Андаршинохти шахсият ва симои сарвари давлати навини тоҷиикон - Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти ҷаҳонӣ ва ватанӣ афкори ниҳоят фароху зиёди арзанда ва воқэъбинона ироа шудааст. Рисолати таърихии ӯ дар ҷодаи иҷрову ба сомон расонии бисёр масоили глобалии ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу татбиқ карор дорад. Рисолати аввалиндараҷа ё калидии эшон, дар дилбастагии бекарон ба мардуми шарифи худ, хизматҳои содиқона ба манфиати миллату Ватан, фурӯтанию ҳамеша бо онҳо будан ва аз зиндагии тамоми қишрҳои ҷомеа огоҳи доштан, сарпарасти кардан ба ятимон, тифлони маъюби ҷисмию руҳӣ, фардони бекасу барҷомонда, ёрии маънавию моддӣ расонидан ба онҳо зоҳир гаштааст. Ҷомеъаи имрӯзаи мо дар натиҷаи сиёсати «дарҳои боз», ҷаҳоннамо шудааст ва ба музаффариятҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шикастани чаҳорчӯбаи суннатии ба равандии таърихии имрӯза номатлуб ва амсоли онҳо соҳиб шудааст. Аҳамиияти байналмилалии сулҳи тоҷиконро ташкилоти бонуфузтарини ҷаҳон Созмони Миллали Мутаҳид ба ҳайсӣ таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ пазируфт. Муншии умумии пешини СММ Кофе Анан (1997-2006) ва дигар абармардони сиёсии ҷаҳонӣ ин падидаро «таҷрибаи беназир ва муваффақ» номбар карданд [1, с. 3].
(паёми шодбошии маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати 75-солагии зодрӯзи файласуфи инсоншинос, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)
Басо рамзист, ки зодрӯзи чандин бузургони илму адаби муосири миллӣ ба моҳи май рост омадааст ва дар қатори устодони шаҳири шеъру адабиёти тоҷик Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ доктори имлҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ҳам дар ҳамин моҳи май (дақиқтараш, 29 май) зодрӯз доранд ва ба синни камолот – 75-солагӣ мерасанд. Ба ин манзур, маймоҳ дар гоҳшуморӣ ва тақвимбандии адабию илмии мо ҷойгоҳ ва мақоми вежа касб кардааст.
(Паёми табрикотии маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи файласуфи муосири миллӣ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ)
Бо меҳри Аҳуройи куҳан меойӣ,
Бар рағми ситези Аҳриман меойӣ.
Бо ҳикмати озодагӣ Ёрии азиз
Аз баҳри наҷоти ин Ватан меойӣ.
Тамоми комёбиву дастовардҳо вобаста ба мақсаду мароми инсон рӯйи кор омада, барои аз байн бурдани мушкилоти ҷомеа ба даст оварда шудаанд ва мешаванд. Маҳз ҳамин масъала илмҳои дақиқу табиатшиносиро пурмазмун гардонида, қадру қимати онҳоро баланд мебардорад. Зеро кулли дастовардҳои техникӣ ва технологияҳое, ки башар то имрӯз ба онҳо ноил гардидааст ва дар оянда ба даст меорад, маҳз дар заминаи омӯзиши ин илмҳо падид омадаанд ва бар асоси қонунияти ин улум фаъолият менамоянд. Ва ҳар ҷомеа ва давлате ҳам, ки дар раванди рушд қарор дорад ва пешсаф аст, пас аз рӯй оварданд ба улуми дақиқу табиатшиносӣ ба ин мақом даст ёфтааст.