JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 01 Августи 2017 08:51

Ҷаҳон дар равзанаи антропология

Муаллиф:

ҶАҲОН ДАР РАВЗАНАИ АНТРОПОЛОГИЯ

(мусоҳиба бо файласуфи муосири тоҷик, профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)

  Нозим Нурзода:  Устоди арҷманд, қаблан сипосгузорем, ки ҳамеша имкони мусоҳибаро бо мо фароҳам меоваред, чӣ хоҳише, ки мо мекунем, шумо бе ягон такаллуфу таоруф қабул менамоед. Ташаккури зиёд. Дар ибтидо арз медорем, ки ҳангоми таъсиси маҷалла ва кушодани бахши “Ҷаҳон аз нигоҳи дигар” Шумо дар феҳристи аввалинҳо барои мусоҳиба қарор доштед. Акнун, ки ин фурсат расидааст, суҳбатро оғоз мекунем. Шумо дар ду давраи таърихӣ - Шӯравӣ ва марҳилаи соҳибистиқлолӣ зиндагӣ ва таҳқиқ кардаед. Ҳамзамон ба масоили инсоншиносӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, таҳқиқотатонро дар самти антропология маҳдуд намудед. Бо таваҷҷуҳ ба ин, суоли мо ин аст:  Таносуби илми антропологияи имрӯза ва теология чӣ гуна аст?

  Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Ташаккур. Антрополия, пеш аз ҳама, илми фалсафист. Амиқтараш, яке аз чаҳор илми ҳастишиносӣ. Агар таснифи илмҳоро ба ёд оварем ва мавқеи фалсафаро муайян бифаҳмем, маълум аст, ки фалсафа илмест дар бораи ҳастӣ ва маърифат. Ҳастӣ худ объекти омӯзиши ҳастишиносиcт. Ҳастишиносӣ, ки яке аз илмҳои бунёдии фалсафист, чаҳор шакли ҳастиро чаҳор илм: теология, космология, антрология ва сотсиология меомӯзанд. Чуноне ки мебинем, антропология, бо сабаби омӯзиш ва яке аз шаклҳои ҳастии инсон будан, илми фалсафӣ ҳисобида шудааст.

Ин таснифро мо соли 1999 дар рисолаи худ пешниҳод намуда будем, ки аз тарафи яке аз шӯроҳои дифои Институти фалсафа пазируфта шуда буд. Аз чунин тасниф бармеояд, ки теология ва антропология ҳамчун илмҳои ҳастишиносӣ мавқеи якхела дошта “баробарвазнанд”. Ҳамаи илмҳои фалсафӣ, ки бо номҳои гуногун маълуманд, аз ду самти илмӣ, яъне ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ сарчашма мегиранд. Қисме аз онҳо илмҳои онтологианд ва қисме гносеологӣ. Вале, мутаассифона, дар таснифи илмҳои фалсафӣ тақсимбандии аз ду илми бунёдии фалсафӣ: онтология ва гносеология сарчашмагирандаро, на ҳама вақт ба инобат мегиранд. Ин аст, ки антропологияро бо фалсафаи фарҳанг ҳамчун масоили бо ҳам алоқаманд якҷоя намудаанд, теологияро бошад, то ҳатто илми ҳастишиносӣ, яъне фалсафӣ намеҳисобанд. Тафовути илмҳои онтологӣ ва гносеологӣ аз дигар илмҳо дар он аст, ки объект ва предмети омӯзишашон як аст, яъне объекти илмҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ тақсимнашаванда буда, ба пуррагӣ мавриди таҳқиқ қарор мегирад. Масалан, агар инсонро мавриди омӯзиш қарор бидиҳем, табиат ва моҳияти вайро зиёда аз 49 самти илмӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд. Агар инсон объекти омӯзиши антропология қарор гирад, ин илми онтологӣ бояд табиат ва моҳияти инсонро бутун, бапуррагӣ, бе тақсимбандии предметӣ биомӯзад. Бо ин сабаб, антропология монанди дигар илмҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ илми бунёдии фалсафӣ-методологӣ буда, барои 49 самти илмии зикршуда, ки инсонро меомӯзанд, ҳамчун илми умумӣ, методологӣ ва ҷаҳонбиниофар хизмат мекунад. Чунин мавқеъро илмҳои дигари ҳастишиносӣ (теология, космология, сосиология) низ ишғол мекунанд. Аз сабаби илми умумӣ ва фалсафӣ буданаш, мо ибораи “антропологияи фалсафӣ”-ро дуруст намешуморем, чунки антропология, чунонки гуфта шуд, худ илми фалсафист. Ба монанди он ки мо ахлоқро бо ибораи ахлоқӣ- фалсафӣ ифода наменамоем. Ё ин ки “зебоишиносӣ”-ро бо ибораи “зебоишиносии фалсафӣ”. Чаро мо антропологияро ҳатман бояд бо мафҳуми “фалсафӣ” якҷоя истифода намоем. Ба андешаи мо, чунин  тарзи истифодаи мафҳум ва ибораҳо нодуруст мебошад.

