуртар, беҳад кунҷковтар ва ҷомеътар» ин «боло бурдани навъи инсон» ва «чирагии пайвастаи инсон бар худ» буд, то ин ки як мавҷуди ахлоқӣ дар маънии фаротаразахлоқӣ фаҳмида гардад.[26] Дар таноқузи мафҳуми  ғайримафҳумии ҳаяҷон аз фосила Нитше ҷудогардии оянданигариҳоро дар оянданигариҳои онҳо аз нуқтаи назарҳои мавҷуда мефаҳмид.[27]

12. Соҳибихтиёрии оянданигарӣ: Ба ақидаи Нитше, фардҳо дар оянданигариҳои худ аз ҷиҳати амалӣ ва ахлоқӣ соҳибихтиёр мебошанд, вақте ки онҳо сахт ба худ такя менамоянд[28] дар асоси фаҳмиш ва масъулияти худ ҳадафҳои худро дунболагирӣ мекунанд ва ҳамин гуна аз нуқтаи назари прагматикӣ ва ахлоқӣ бо боварӣ ва осон бар ғайримунтазиратарин вазъиятҳо низ ғолиб меоянд, ки дигарон аз оянданигарии онҳо мутаассир мегарданд.  Чунин «рӯҳҳои қавӣ, комил ва муътамад»[29] ҳар гуна вазъиятро ба даст меоваранд ва меомӯзанд, ки перспективаҳои худро дар асоси ниёз ва ҳадафҳои худ дар пешорӯ дошта бошанд ва ҳамин тавр, онҳо «фоидабахш гардонидани гуногунии перспективаҳо ва тафсирҳои ҳаяҷонангез барои маърифат»-ро мефаҳманд.[30]

5. Чаро аз замони Нитше ба пас вазъияти фалсафа дигаргун мегардад?

1.  Поёноварии интизориҳо аз файласуфон, вусъатбахшии соҳа ва фалсафаро ба як фанни методӣ табдил додан: Пас аз ниқоббардорӣ аз «ошкорсозии ахлоқи масеҳӣ», ки зуҳури «як фоҷеаи воқеӣ»-ро дар он медид, Нитше аз файласуфони асил як «қонунгузорӣ»-и нав барои замони «сарварии инсон бо тамоми бузургӣ бар замин»-ро интизор дошт. Онҳо бояд дар як вақт «як таълими олии инсоният»-ро фароҳам оваранд, ки барои қабули чунин вазифа инсониятро омода созад. Пас аз он файласуфон бояд мафҳуми нави инсон ва мақоми ӯ дар ҷаҳонро ба вуҷуд оваранд, он мафҳумҳо он гуна равшан ҳастанд, ки ба инсон дар оянданигарии умумиҷаҳонии ӯ такягоҳи муътамад фароҳам меоваранд ва ҳамин тавр, он мафҳумҳо «сарнавишти инсоният» мегарданд.[31] Имрӯз интизориҳо аз фалсафа сода мебошанд. Фалсафа дар ин байн қисман бо худи Нитше иртибот дорад, соҳаҳои он худро дар асоси саволҳои бунёдии зиндагии рӯзмарра, вуҷуди инсон, фарҳанг ва иртиботи байнифарҳангӣ ва равишҳои он дар Падидоршиносӣ, Герменевтика, Таборшиносӣ ва таҳлили мантиқии забон густариш додаанд. Фалсафа худро ба қитъаҳо ҷудо ва соҳибметод гардонидааст ва ҳамин тавр, худро ба як фанни илмӣ монанд гардонидааст. «Бадбинии диогенисӣ»-и Нитше дорои як некбинии нав бо номи «амали фалсафӣ» мебошад, ки худи ӯ онро латифгардонӣ номидааст.[32]

