JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Устоди гиромӣ Қурбон Восеъ,

Шумо солҳост ҳамчун муҳаққиқ, донишманд, адабиётшинос, арбоби сиёсию давлатӣ, зиёӣ ва фарҳангии саршиноси ҷумҳурӣ миёни аҳли илму маърифат ва сиёсату маданияти тоҷик соҳибэҳтиром гардидаед. Сабаби эҳтирому самимияте, ки ҷомеаи илмию мадании тоҷик ба Шумо дорад, албатта, ба сахткӯшӣ, масъулиятшиносӣ, талошварзӣ  ва тавонмандии илмию эҷодиатон бастагӣ дорад. Шумо аз ҷумлаи нахустин муҳаққиқоне ҳастед, ки дар заминаи адабиёти ҷавонмардӣ ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ таҳқиқоти муфассал намуда, то имрӯз дар масири муаррифии  шоистаю боистаи ҷараёни иҷтимоию ахлоқӣ ва мадании футувват, ки ҳамон ойини ҷавонмардист,  устуворона  гом бармедоред. Таълифоти Шумо доир ба ойини ҷавонмардӣ ва мушаххасоти мактаби футуввати асримиёнагии форсии тоҷикӣ бо шумули «Номаи ҷавонмардӣ» (1985), «Ойини риндӣ ё Маслаки Ҳофиз» (1991), «Литература джавонмарди» (1995), «Чаҳор китоби насри ҷавонмардӣ» (2000), «Ҳашт манзар» (2002), «Таджикская рыцарская литература» (2004), «Адабиёти ҷавонмардии форсу тоҷик» (2007), «Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ» (2008), «Рисолаҳои ҷавонмардӣ» (2010) ва амсоли инҳо солҳо боз барои доираи васеи муҳақаққиқону хонандагони ватанӣ ҳамчун осори вежаи таҳқиқӣ ва илмӣ-методӣ маълуманд. Аз ин гузашта, Шумо сарчашмаву манобеи адабию бадеии  «Достони Амир Арслон» (1989), «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», “Рисолаи «Ҳотамия”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ” (1991), «Абумуслимнома» (1994), «Доробнома» (2002), «Девони Насимӣ» (2005), «Тазкираи шуарои муосири Ҳирот» (2005)-ро, ки бевосита ба ойини ҷавонмардӣ ва маслаки футуввати асримиёнагӣ иртибот доранд, интишор дода, аз тариқи ибтикороти илмӣ аҳли таҳқиқ ва ҳаводорони адабиёти классикии форсии тоҷикиро аз чашмаи сероби фарҳанги аҷдодӣ шодоб намудаед.

Дониш ҷузъи таркибӣ ва масири рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, он маҳсули низоми босамари маориф ва кӯшишу талоши ашхоси хирадманди ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар ҷомеаи донишбунёд мувафаққиятҳо аз неруи дониш сарчашма гирифта, роҳи пешрафту тараққиёт тавассути он муқарар карда мешавад. Талош баҳри умумӣ сохтани донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳи расидан ба музаффарияту озодӣ мебошад. Ҷомеа ба онҳое, ки дониш доранд ва низ ба онҳое, ки аз маърифат дуранд, паҳн мегардад. Дар натиҷа, дониш василаи эҷоди фосила миёни ду қишри ҷомеа мегардад, яке қишри донишмеҳвар ва дигаре аз маърифат дур. Дар баробари пайдоиши ин фосила вазифаи ашхоси хирадманд ва аҳли зиё бо роҳи донишомӯзӣ васл намудани ин ду қишр аст, ки аз лиҳози сатҳи огоҳӣ ва илму хирад аз ҳам фосила гирифтаанд. Яъне ваҳдату иттиҳод бо роҳи ҳидоят сохтани ҷомеа ба сӯи илму маърифат падид меояд. Сатҳи огоҳӣ дар ҷомеа баёнгари сатҳи маърифатнокӣ дар он аст. Гузаштан аз ин, роҳи борику маҳдуд ва ниҳоят боз намудани фазои ҷадид, ки тамоми аҳли ҷомеа бо тавсиаи ҷаҳонбинии илмии худ, ба он роҳ меёбанд, марҳилаи бунёди ҷомеаи идеалӣ ва инсонмеҳвар мебошад. Дар натиҷа нақши илму дониш ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеа вусъат гирифта, бо истифода аз зарфияти зеҳнӣ ваҳдати фикриро ба вуҷуд меоварад. Ҷомеае, ки ҳаёти воқеӣ дар он бар асоси хирад ва муносибатҳо тавассути ченаки дониш муайян карда мешаванд.

  Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба соҳаи маориф ва илм аҳмияти ҷиддӣ зоҳир мегардад, зеро роҳи саодати башар, маҳз, дар доштани илму огоҳӣ аст. Асос ва муҳтавои маорифпарварӣ, ин пеш аз ҳама тарбияи инсони комил ва рушд додани он ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир, башар дарк намуд, ки роҳи пешрафту тараққиёт ва дар баробари ин ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ, танҳо бо доштани илму хирад имкон дорад. Тараққиёти техналогия ва мавқеъ ёфтани шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо дар ҷомеаи мутамаддин тазоди фикриро ба вуҷуд овардааст. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳо ҳамчун абзори мафкурасозӣ ва бо ин роҳ тағийр додани самти фикрронии аҳли ҷомеа, хатари ҷиддие ба ваҳдати миллатҳо эҷод сохтааст. Асоси пойдории ваҳдати миллӣ ин муттаҳидии миллат аст ва асоси муттаҳидии миллат, ин вуҷуд доштани ваҳдати фикрӣ мебошад.

Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
   Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳими муттаҳидсозанда барои тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки ба дараҷаи тамаддуну фарҳанги миллат аз рӯи иштироки мардуми он, махсусан занон дар ҳаёти оилавӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, инчунин дар омӯхтану аз бар намудани  мероси моддию маънавии халқ, бою ғанӣ гардонидани арзишҳои фарҳанги маънавӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

 

 Андаршинохти шахсият ва симои сарвари давлати навини тоҷиикон -  Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти ҷаҳонӣ ва ватанӣ афкори ниҳоят фароху зиёди арзанда ва воқэъбинона  ироа шудааст. Рисолати таърихии ӯ дар ҷодаи иҷрову ба сомон расонии бисёр масоили глобалии ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу татбиқ карор дорад. Рисолати  аввалиндараҷа ё калидии эшон, дар дилбастагии бекарон ба мардуми шарифи худ, хизматҳои содиқона ба манфиати миллату Ватан, фурӯтанию ҳамеша бо онҳо будан ва аз зиндагии тамоми  қишрҳои ҷомеа огоҳи доштан, сарпарасти кардан ба ятимон, тифлони маъюби ҷисмию руҳӣ, фардони бекасу барҷомонда, ёрии маънавию моддӣ расонидан ба онҳо зоҳир гаштааст. Ҷомеъаи имрӯзаи мо дар  натиҷаи  сиёсати  «дарҳои боз», ҷаҳоннамо шудааст ва ба музаффариятҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шикастани чаҳорчӯбаи суннатии ба равандии таърихии имрӯза номатлуб ва амсоли онҳо соҳиб шудааст. Аҳамиияти байналмилалии сулҳи тоҷиконро ташкилоти бонуфузтарини ҷаҳон Созмони Миллали Мутаҳид ба ҳайсӣ таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ пазируфт. Муншии умумии пешини СММ Кофе Анан (1997-2006) ва дигар абармардони сиёсии ҷаҳонӣ ин падидаро «таҷрибаи беназир ва муваффақ» номбар карданд  [1, с. 3].