Агар сухан дар бораи объекти илмҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ равад, бояд дар назар дошт, ки объекти яке “ҳастӣ” ва объекти дигаре “маърифат” аст. Бо ҳадафи мушаххас намудани мазмуни ин ду мафҳуми васеъ, онҳоро ба шаклҳо тақсим намудаанд. Ҳастиро бо чаҳор шакл ва маърифатро низ ба чаҳор шакли дигар. Дар натиҷаи чунин тақсимбандӣ андешаҳо дар бораи ҳастии мутлақ, ҳастии олами моддӣ, ҳастии инсон ва ҳастии ҷамъият пайдо шудаанд. Илмҳои маърифатшиносӣ бошанд, равоншиносӣ, мантиқ, равоншиносии метафизикӣ ва матншиносӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳама илмҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ илмҳои методологӣ ҳисобида мешаванд. Космология барои ҷамъи илмҳои табиатшиносӣ ҳамчун илми методологӣ хизмат мекунад. Сотсиология бошад, чунин вазифаро нисбат ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ ба уҳда дорад. Дар байни илмҳои ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ танҳо теология илми “сарбаста” аст, чунки дар ягон самти илмӣ вазифаи методологияро ба зимма надорад.

Теологияро гоҳе бо метафизика ва гоҳе бо диншиносӣ омехта месозанд, ки чунин андешаҳо беасосанд. Вале бояд қайд намуд, ки “теология”- ба ду таълимот ҷудо шуда, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Якеро теологияи фалсафӣ – ратсионалӣ ва дигареро теологияи эътиқодӣ-динӣ меноманд. Ҳангоме ки теологияро яке аз илмҳои ҳастишиносӣ меҳисобанд, теологияи фалсафӣ- ратсионалиро дар назар доранд.

Дар забони тоҷикӣ дар баъзе маврид мафҳуми “илоҳиётшиносӣ”-ро низ истифода  мебаранд. Вале номаълум аст, ки дар зери мафҳуми “илоҳиётшиносӣ” кадом шакли илоҳиётшиносӣ (фалсафӣ ё динӣ)-ро дар назар доранд.

Ногуфта намонад, ки дар бештари маврид муаллифон мафҳумҳои илмии “фалсафа”, “метафизика”, “теология”, “мистика”-ро муайян намесозанд. Масалан, мафҳуми “мистика”-ро бо “ метафизика” омехта месозанд.

Бояд дар назар дошт, ки метафизика, ба андешаи И. Кант, фалсафаро гӯянд. Мистика ё мистикӣ андешаҳои фалсафиеро гӯянд, ки асоси онҳоро эътиқоди динӣ ташкил медиҳад.

Дидавар Бекзода: Устод, дар бораи назарияи пайдоиши инсон чӣ назар доред?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Ин масъаларо бо як ё ду андеша равшан намудан нашояд. Масъалаи пайдоиши инсон масъалаи мураккаб аст. Барои дуруст муайян намудани масъалаи пайдоиши инсон мо бояд назарияҳои пайдоиши оламро хуб сарфаҳм равем. То замоне ки мо масъалаи пайдоиши олами моддиро равшан насозем, пайдоиши инсонро дуруст нахоҳем фаҳмид.

Исомиддин Шарифзода: Дар фалсафа ду масъала аст: яке масъалаи пайдоиши инсон ва дигаре, масъалаи саодатманд сохтани инсон. Кадомаш муҳим аст?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ:Пайдо намудани ҷавоби дуруст дар бораи пайдоиши инсон, албатта, хуб аст, вале чӣ гуна ҷавобе, ки набошад, моҳияти инсонро дигаргун намесозад. Аз ин рӯ, роҳҳои саодатманд сохтани инсонро бояд ҷустуҷӯ намуд. Дониши гузаштаро мо бояд барои беҳбудӣ бахшидан ба оянда истифода барем. Имрӯзҳо бошад, дар тамоми сайёра нооромӣ таъсири манфии худро ба фардо мерасонад. Дар чунин маврид шахсони ояндабин, дурнигар хеле заруранд. Ҳар як фарди бохираду инсондӯст бояд ғами фардои башарро хӯрад. Хайр, умед дорем ба фардои орому осуда дар рӯи Замин.