2. Дурӣ ҷустан аз таълимоти машҳури Зардушт: Новобаста аз таҷрибаҳои фоҷиавии асри 20-ум, дар асри 21-ум нигилизм чандон ҳамчун зарурат мушоҳида намегардад ва аз файласуфони намунавӣ мушкилӣ ба вуҷуд оварда намешавад; новобаста аз таъсири зиёди Нитше ба адабиёт, ҳунар, мусиқӣ, сиёсат, дин, илм, фалсафа ва ахлоқ ҳеҷ кас аз радифи таълимоти машҳури ӯ, аз қабили Абаринсон, Иродаи қудрат ва Бозгашти ҷовидона пеш нарафтааст. Ҳамчун тафсиргари сермаҳсули Нитше Ҳайдеггер ин таълимотҳоро бар хилофи огоҳсозиҳои худи Нитше, ба як системаи метафизикии нав ворид сохтааст, ки системаҳои метафизикии гузаштаро комил мегардонад.[33] Аммо Нитше мегузорад, ки Зардушти ӯ бо таълимоти машҳури худ ба мақсад нарасад – ҳамаи онҳо хато фаҳмида мешаванд[34] -- худи ҳамаи ин таълимотҳо ба ғайр аз «Чунин гуфт Зардушт» дар асарҳои дигараш инкишоф наёфтаанд. Назари куллии худро дар мавриди андешаҳои матраҳгардонидааш, ки ӯ 10-уми июни 1887 пеши назар дошт ва «Нигилизми урупоӣ» ном ниҳода буд, бо чунин савол ҷамъбаст кардааст: чӣ гуна пурқудраттаринон ва миёнаравтаринон, ки ба ҳеҷ гуна бовариҳои ифротӣ ниёз надоранд, ба осонӣ дар «бозгашти ҷовидона» андешида мешаванд?[35] Нитше он ва андешаи Абаринсонро дар асарҳои дигар мавриди пайгирӣ қарор надодааст[36] ва танҳо дар таборшиносии андешаҳои худ, яъне дар «Эссе Ҳомо» ба онҳо  муроҷиат намудааст.  Он гуна ки худи ӯ қайд мекунад, ӯ ба ин «зиддимафҳумҳои қавӣ, неруи дурахшонкунандаи ин зиддимафҳумҳо ниёз дошт, то ин ки ба бунёди ҳар як вартаи саҳлангорӣ ва дурӯғ, ки то ин замон ҳамчун ахлоқ шинохта мешуд, рӯшанӣ андозад».[37]

