JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 22 Августи 2018 05:26

Санъат ва инсонсозӣ

 

   Аз он вақте ки дар осмон Офтоб фурӯзон буда дар гирдаш сайёраҳо чарх мезананд, ҳеҷ гоҳ дида нашудааст, ки дар ҳамаи замонҳо одамон дар хусуси тақдиру толеъ, хушбахтиву бадбахтӣ, озодиву ахлоқ, муҳаббат ва санъат барин падидаҳои умумиинсонӣ фикр накарда бошанд. Зеро, аз назари инсоншиносии файласуфи маъруф Кароматулло Олимов: “Ҷаҳони ботинии инсон падидаи хеле мураккаб аст, ки ҳамеша тилисме буда, ҳаст ва хоҳад буд ва онро то охир кашф кардан номумкин аст. Ин ҷаҳони зеҳнӣ омезиши тасаввуроти илмӣ, динӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, эҳсосотӣ ва ғайра мебошад”.  Аз ҳамин сабаб се ихтисоси вазнин дар рӯзгори одамизод вуҷуд дорад: инсон сохтан, муҳаббат доштан ва табобат кардан.

  Манзараи илмии олам - ин манзараи васеи донишҳо дар бораи табиат ва башарият, ки назарияҳои хеле муҳим, фарзияҳо ва далелҳоро дарбар гирифта, тақозои ҷавҳари ҷаҳонбиниро дорад. Он аз низоми хулосаҳои илмии аз қазияҳои мушаххаси фанҳои алоҳидаи афзалиятнок таркиб ёфта, ҳамчун марҳалаи ҷамъбасткунандаи ҳамгироии комёбиҳои илмӣ ба низоми ягонаю бидуни ихтилоф ҳувайдо мешавад.

  Баъд аз якҷояшавии модели ядроии атом бо назарияи квантии рӯшноӣ, дар пешрафти илми физикаи муосир як қатор кашфиёт ва дастоварҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Дар баробари чунин пешравию дастовардҳо, инчунин дар физика як қатор проблемаҳои ҳалталаб низ арзи вуҷуд карданд, ки барои ҳалли онҳо механикаи классикии Нютон, назарияҳои электростатикии Кулон ва электродинамикии Максвелл оҷиз мемонданд. Сипас, олимони соҳаи физикаро лозим омад, ки барои бартараф намудани чунин мушкилот назарияи ҷадиду мукаммалтареро тарҳрезӣ намоянд.

  Ҳанӯз дар асри XVIII, дар бораи рӯшноӣ ва табиати он ду назария ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтанд. Ин назарияҳо таносубан назарияи корпускулавии рӯшноӣ ва назарияи мавҷии рӯшноӣ ном ниҳодаанд. Назарияҳои мазкур хосиятҳои гуногуни рӯшноиро дар муҳитҳои мухталиф тавсиф медиҳанд. Асосгузори назарияи корпускулавии рӯшноӣ олими англис И. Нютон ва поягузори назарияи мавҷии рӯшноӣ физики нидерландӣ Христиан Гюгенс (1857-1894) мебошад. Мувофиқи тадқиқоти Максвелл бошад, рӯшноӣ мавҷи электромагнитӣ аст.