Исомиддин Шарифзода: Устод, дар тӯли таърих, агар бубинем, инсон, аслан аз назари эҳтимолият дар ҷаҳон боқӣ мондааст ба ҳамин намуд. Яъне, манзурам ин аст, ки тағйирпазириҳои иқлиму дигаршавиҳое, ки дар табиат дар кулл вуҷуд дорад, ҳамеша хатарҳое, ҳастанд, ки барои аз байн рафтани ҳамин намуди биологие, ки инсон ном дораду соҳибхирад аст, равона шудаанд. Яъне, танҳо дар тӯли миллион сол табиат як имконе додааст, ки мо ба ҳамин дараҷаи имрӯзаи тамаддун расем. Ва минбаъд ҳадафи инсоният, магар нигоҳ доштани ҳамин намуд ва ҳифз кардани ҳамин тамаддун нест?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Ин андешаи дуруст аст, дар ҳамин шакле, ки дар охир гуфтед. Ҳадаф, асосан аз ҳамин иборат аст. Лекин давлатҳои абарқудрате, ки намедонам чӣ даъво доранд, барои бештар сарват ҷамъ кардану бештар нуфуз пайдо кардан ба чӣ амалҳо даст мезананд. Ин ҷо ҷанг, он ҷо ҷанг,ҳаминро мебинем. Лекин, агар андешаи солим дошта бошем, бояд як шуури коллективие бошад, ки ин масъалаҳоро якҷоя ҳаллу фасл намояд. Ростӣ, ин масъалаҳое ҳастанд, ки дигар масъалаҳо дар муқоиса бо онҳо масъалаҳои ҷузъӣ менамоянд. Хуб, тасаввур кунед, ҳолати чарх задани даври муқаррарии сайёраи Замин вайрон шавад ё ягон ҳодисаи табиӣ рух диҳад, бовар  кунед, ки дар ҳамон вақт ҳама масъалаҳо дар сайёра дуюмдараҷа мешаванду ҳама шуури башарият ба ҳамин нуқта ҷалб хоҳад шуд.

Комил Бекзода: Аз ибтидои асри бисту як то имрӯз антропология чӣ корҳоро анҷом додааст ва аз ин илм чӣ интизорӣ бояд дошта бошем? Барои мо антропология дар садсолаи охир чӣ медиҳад?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Дар ибтидои асри ХХ антропология кӯшиш намудааст, ки барои пайдо намудани ҷойгоҳ ва мақоми худ дар системаи илмҳо мубориза барад. Ин “кофтуков” ҳоло ҳам идома дорад. Хушбахтона, номи ин фан ҳоло вирди забонҳои илмии дунёст ва ихтисосманди соҳаи инсоншиносиро “антрополог” гӯянд. Ин шароит, асосан ба ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дахл дорад.Ба монанди дигар илмҳо антропология аз самтҳои хеле зиёд иборат буда, на ҳама вақт муҳаққиқон дарк мекунанд, ки ба таҳқиқи антропологӣ машғуланд.

Хеле душвор пешбинӣ намудани он ки дар садсолаи охир ин илм чӣ медиҳад. Ҳаминаш аён аст, ки пайдо кардан ва муайян шудани мавқеи ин илм, ба андешаи мо, қадам ба пеш аст.То имрӯз дар ҷумҳурии мо дар макотиби олӣ антропология дар маънои фалсафиаш таълим дода намешуд. Дар зери мафҳуми антропология танҳо масъалаи антропогенез, яъне пайдоиши одам ва морфологияи ӯро меомӯхтанд. Айни ҳол дар ду донишгоҳ антропология таълим дода мешавад.

Комил Бекзода: Оё Шумо ҳамчун ҷузъи фаъоли ҷомеа дар бораи зарурати омӯзиши илми антропология бо таълифи мақола, гузориш ё мактуби расмӣ “бонги хатар” задед?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Дар ин масъала мо як қатор кӯшишҳоро ба анҷом расонидем. Аввал рисолаи доктории банда ба муайян намудани предмет, масоил ва мавқеи антропология дар системаи илмҳо бахшида шуда буд. Дувум бо пешниҳоди банда солҳои навадуми садаи бист дар ин институти фалсафа “Маркази антропология” таъсис дода шуд, ки ман роҳбарии Марказро ба уҳда доштам. Сеюм, бо пешниҳоди банда соли 2009 ин Марказ бо қарори Раёсати Академияи илмҳо ба Маркази антропология АИ ҶТ табдил дода шуд, ки ҳоло дар ҳайати ҳафт ходими илмӣ фаъолият дорад.