3. Маънии танқидии таълимоти машҳури Зардушт барои як оянданигарии фалсафӣ: «Танқидӣ» ҳамчун «зидди мафҳум» фаҳмида мешавад, мафҳумҳои Абаринсон, Иродаи қудрат ва Бозгашти ҷовидонаи ҳамон оянданигарии фалсафиро озод месозанд, он гуна ки онҳо вуруд ба оянданигарии фалсафиро тарҳрезӣ менамоянд.[38] Мафҳуми Абаринсон ба таҳаввули минбаъдаи инсон ва оянданигарии он даъват мекунад. Абаринсон дар муқобили мафҳуми умумии инсон, ки мехоҳад худро дар асоси сурати худ шакл диҳад, барои он ки худро ҳамчун «охирин инсон» бипазирад ва фаротар аз он дигар фаро рафтан вуҷуд надорад, қарор дорад.[39] Мафҳуми иродаи қудрат ва ё дақиқтар, Иродаҳои қудрат[40] бояд барои мафҳуми мафҳум, умуман фазои озод тағйирёбии маъниҳоро фароҳам оварад. Он дар муқобили собит мондан ва мустақилгардии  умумиятҳо дар гуфтор равона гардидааст. Вобаста ба он, ҳаёт ҳамчун низоъи пайваста дар як нуқта собит нест, балки дар ҳар як низоъ бояд ҳаёт ҳамчун қудрати худро аз нав шаклдиҳанда фаҳмида шавад, ки дар он «ҳар як қудрат дар ҳар як лаҳза  натиҷаи ниҳоии худро нишон медиҳад». Дар ниҳоят, мафҳуми бозгашти ҷовидонаи ҳамон бо метафизика дар зиддият қарор дорад. Он бояд чизҳоеро ба даст оварад, ки барои як таълимоти метафизикӣ зарурат дорад ва дар ҳамин ниёзмандӣ  барангехта гардад. «Ҷовидона» ва «ҳамон» мафҳумҳои метафизикӣ мебошанд, ҳамин тавр, «ҳама чиз » ҷовидона ва ҳамон тавр,  бояд аз нав бозгарданд. Дар зери фаҳмиши ориентатсия ҳеҷ гуна ҷовидона ва ҳамон вуҷуд надорад, қонуни ҷовидона ва ҳамсон фаротар аз нуқтаи назар, уфуқ ва перспективаҳои ориентатсия мебошад ва «ҳама чиз» аллакай аз Кант ба ин ҷониб дар ҳеҷ гуна ориентатсия қобили фаҳмиш нест.  Бо «бозгашт» Нитше замонро вориди метафизика мегардонад. Ҷовидона ва ҳамон дар як вақт ҳам замонманд ва ҳам орӣ аз замон мебошанд, ки худ дар таноқуз мебошад. Як бозгашти ҷовидона ва дар айни ҳол ҳамони ҳама чиз принсипан ғайриқобили маърифат мебошад. Зеро, агар ҳама чиз ҳамсон бозгардад, бозгашт ҳамчун бозгашт шинохтанашаванда мегардад, дар ғайри ин, бояд як бозгашт аз дигар бозгаштҳо тавассути чизе фарқ намояд, ки дар ин сурат ҳамсон будани он ғайриимкон мегардад. Барои он ки бозгашти ҳама чиз қобили шинохт гардад, бояд ҷаҳон ҳамчун як чизи том ва аз як нуқтаи назар мавриди мушоҳида қарор гирад. Чунин як нуқтаи назари назариявӣ ва ё худогунаро фақат метафизика муаррифӣ менамояд ва дар оянданигарии инсонӣ бошад, он ҳам ғайриимкон ва ҳам ғайризарурӣ мебошад. Ҳамин тавр, андешаи бозгашти ҷовидона ба оянданигарии инсонии ҳамеша дорои мавқеъгирии нав ва инкишофёбанда муроҷиат менамояд.     

Аз забони олмонӣ тарҷумаи

доктори фалсафа (PhD) Нуриддин Шаҳобуддинов  

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №2 (6), 2017

 

[1]. Вожаи «ориентатсия» маънии васеътар нисбат ба маънии «оянданигарӣ»-ро дорад, аммо чун яке аз маъниҳои бунёдии он ин оянданигарӣ мебошад, мо ин вожаро ҳамчун оянданигарӣ тарҷума намудем (мутарҷим).

[2]. Муқоиса кунед ба Вернер Штегмайер. Оянданигарии фалсафӣ. Берлин/ Ню Ёрк: Валтер де Гройтер, 2008. С. 2.

