JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, Донишҷӯйи соли чоруми бахши ҳуқуқшиносии ДМТ, Нусратуллои Назариён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи истиқлоли миллӣ" » -ро мавриди баррасӣ қарор доданд

10 октябр ба зодрӯзи файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, шодравон Иброн Шарипов 90 сол пур мешавад.  

Бо ибтикори Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи  8 октябри  соли 2021 семинари илмӣ-  методиро дар мавзӯи “Саҳми профессор Шарипов Иброн Шарипович дар ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоӣ дар  Тоҷикистон”  бахшида ба 90 - солагии шодравон Иброн Шарипов  баргузор  гардид.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, доктори (PhD) дар соҳаи геология Ҷовид Аминов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Метаморфизм ва пайдоиши канданиҳои фоиданок» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷумъа, 01 Октябри 2021 11:32

Дар қутби илму фарҳанги миллӣ

   (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи табиатшинос, кайҳоншинос, файласуф, муаррих, фарҳангшинос, андешаманд ва равшанфикри  миллӣ устод Акбар Турсон)

Аз солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, илм ва фарҳанги миллӣ дар симои устод Акбар Турсон такягоҳ ва пуштибони воқеии худро дарёфт. Воқеан, бо вуруди устод ба муҳит ва фазои илмию фаннӣ ва эҷодию мадании миллӣ тағйироти куллие дар арсаҳои кайҳоншиносӣ, тоҷикшиносӣ, ватаншиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ, қаламрави аҷдодӣ, ҳофизаи миллӣ, хештаншиносӣ, фарҳангу тамаддуни бумӣ ва дар маҷмӯъ, ҳувиятмадории тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

  Академик Акбар Турсон як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи кайҳонӣ, фалсафӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда,  то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз овони наврасӣ устод Акбари Турсон бо ташвиқи падари бузургвор ва муаллимони сахтгири рӯзгор ба омӯзиши кайҳони беохир, фазои ҷирмонӣ, ҳисобу китоби масофаву ҳаҷми аносири улвию суфлӣ (самовию заминӣ) ва ҷузъиёту куллиёти олами ҳастӣ камари ҳиммат барбаста, дар ин замина такмили дониш кард. Баъди хатми факултаи физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (соли 1961) умри хешро ба илм пайванд медиҳад ва дар бонуфузтарин марказҳои илми вақти шӯравӣ такмили донишу маърифат  мекунад.