Бо пешниҳоди мо дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон кафедраи фалсафаи тиб ва антропологияи тиббӣ таъсис дода шуд. Бо пешниҳоди банда фанни антропология дар нақшаи таълимии факултаи фалсафаи ДМТ ва кафедраи физиологияи нормалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Комил Бекзода: Хуб, ман кӯшиш карда истодаам дар ҳамин баҳси имрӯза, таваҷҷуҳи шуморо ба мақоми инсон бикашонам, ки  инсон чӣ мақоме дорад? Ва илми антропология дар байни  илмҳое, ки дар гузашта илмҳои бисёр бузурге буданд, масалан, худошиносӣ (теология), ки дар он инсон ҳеҷ мақоме надошт, аз чӣ ҷойгоҳе бархӯрдор буд? Хуб, дар дунёи қадим илм табиатро меомӯхт. Дар асрҳои миёна ҳама таваҷҷуҳ ба Худо доштанд. Ва аз рӯйи тақсимот гуфтанд, ки дар ҷаҳони нав акнун мақом мақоми инсон аст. Ман пурсиданӣ ҳастам, ки аз ибтидои асри XXI шурӯъ шуда, то охири ҳамин аср илми антропология чӣ мақоме бояд дошта бошад? Мо чӣ интизорӣ бояд дошта бошем?  Ман  мехоҳам сари ин мавзӯъ баҳс шавад.

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Аввал ин ки антропология инсонро ҳам дар маънои ботинӣ ва ҳам зоҳирӣ ба пуррагӣ меомӯзад.

Моҳияти замони эҳё низ дар ин буд, ки намояндагони илму фарҳанг рӯ ба омӯзиши инсон оварданд. Инсон ба ҳама чиз, амиқтараш, ба омӯзиши ҳама чиз таваҷҷуҳ дорад, ба ғайр аз худаш. Инсони соҳибхирад бояд дарк намояд, ки ҳеҷ мавҷуд ва ҳеҷ махлуке аҷибтар ва мураккабтар аз одам нест.

Мутаассифона, кашфиётҳо дар доираи самтҳои илмие баррасӣ мешаванд, ки мардум аз ин дастовардҳо дар канор мемонанд. Дувум ин ки чунин кашфиётҳо бо забони фаҳмо дастрас намегарданд. Дар забони хосса илмӣ дастрас шудани иттилоот барои аҳли ҷомеа нофаҳмо мемонад.

 Аз ин ба назар мерасад, ки дар фаҳмиши табиати инсон дар илм ҳеҷ як пешравие дида намешавад. Аз тарафи дигар, масъалаи табиати инсон дар фарҳанги Машриқзамин хеле нозукбинона омӯхта шудааст. Вале афсус, ки надонистани забонҳои қадим садди роҳи чунин омӯзиш гаштааст. Агар илмҳои антропологӣ вазифаи мутамарказ намудани иттилооти таҳқиқотиро ба худи антропология гузоранд, кори омӯзиш ранги дигар мегирад.

Дидавар Бекзода: Аз оғози таърих то имрӯз як мушкилии асосие вуҷуд дорад, ки донишмандон барои пешгирии он бисёр талош ва кӯшиш доранд ва ин худкушии инсон мебошад. Аз назари илми антропология, сабаби даст ба худкушӣ задани инсон дар чист?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Худкушӣ, пеш аз ҳама, падидаи ҷаҳонбиниест, ки механизми вай дар равони инсон ҷой дорад.

Агар инсон ҷаҳонбинии мукаммал надошта бошад, ҳамеша гирифтори “ҳамлаҳои” равонист. Худкушӣ ин масъалаи ҷиддист. Барои ба ин кор даст задан инсон бояд кадом як марҳилаҳои равонию ахлоқиро паси сар карда бошад.

Дар ҳар сурат, мушкилоти “ҳалнашаванда” шояд ҷавононро маҷбур созад, ки даст ба ин ҳодисаи нангин зананд. Сабабаш, ҳар чи ки набошад, бояд мо кӯшиш намоем, ки пеши роҳи чунин ҳодисаҳоро бигирем.

Меҳр Собириён: Таносуб байни миллат ва фарҳангро дар чӣ мебинед?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Вақте ки сухан дар бораи миллат меравад, бояд бифаҳмем, ки худи миллат зодаи фарҳанг аст. Яъне, дар дараҷаи фарҳанг миллат ташаккул меёбад.

Ба ибораи дигар, фарҳанг муттаҳидкунандаи миллат мебошад. Бе мавҷудияти фарҳанг миллат ҳам вуҷуд дошта наметавонад ва дар дараҷаи мардум ё халқ одамон зиндагӣ ба сар мебаран. Беҳуда намегӯянд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Бинобар ин, ифтихори мо аз фарҳанги мост.

Мо ҳамарӯза сухане дар бораи менталитети ин ва ё он миллат мешунавем. Менталитет дар асоси фарҳанг ташаккул меёбад. Бинобар ин, минталитет баланд ё паст бошад, муаррификунандаи фарҳанг аст.

Менталитети миллат дар ду дараҷа зоҳир мегардад: дар дараҷаи статикӣ ва динамикӣ. Дараҷаи статикии менталитет ҳамеша ифодагари хусусиятҳои фарҳангист. Дараҷаи динамикӣ бошад, шакли тағйирёбандагии менталитетро шаҳодат медиҳад.