[3].Зиддиятнокӣ ё Таноқуз  замоне ба вуҷуд меояд, ки  фарқиятҳо бо арзиши манфии худ ба худ рӯ меоваранд. Масалан, вақте ки касе мегӯяд: «Тири парвозкунанда ором аст» (ҳаракати тир дар ҳар лаҳзаи муайяни парвоз дар ҳолати ҳаракат нест) ва ё «Ин ҳақиқат аст, ки ман дурӯғ мегӯям (яъне ҳақиқатро намегӯям)».  Мафҳумҳо баръакси чизҳое, ки тавассути онҳо ифода мегарданд , безамонии анъанавиро  зери шубҳа қарор медиҳанд. Таърихи фалсафа худ нишон додааст, ки мафҳумҳо низ замони худро доранд, яъне муваққатӣ ҳастанд  (ин фикрро метавон тавассути дида гузаштани  Қомуси Таърихии фалсафа (таҳ.) Ёхим Риттер ва дигарон (Базел/Дармштадт 1972-2007 ) исбот намуд. Фарқияти безамонӣ (мафҳумҳо) ва замоният (он чизе, ки тавассути онҳо ифода мегардад) истифода бурда мешавад, яъне мафҳумҳое, ки ба замон тааллуқ надоранд, дар навбати худ ҳамчун як чизи замонӣ истифода мешаванд, ки худ парадокс  ё худ таноқуз мебошад. Баръакси дигар файласуфон, ҷомеашинос Никлас Луҳманн аз парадоксҳо (зиддиятҳо, таноқузҳо) ибое надошт, балки ,баръакс, бо он як муносибати пурмаҳсул менамуд. Муқ. кунед: Тавталогия ва Парадокс дар тасвири азхуднамудаи ҷомеаи муосир (1987), дар: Н.Л. Эътироз. Назарияи система ва ҳаракати иҷтимоӣ, (таҳ.) Кай-Уве Ҳеллманн, Франкфурти Майн 1996, С. 79-106; Таноқузоти тасмимгирӣ, дар: Бойгонии идорӣ 84.3 (1993), 287-310; Стенография ва Ойралистик, дар: Ҳанс Улрих Гумбрехт ва К. Людвиг Пфайфер (таҳ.) Таноқузот, Нобаробариҳо ва Дарҳамшиканиҳо. Вазъиятҳои эпистемологияи ошкор, Франкфурт Майн 1991, 58-82; Дини иҷтимоъ, Андре Кисерлин (таҳ.) Франкфурт Майн 2000, 17 ба баъд, 55, 74, 131 ба баъд, 155 ба баъд. Таҷрибаи Луҳманн чунин буд: бо як тарси иҷборӣ аз таноқузот бархўрд мешавад, ки  он ба як  мантиқи худтавсиядиҳӣ оварда мерасонад ва ин чунин маънӣ дорад, ки истифодаи кодҳо ба худи кодҳо якҷоя иҷро намегарданд (Мазҳаби ҷомеа, 70 ба баъд). Боз: аз замони Нитше сар карда, то ба Ҳайдеггер ва Деридда бо таноқузот бо як шеваи тамоман дигар бархўрд шудааст. ...Таноқузот мавриди канораҷӯӣ ё сарфи назаркунӣ қарор нагирифтаанд, балки муаррифӣ мегарданд. Онҳо ҳамеша бо як забони аҷиб мавриди ифодагардонӣ қарор гирифтаанд.(Муқ. кунед: Никлас Луҳманн, Ҷомеаи ҷомеа, Франкфурт Майн, 1997, 91). Суоли ҳамешагӣ чунин аст: Кӣ боварии бо таноқузот бархўрд карданро дорад ва онгоҳ кадом фарқиятҳо фаъол мегарданд, то ин ки ба онҳо тавсеа бахшанд (Луҳманн, Мазҳаби ҷомеа, 118). Луҳманн эҳтимол дорад, ки мураккабии алоқаи ҷомеаи муосир як ҳодисаи таърихан бесобиқа ва боварнакарданӣ бошад (Стенография ва Ойралистик, 59).

[4]. Ин ба Волфрам Ҳогребе даст додааст, ҳамчунин Готтлоб Фреге ҳамчун шоҳид «ба муқобили «объективизм»-и интранспеаренӣ даъват кардааст» (Волфрам Ҳогребе, Туи тира, дар: Ҳақиқати андеша. Маърўзаҳо ба Ҳайдеггер-профессур , таҳиякунандагон Йенс Ҳалфвассен ва Маркус Габриел (Пажўҳишҳои Ҳайделберг. Ҷилди 34), Ҳайделберг, 2007, 11-35.

[5]. Муқ. кунед:  Георг Штенгер, Фалсафаи байнифарҳангӣ. Таҷриба ва ҷаҳонҳо.  Як таҳлили падидоршиносона, Фрайбург/Мюнхен 2006. Назари Штенгер дар мавриди фалсафаи байнифарҳангӣ бо назари Кант мувофиқат менамояд.

[6]. Муқ. кунед: Штегмайер, Фалсафаи оянданигарӣ, С. 501, 527 ба баъд.

