15 ноябр муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзида Нурмуҳаммад Сафарзода (Нурмуҳаммад Одинаев) зодрӯз доранд. Ин шахсияти илмӣ ва эҷодӣ солиёни тӯлонӣ дар самти пажӯҳишу таҳқиқ ва маорифи миллӣ заҳмат кашида, дар таҳияву нашри мероси адабӣ, таълифи матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ саҳми сазовор мегузорад. Устод Нурмуҳаммад Сафарзода ба унвони шахсияти миллӣ дар самти арҷгузории забони давлатӣ ва бузургдошти фарҳангу адаби тоҷикӣ пайваста ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф хидмат ба халқу меҳанро аз тариқи ташаккул ва тавсеа додани ҳувияти миллӣ, ки аз омӯзишу гиромидошти забони давлатӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ сарчашма мегирад, амри зарурӣ ҳисобида, дар ин ҷода ифтихормандона гом бармедорад. Ба ин манзур, ӯ ҳанӯз солҳо қабл дар ҳамдастӣ бо пажӯҳишгарони маъруфи миллӣ дар таҳияву тадвини маҷмӯаҳои илмӣ-таҳқиқии марбута саҳми муносиб гузоштааст (дар ин замина ниг.: Забони тољикї дар мабнои мубоҳисаҳо. Душанбе: Ирфон, 2007). Аз ин ҷост, ки Нурмуҳаммад Сафарзода ҳамчун муҳаққиқи миллӣ рисолати худро, қабл аз ҳама, дар ҳимояти забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронмояи аҷдодӣ арзёбӣ мекунад.
Мо, аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” имсол -- таърихи 11 ноябрро ба унвони “Рӯзи навоварӣ” таҷлил мекунем. Ин навъ санасазӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.
10 ноябр зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Ҳафиз Холиқзода мебошад. Ин чеҳраи илму фарҳанги миллӣ дар ҳавзаҳои фикрӣ ва мадании дохилию хориҷӣ ошно буда, солҳост бо мутолеоту ковиш ва пажӯҳишу гузоришоти жарф дар ростои фарҳанги миллӣ заҳмат мекашад. Муқовимат ва мубориза бо ҳар шакли бурузу ҳузури хурофоту ҷахолат, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давондааст, ҳамчунин ҷуръати фошгӯйӣ ва ҷасорати фалсафӣ абъоди муҳимми шахсиятӣ ва ҳувиятии ин рӯшангари миллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафии ҷомеашинос ва файласуфи муосири миллӣ Ҳафиз Холиқзода дар садҳо мақолоти илмӣ ва бавежа, монографияҳои илмии муфассал “Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (маҷмӯаи илмӣ). – Душанбе: Дониш. 2013); “Ҳувияти ҷамъӣ ва шабакаҳои дифоъӣ дар ҷануби Тоҷикистон” (ниг.: Boboyorov Hafiz, Collective Identities and Patronage Networks in Southern Tajikistan. – Berlin: Lit Verlag, 2013. – 296 с.); “Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи нестӣ дар фалсафи Ғарб” (ниг.: Бобоёров Ҳ. Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи нестӣ дар фалсафи Ғарб. –Душанбе: “Дониш”, 2015. -355 с.) дарҷ гардидаанд. Ҳамчунин матолиби ҷиддии илмию ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Ҳафиз Холиқзода дар соири маҷмӯаҳои илмӣ (аз ҷумла дар: //Ҷаҳонбинии оянда ва бархӯрди андешаҳо (Маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: “Дониш”, 2015) ба нашр расидаанд. Доираи биниш, шеваи ковиш, тариқаи гузориш ва тарзи нигориши Ҳафиз хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.