Албатта, менталитет ҳам як ҳолати хирадии шухшуда ҳисобида намешавад. Агар хиради мардум таҳкурсии менталитети онҳоро ташкил кунад, пас, худи хирад низ дар ду дараҷа ошкор мегардад: дар дараҷаи фардӣ ва дар дараҷаи умумӣ:

Аз ин рӯ, хирад ва пас он менталитет ҳам ба монанди шуури ҷамъиятӣ шакли фардӣ ва ҷамъиятӣ дорад.

Масъалаи менталитети ин ва ё он миллат, мутаассифона, мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Дар адабиёти этнологӣ (мардумшиносӣ) бештар ба масъалаи муайян намудани хислати миллат, худшиносии миллат таваҷҷуҳ мешавад. Ҳол он ки хислати миллат ҳам дар асоси хиради он сурат мегирад.

Асосан, масъалаҳои менталитет хислати халқ, мардум, миллат, хиради мардумӣ, фардӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра ин ҳама масъалаҳое мебошанд, ки бояд дар чорчӯбаи илми этнология ҳаллу фасл шаванд. Мутаассифона, илми этнология низ ба монанди антропология дар ҷумҳурӣ дар вазъияти дилхоҳ қарор надорад.

Муайян намудани менталитети миллатро то як андоза дар синфхонаи донишҷӯёни макотиби олӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Ба тафовути дониши ҳар як донишҷӯ нигоҳ накарда, ба хулосае омадан мумкин, ки сатҳи хиради донишҷӯён як умумиятеро соҳиб аст. Ин сатҳ нишондиҳандаи менталитети гурӯҳи хурди одамон, яъне наврасон аст. Ё, ҳангоме ки дар ҷаласае зиёда аз 100-200 нафар иштирок доранд, пурсиш гузаронида ба хулоса омадан мумкин аст, ки дараҷа ва сифати менталитети мардум чӣ гуна аст. Бо кадом восита ва роҳҳо дараҷа ва сифати менталитети мардумро дигаргун намудан мумкин аст?

Танҳо ба воситаи таълим ва тарбия. Дар ин ҷода мавқеи Вазорати маориф беназир, беҳамтост. Аз ин рӯ, ман сифати фаъолияти маорифро дар соҳаи таълиму тарбия аввалиндараҷа ва ҳалкунанда мебинам. Маориф институти иҷтимоиест, ки ба монанди завод ва ё фабрика ба истеҳсоли одам машғул аст. Аз ин рӯ, мақоми Вазорати маориф дар байни институтҳои дигари ҷомеа беназир аст. Дагаргун кардани ҷомеа, рушду нумӯи ҷомеа пеш аз ҳама, ба фаъолияти маориф вобастааст.

Аз тарафи дигар, мақоми соҳаи афзалиятнокро мо бояд дар сатҳи шуури ҷамъиятӣ баланд бардорем. Масалан, имрӯзҳо дар сатҳи шуури омма андешае устувор гардидааст, ки касби муаллимӣ начандон касби баландмақом ҳисобида мешавад.

Агар ошкор баён созем, падару модар кӯшиш мекунанд, ки фарзанди онҳо иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос ва ё корманди тиб бошад. Дар шуури ҷамъиятӣ ин се соҳаи фаъолият хуб пазируфта шудаанд ва мақоми хосеро соҳибанд.

Муаллими мактаби таҳсилоти умумӣ будан чӣ? На то он дараҷа! Ҳангоме ки падару модар орзуи муаллим шудани писарашонро надоранд, чунин фаъолият обурӯву эътибори тарбиятгарро боло рафтан нахоҳад монд. Аз ин ҷо тарғибу ташвиқи касби омӯзгорӣ натиҷаи дилхоҳро намедиҳад.

Масалан, дар вақти пурсиш аз донишҷӯён ба саволи он ки:  “Кӣ мехоҳад дар оянда омӯзгор бошад?” Ягон нафаре ба ин касб таваҷҷуҳ надорад.Ин далели чист? Паст будани мақоми касби омӯзгорӣ дар ҷомеа. Дар баъзе маврид донишҷӯён изҳор мекунанд, ки дониш ба кӣ даркор? Ҳеҷ кас дар зиндагиат аз донишат намепурсад. Меъёри эҳтиром пул, хона, мошин ва мансаб шудаанд, мегӯянд онҳо. Ин фикри як ё ду нафар донишҷӯ не, балки фикри аксарияти онҳост. Бинобар ин, роҳҳои баланд гардидани мақом ва обрӯи омӯзгорро ҷустуҷӯ бояд кард.