[7]. Муқ. кунед: Ҳанс Блуменберг, Парадигмаҳо ба як Истиорашиносӣ (1960, Нашри нав), Франкфурт Майн, 1998. Блуменберг кӯшидааст, ки мафҳумияти Оянданигариро талқин намояд, аммо онро дар Парадигмаҳои худ дохил накардааст.

[8]. Муқ. кунед: Штегмайер, Фалсафаи оянданигарӣ, С. 221.

[9]. Декарт, Дискурсҳо дар бораи метод, қисмати 3, боби 3; Медитатсияҳо 2, Боби 1-ум.

[10]. Паскал, Пенсес,№. 199/72  ва№ 101/324.

[11]. Муқ. кунед: Ё. Симон, Кант. Ақли бегона ва забони фалсафа, Берлин/ Ню Ёрк 2003.

[12]. Дар ин маврид Кант се «максими зеҳнии умумиинсонӣ»-ро пешниҳод намудааст: «1. Худандешӣ; 2. Ба ҷойи каси дигар андешидан; 3. Ҳар бор бо худ равшан андшидан» (Кант, Нақди қобилияти муҳокимаронӣ, § 40, АА V, 294).

[13]. Муқ. кунед: Нитше, Чунин гуфт Зардушт I, Дар бораи хордорандагони тан.

[14]. Он ки ин мафҳум барои Нитше маъмул буд, як қайд далел мешавад, ки дар он ӯ суол менамояд, оё «ҳадаф», ки бо мақсади он ман амал менамоям, фақат як нишонаи зуҳури як амал нест, «як нишонаи дар огоҳӣ партофташуда, ки дар Оянданигарии мо хидмат менамояд» (Осор 1886/87, 7[1], НИО 12, С. 248).

[15]. Нитше, Ҳикмати шодон, 354.

[16]. Муқ. кунед: Нитше, Осор 1881, 11[156], НИО 9.500; ҲШ 3, 348,363,370,380; ТА (Таборшиносии Ахлоқ) II 12,  ТА III; СБ (Сукути бутон), Масъалаи Суқрот 4; СБ, Ақл дар фалсафа 1 ва 4, Ахлоқ ҳамчун зидди табиат 6, ЭҲ (Эссе Ҳомо), Чаро ман чунин китобҳои хуб менависам 2, Чаро ман як сарнавиштам 7.

[17]. Муқ. кунед: Нитше, ҲШ, Муқаддима 3, 343,355.

[18]. Муқ. кунед: Нитше, ТА, Муқаддима.

[19]. Муқ. кунед: Нитше, Фаротар аз нек ва бад (ФНБ) 23.

[20]. Муқ. кунед: Штегмайер, Фалсафаи оянданигарӣ, 293-302.

[21]. Нитше, Осор 1885, 34 [49], НИО 11.505; 38 [1], НИО 11.598 ба баъд; 38 [2], 11.597. Муқ. шавад дар ин маврид ҳамчунин ба Штегмайер, Аломатҳои Нитше, дар: Нитшешиносӣ 29 (2000), 41-69.

[22]. Нитше, Таборшиносии ахлоқ II 12

[23]. Нитше, Фаротар аз нек ва бад 11; Осор 1886/87, 5 [9], НИО 12. 187. Муқ. кунед: Ҳолгер Шмид, Шинохти фоҷиавии андешаи Нитше, Вуртсбург, 1984.

[24]. Нитше, Фаротар аз нек ва бад 286, Ҳикмати шодон 354.

[25]. Муқ. кунед: Нитше, Панҷ муқаддима. Мусобиқаи Ҳомер, НИО 1. 789 ба баъд;Инсонӣ азҳадзиёд инсонӣ II 285; Сапедадам 552; ҲШ 21, 55, 328, 335; Чунин гуфт Зардушт  3, Дар бораи се бад 1 ва 2; Суқути бутон, 33 ва 35; ЭҲ, Чаро ман чунин ҳушмандам 9 ва 10, Чаро ман як сарнавиштам 7.