Меҳр Собириён: Дар оғози суҳбат шумо дар мавриди теология сухан гуфтед ва онро ба теологияи фалсафӣ ва теологияи динӣ тақсимбандӣ кардед. Маълум аст, ки дар ҷомеаи мо, махсусан миёни ҷавонон, асосан теологияи динӣ паҳн гаштааст. Теологияи фалсафӣ, қариб ки омӯхта намешавад ва ин як мушкилист. Мардум барои шунидан ва баррасии масъалаҳои илмии оламу одам омода нест ва ҳар кӣ як фарзия ё воқеияти илмиеро матраҳ кард ва агар бо эътиқоди онҳо рост наояд, ҳатман ба ӯ дармеафтанд. Инро мо бисёртар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем. Ба фикри Шумо, роҳи ҳалли ин мушкилӣ чист?

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ: Пеш аз ҳама, бояд қабул намуд, ки ҷаҳонбинии беш аз 95%-и мардум ҷаҳонбинии динист. Ин далелест, ки баҳсу мунозираро наметалабад. Агар ба тариқи иҷборӣ дар мактабҳои олӣ теологияи фалсафиро ҳам ҷорӣ намоем, дар гумон аст, ки дар шуури мардум дигаргуние ба вуҷуд ояд. Чунки хиради мардуми форсзабон дар ташаккули чунин ҷаҳонбинӣ дар муддати якуним ҳазор сол заҳмати зиёде кашидааст, то ки чунин дарки олам дар тасаввури ӯ нақш бандад. Аз тарафи дигар, шакли ҷаҳонбинии дигаре лозим, ки ҷойгоҳи ҷаҳонбинии диниро бигирад. Маълум аст, ки шахси бакамолрасида ба ягон ҷаҳонбинӣ эҳтиёҷ дорад. Бе суратгирии ҷаҳонбинӣ, хоҳ динӣ бошад, хоҳ илмӣ ва хоҳ муқаррарӣ инсон наметавонад умр ба сар барад.

Бояд донист миллате, ки аз фарҳанги бунёдӣ, яъне аслии худ канда шуд, то андозае ҳамчун “роҳгумкарда” ҳар андеша ва ҳар намуди боварии қавми бегонаро ба зудӣ қабул мекунад. Мардуми ориёитабор дар муқоиса бо дигар миллату қавмҳо соҳиби тамаддун ва андешаҳои баланди фалсафию динӣ (дар симои Ведҳо ва Авасто) буданд. Вале бегонапарастӣ дар ақвоми форсзабон ба сифати этникӣ табдил шудааст. Ин хусусият зиёда аз ҳазор сол аст, ки ташаккул ва устувор гардидааст. Андешаи асотирӣ ва динии бегона миллатро бегонапараст мегардонад. Барои ин бунёди ҷаҳонбиниро мутобиқи расму русум ва андешаҳои ниёгони худ бояд сохт.

Нозим Нурзода: Чаро ҳамин хел шудааст? Миллате, ки имрӯз шиорҳои бузург мепароканад, чаро дар вартаи бегонашавӣ қарор дорад? Аз гузаштаи худ ифтихор намудан кам аст. Чаро идеологияи бегона шуури ҷамъиятиро мусаххар кардани? Як навъ табиати ғуломӣ дар таркиби равониву иҷтимоиву физиологии миллат дохил шуд. Аз ҳамон замон ин хислат ба менталитети мо ворид шуд ва дар замони ислом ба нуқтаи баландтарин расид. Хизмате, ки Муҳаммад Ғаззолӣ, Фахри Розӣ ва дигарон барои рушди ислом карданд, беназир аст. Агар ин нафарон китобҳои фундаменталӣ наменавиштанд, шояд дастгоҳи хушку холии арабӣ ба дастгоҳи сахти назариёти фикрӣ, ба як ҷараёни мустаҳкам табдил намеёфт.

Назрӣ Асадзода: Ба он саволе, ки ҳоло Нозим Нурзода матраҳ намуданд, мо хеле солҳост посух меҷӯем, ки бо ҳама он рӯҳияи барозандаи таърихиву давлатҳои ҷаҳонӣ доштанамон ва доштани бузургони илму адаб, барои чӣ имрӯз дар ин сатҳи худбохтагӣ қарор дорем? Омили заъфи рӯҳияи миллии мо, ба назараи ман, низоми махсуси миллии тарбиявӣ аст. Моро зарур аст, ки низоми махсуси миллии тарбиявиро дар асоси илм созем. Интизор нанишинем, ки масъули Вазорати маориф аз хориҷиҳо чизе тарҷума карда, рӯйи мизи кории худ гузораду онро ҳамчун дастурамал истифода кунад? Аз ҳамин ниҳоди илмӣ мо пурсонем, ки чӣ гуна мо бояд, бо назардошти таҳияи заминаи илмии инсоншиносӣ, заминаҳои сохтани як барнома ё низоми махсуси тарбиятиро ба вуҷуд биёрем? Чи бояд кард, то ҳамон рӯҳияи заифу шикастаи миллиямонро барқарор карда тақвият диҳем?

Комил Бекзода: Ман ба ҳамин назаре, ки хиради ноб, хиради азалӣ ё архетип меноманд билкул розӣ нестам. Ҳамин терминҳоро ҳам худашонро ва ҳам мазмунашонро қабул надорам. Ин як. Дигар ин ки чаро миллати мо ба ҳамин роҳ расидааст? Назари ман ин аст, ки мо дар таърих ҳеҷ иштибоҳе накардаем. Мо дар ибтидо устураҳои Ҷамшедӣ доштем, ин дар хотираи таърихии  мардуми мо сабт буд. Ин ҳамон архетип аст, ҳамон устураҳои Ҷамшедӣ. Ҷамшед худ тарафдори биҳишти заминӣ буд. Ин дар менталитету тафаккури шифоҳии халқи мо сабт шудааст. Диданд, ки бо роҳи шифоҳӣ намешавад, тақрибан 300-400 сол баъд аз Ҷамшед онро Зардушт бо роҳи динӣ дар Авесто сабт кард. Авесто ҳам ҳамин назарро дорад, лекин дар шакли динӣ. Ҳадаф ҳамон ҳадаф-биҳишт мебошад. Аз Ҷамшед  биҳишти заминӣ, аз Зардушт биҳишти осмонӣ аст. Аз Ҷамшед абадияти умри инсон дар Замин, аз Зардушт абадияти умри инсон дар биҳишти осмонӣ. Яъне, бо гузашти айём ҳамин ҳадафҳо дақиқ мешаванд. Аз Ҷамшед арзишҳо устуравӣ буданд. Дар Зардушт он арзишҳо шакли конкретии динӣ гирифтанд. Дар Мониву Маздак ба ҳақиқат наздиктар шуданд, яъне ҳамин ду андеша таҳаввул ёфтанд. Лекин баъди онҳо мо шикаст хӯрдем. Барои он шикаст хӯрдем, ки ҳар қавме, ки ба дараҷаи маданият мерасад вай дигар одамкушӣ карда наметавонад. Қавмҳое, ки бо корвони фарҳанг омаданд ва дар менталитети онҳо фарҳангу донишу хираду инсоният ташаккул ёфтааст, минбаъд қобилияти куштани одамро аз даст медиҳанд. Мо чаро натавонистем, ки менталитети худро нигаҳ дорем? Менталитет аз байн нарафтааст. Ҳамон менталитети Ҷамшедӣ - Зардуштӣ то ҳозир боқист. Мо тан надодем, мо таслим нашудем, вале барои он ки бо Искандар, бо араб, бо турк зӯрамон нарасид, коре кардем, ки ақаллан зиндагии шахсии худамонро нигаҳ дорем. Лекин дар зери хокистар ҳамон менталитети қадимаи миллии мо вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Вақте мебинем, ки он ваҳшиҳо камтар ба олами тамаддун ворид шуданд ва шуда истодаанд, кам-кам гиребони моро сар дода истодаанд. Мо акнун дида истодаем, ки ақидаҳои мову назароти пешинаи мо дар сохтани давлати миллӣ истифода мешаванд. Ман дар ин масъала пессимист нестам. Ман оптимистам, ки ҳамин назароти мо дар оянда боз намуна мешаванд, чаро ки дар гузаштаҳои дур Ҷамшеду Зардушт намунаи тамоми дунё буданд. Динҳои яҳудиву масеҳиву исломӣ нусхаҳои дини Зардуштанд. Ҳамин намунаи биҳиштсозии коммунистӣ нусхаи биҳишти заминии Ҷамшед буд. Инҳо дар назар афсонавӣ менамоянд, лекин аз назари равоншиносии мардумии Густав Лебон гирем, воқеиятҳоеанд, ки ҳазорҳо мисолаш дар замини мо вуҷуд дорад. Дар ибтидо мо ҳам монанди дигарон зӯровар ва золим будем, мо ҳам ҷанганда будем. Ҷамшеди мо ҳам ҷанганда буд, сохтани биҳишти рӯйи Замин осон набуд ва онро худ месохт ва дигаронро низ маҷбур мекард. Ё ки дини Зардуштӣ ҳам он қадар  озода набуд, ки менависанд. Масалан, дар замони Сосониён чунон бо зулм мардумро гирифтор карданд, ки мегуфтанд, ин идеологияи давлатӣ аст ва шумо бояд ҳамин хел рафтор кунед, на тарзи дигар. Худи мардум безор шуда буданд. Барои ҳамин таърихро идеологизатсия кардан даркор нест, танҳо ба хотири он ки маҳз таърихи мост. Муҳаққиқ бояд бо чашми равшан ба ҳама дунё  назар кунад, чунки, агар иштибоҳе шавад, ҳамон иштибоҳ боз