[26]. Нитше, Фаротар аз нек ва бад, 257.

[27]. Муқ. кунед: Штегмайер, Фалсафаи оянданигарӣ, 361-459.

[28]. Нитше, ҲШ 345.

[29]. Ҳамон ҷо.

[30]. Нитше, Инсонӣ беҳадзиёд инсонӣ, Пешгуфтор 6; Таборшиносии ахлоқ III 12.- Бисёр кам нафарон дар Ориентатсияи фалсафаи худ мустақил гардидаанд ва Волфрам Ҳогребе яке аз чунин нафарони ангуштшумор мебошад.

[31]. Нитше, Эссе Ҳомо, Чаро ман як сарнавиштам 8; Фаротар аз нек ва бад 211; Инсонӣ беҳадзиёд инсонӣ I  247; Эссе Ҳомо, Суқути бутон 4. Муқ. кунед: Ферф, Сарнавишти Нитше? Ба хударзишгузории Нитше ҳамчун сарнавишти фалсафа ва инсоният (Эссе Ҳомо, Чаро ман як сарнавиштам 1), дар: Нитшешиносӣ 37 (2008), 62-114.

[32]. Нитше, Ҳикмати шодон 370; Фаротар аз нек ва бад 211.

[33]. Мартин Ҳайдеггер, Нитше, иборат аз 2 банд, Пфуллинген 1961. Муқ. кунед: Штегмайер, Ҳамҷоягардонӣ бо Нитше I – Тафсири метафизикии як зиддиметафизик, дар: Ҳайдеггер – китоби рўйидастӣ. Ҳаёт – Осор – Таъсир, таҳ. Дитер Томе, Штутгард/Ваймар 2003, 202-210  ва Нитше аз диди Ҳайдеггер, дар: Ҳайдеггер- маҷаллаи солона, Қисми 2-юм: «Ҳайдеггер ва Нитше» таҳ. Алфред Денкер, Марион Ҳайнтс, Ҷон  Саллис, Бен Веддер, Ҳолгер Заборовски, Фрайбург 2005, 321-336.

[34]. Нитше Зардуштро ба бозор мефиристад, ки дар он ҷо ӯ таълимоти Абармардро эълон мекунад ва мавриди хандахариш қарор мегирад. Чун Зардушт бо андаке аз дўстон ба ќафо бармегардад, ӯ огоҳ мешавад, ки онҳо ӯро хато фаҳмидаанд ва бо ҳайвонҳои худ ба гуфтугӯ мепардозад, ки онҳо низ ӯро фаҳмида наметавонанд.

[35]. Нитше, Осор 1886/87, 5 [71], НИО 12.217.

[36]. Дар мавриди Абаринсон Нитше дар Таборшиносии ахлоқ I 16, Суқути бутон 37 ва Даҷҷол 4 ҳамчун «як навъи абаринсон» низ сухан гуфтааст.

[37]. Нитше, Осор 1888, 23 [3] 3, НИО 13. 603.

[38]. Муқ. кунед: Штегмайер, Фридрих Нитше: Чунин гуфт Зардушт, ин: (дар ҳамкорӣ бо Ҳартвиг Франк) Тафсирҳо. Асарҳои асосии фалсафа. Аз Кант то Нитше, Штутгарт 1997, 402-443, такроран таҳти унвони «Зидди таълимот». Саҳна ва таълимот дар «Чунин гуфт Зардушт»-и Нитше, дар: Фолкер Герҳардт (таҳиякунанда), Тафсири классикҳо: Фридрих Нитше, «Чунин гуфт Зардушт», Берлин, 2000, 191-224.

[39]. Муқ. кунед: Нитше, Чунин гуфт Зардушт, Пешгуфтор 5.

[40]. Муқ. кунед: Волфганг Муллер-Лаутер, Нитше. Фалсафаи таноқузи ӯ ва таноқузи фалсафаи ӯ, Берлин/ Ню –Йорк, 1971.

Хондан 2352 маротиба

Китобҳо