ба гардани худамон бармегардад. Ана барои ҳамин шумо пешниҳод кардед, ки аз низоми тарбиятӣ оғоз кунем. Онро дар асоси ҳамин решаҳо шурӯъ кардан даркор аст. Барномаҳои нави ҳозиразамон сохтан зарур аст. На пайравӣ аз Аврупо. Аврупо ҳам аз мазҳаб наҷот наёфтааст. Мо вақте Аврупо мегӯем, хаёл мекунем, ки бо мо Генрих Гейне, Гёте, Гегел, Шопенгауер, Ничше гуфта истодаанд. Аммо Аврупои имрӯза Аврупои Рокфеллер ва Дюпон аст. Аврупои Гёте ва Ничше вуҷуд надорад. Ин Аврупои  пулдорҳост, ки ҳамаи дунёро оташ зада истодаанд. Барои ҳамин аз онҳо идеал сохтан даркор нест. Мо барои сохтани давлати миллӣ захира дорем ва боварӣ ҳам дорем, ки мардуми пешқадами ҷаҳон бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Чаро ки мо имрӯз ҳам метавонем дар сохтани як ҷомеаи дунявӣ ва давлати демократӣ саҳм дошта бошем. Ҳамин давлати дунявии мо монанд ба ҳамон давлати Ҷамшедӣ аст, ки дар вақташ Ҷамшед сохта буд. Шумо хондаед қиссаи Ҷамшедро, ки 17 кашфиётро, шахсан худаш кардааст. Шахсан, худаш кишоварзиву парваришу обёриву сохтани аслиҳаву ғайраро кард. Ана, ҳамон давлати дунявии Ҷамшед то ҳол дар менталитети мо вуҷуд дорад. Ҳарчанд дар шакли устуравӣ аст, лекин агар хоҳем, ки дар ҳамон хатти сайри қавмиву миллии худ бошем, бояд аз ҳамин давлат пуштибонӣ кунем, аз решаҳои таърихии худ пуштибонӣ кунем. Ин ҷо гап дар бузургманишӣ нест, ки мо махсусан, чизи худро ситоиш кунем. На, ҳамин ду нафар Ҷамшед ва Зардушт муаллимҳои инсониятанд. Вақте китобҳои хориҷиро мехонед, дар бораи онҳо ҳамин гапро мегӯянд. Аввалин муаллимони инсониятанд. Чунки аввалин бор донишро онҳо оварданд, динро ҳам онҳо оварданд. Минбаъд фақат донишу дини қавми моро дигар миллатҳо нусхабардорӣ карданд. Ин барои худбузургбинӣ нест, ин воқеияти таърихист. Хонеду муқоиса кунед? Хуб, ман ба ҳамин назарам, ки мо аввалин қавми фарҳангӣ будем. Мо баъдҳо дар пеши одамкушҳо таслим шудем, акнун раванди имрӯза ба он расидааст, ки одамкушҳо ҳам фарҳангӣ шуда истодаанд. Мунтазир мешавем, ки ҳамин одамкушҳо ҳам фарҳангӣ шаванду якҷоя дар ҳамин ҷаҳон биҳишти заминӣ ташкил кунем. Идеяи Ҷамшеду Зардуштро дар амал татбиқ кунем. Ин аст роҳе, ки дар заминаи таъриху фарҳанги худамон рафта метавонем. Ин ҷо як агар аст. Агар ягон идеяи аз ин беҳтар, аз идеяи ҷамшедӣ ва идеяи зардуштӣ дар ҷаҳон мавҷуд бошад, хоҳ дар қавмҳои африқоӣ, хоҳ амрикоӣ ман, бе ягон таассуб қабулаш мекунам. Агар маро аз нигоҳи ақлу мантиқ қонеъ кунад, ҳамонро қабул мекунам. Андешаҳое, ки дар қавми ман аст, ба ақл, ба таърих, ба мантиқ наздиканд, барои ҳамин ман онҳоро қабул кардам, на барои он ки аз миллати ман асту азиз аст.

Нозим Нурзода: Ташаккур, устоди арҷманд ва дӯстонигиромӣ, барои як суҳбати ҷолиб. Ин навъ суҳбатҳо, махсусан доир ба масоили онтологӣ – ҳастишиносӣ ва инсоншиносӣ хонандаро ба умқи мушкилоти фалсафӣ ва иҷтимоӣ мутаваҷҷеҳ сохта, ҷараёни биниши илмиро таҳкиму тақвият мебахшад.

Итминон дорем, ки минбаъд ҳам ҳамкориҳои мо бо Марказӣ инсоншиносӣ идома меёбанд ва суҳбату гузоришоти фалсафии Шумо саҳифаҳои шумораҳои навбатии маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”-ро пурмуҳтаво месозанд.

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №2 (6), 2017

Хондан 4045 маротиба

Китобҳо