JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 08 Ноябри 2018 19:08

Аз танқиди хурофоти динӣ рушди ҷомеа вобаста мебошад

Муаллиф:

Дар субҳи сарди 16 феврали соли 1600 олими итолиёвӣ Ҷордано Бруноро аз маҳбас  берун оварданд ва ба майдони эъдом бурданд. Даҳонашро бо даҳонбанд пушонданд то ба тӯдаи ҷамъомада чизе гуфта натавонад, ва ӯро ба поячӯб баста зинда ба зинда бо иттиҳомӣ бидъаткорӣ, сӯзониданд.

Давоми 8 соли дар маҳбас будани худ Бруно бо шиддат бо мақомоти мазҳабие, ки мегуфтанд маркази Кайҳон Замин аст мухолифат мекард ва системаи нуҷумии Коперникро дастгирӣ мекард, ки бар асоси он маркази низоми офтобӣ Офтоб ҳисобида шудааст.

Ин воқеа замоне рух дод, ки илм тоза рӯ ба рушд оварда буд. Вақти зиёде гузашт ва илм ба он даст ёфт, ки қабзаи гирои дин ва хурофотро дар зиндагии мардум суст намояд. Вале ҳатто имрӯз мисли замони асри 17 нафарони зиёде дар Тоҷикистон барои худ монеа эҷод мекунанд. Тарс доранд, ки танқиди хурофоти динї метавонад ба ихтилофи иҷтимоӣ расонад ва ё ҳатто боиси зӯроварии ҷисмонӣ алайҳи танқидгар шавад.  Ин ки чунин раванд дар давлати дунёвӣи мо вуҷуд дорад, нигаронкунанда аст.

Озодона омӯхтан, таҳлил ва танқид кардани дидгоҳҳо ва анъанаҳои динӣ-хурофотии худ ва дигарон яке аз шартҳои муҳими рушди шахсияти инсон мебошад. Дар тӯли таърих мардум бовару эътиқодоти зиёде доштанд. Барои мисол, чунин мепиндоштанд, ки офтоб дар гирди замин давр мезанад;  замин ҳамвор аст;  сабаби саръ ва ихтилоли равонӣ арвоҳҳои бади лаънатшуда мебошанд ё ҷинси кӯдак вобаста аз бадани зан аст. Ба мурури зaмон собит шуд, ки ин тасаввурҳо ғалатанд. Вале бештари динҳо ва диндорон бо тағйироти бунёдӣ муқовимат мекунанд. Дар чунин ҳолат, худсензура, ки бештари мардум мекунанд, танҳо садди сунъиеро, ки динро аз ҳар гуна танқид дифоъ менамояд, тақвият мекунанд. Ин ба он оварда мерасонад, ки мардум ҳатто дар бораи мубориза бо беадолатиҳо ва дурӯғҳои мазҳабӣ фикр намекунанд.

Баъзеҳо барои ҳифзи дахлнопазирии динии худ ба талошҳои бениҳоят бузург мепардозанд. Дар айни ҳол танқиди дини ҷудогона ё деизм, итсизм, агностикизм, атеизм мутлақо ҳеч гуна ихтилоферо барнамеангезад. Ба назар мерасад, ки талаботи эҳтиром кардани ҳиссиёти диннии онҳо, табдил мегардад ба талаботи муҳофизат аз танқидҳо танҳо нисбат ба дини онҳо. Мутаассифона, ин нодуруст аст. 

Бояд ҳамаи динҳо интиқодпазир бошанд ё бояд комилан дидгоҳо ва эътиқодҳоро аз интиқодӣ муҳофизат кунанд. Ҷомеасозӣ барои ҳифзи танҳо баъзе дидгоҳо мумкин нест, зеро номумкин аст, ки озодии афкор ва  пешравиҳои илмӣ ба хотири мардуми эътиқодманд аз байн бурда шаванд.

Ҳамаи мардумон ҳақ доранд, ки ба дини худ боварманд бошанд. Ин фаолияти шахсии ҳар кас аст. Аммо дар мазҳари ом эътиқодоти динӣ, мисли ҳар бовармандии дигар набояд аз тадқиқоти интиқодӣ дар амон бошад. Худсензура, ки бисёре аз шаҳрвандон ба он рӯй меоваранд, метавонад ба фаъолони дин манфиат бахшад ва ҳадафҳои зараровари сиёсиро ривоҷ диҳад, ки дар худ ҳеч гуна асоси воқеиеро надоранд. Онҳо метавонанд ба ин ишора кунанд, ки диндорӣ дорои болотарин мақоми ахлоқист ва медонанд, ки мавқегирии онҳо аз ҳама гуна танқид муҳофизат мешавад.

Ҳатто дар сурати вуҷуд надоштани фаъолони динӣ корбурди идеяҳои динӣ навобаста аз тафсири дурусти ин идеяҳо, наметавонанд, ки аз чаҳорчӯби хонаводаҳои ҷудогона берун набароянд. Ин гуна идеяҳо ночор ба ҷомеа таъсиргузор буда, пайомадҳои хосеро барои ҳамаи шаҳрвандон доранд.

Барои мисол мардоне, ки сади роҳи таҳсили духтарони худ мешаванд, қонунҳои давлатро заъиф ва ҷомеаро ба камсаводӣ мебаранд. Мардоне ки чанд зан доранд на танҳо ҳамвора ба худи занҳо, балки ба фарзандонашон низ захми равонӣ мезананд. Дар чунин хонаводаҳо нодида гирифтани бархе аз ҳамсарон ногузир аст ва рақобатро барои ҷалби таваҷҷуҳ, маблағ ва фурсати шавҳар ба рашки доимӣ, вобастагӣ ва хашм меоварад. Мардоне ки намегузоранд занҳо фаъолияти корї дошта бошанд, ҳузури занҳоро дар бозори кор аз байн мебаранд ва барои нақши пешоҳанг пайдо кардани занон дар ҷомеа халал мерасонанд. Табобати кӯдакон дар пеши муллоҳо ва  саломатии онҳоро зери хатар мегузорад ва хурофотро ривоҷ медиҳад. Пас, эҳтиром ба инсонҳо наметавонад ба маънои эҳтиром ба тамоми ақида ва эътиқоди онҳо бошад.

Барои мисол, ин гуна ақидаҳо: идора кардани худ барои мардон нисбат ба занон мураккабтар аст; бардадорӣ бо иҷозаи Худо амалӣ шуд; занҳо бояд дар хона бошанд; мардҳо бояд занҳои худро назорат кунанд; офарандаи Кайҳон тарсида буд, ки инсонҳо тавассути манораҳои баланд ба ӯ мерасанд, вале дар айни замон аз сохтмонҳои баландтари замони муосир наметарсад; Офаридгор издивоҷ бо ноболиғони хурдсолро ҷоиз медонад, – қобили эҳтиром нестанд.

Сарфи назар аз ин ки як қатор доктринаҳои динӣ зарари эҳтимолиpo ба ҷамъият мерасонанд, бархе ҷуръати танқиди онҳоро ба таври ошкорo надоранд. Ба ҷойи ин ба мардум нишон медиҳанд, ки чунин доктринаҳоро мавриди эътибор қарор медиҳанд.  Ҳадди ақал онҳо дар мазҳари ом чунин мекунанд.

Ҳоло мо ба инсонҳое чун Бруно – мутафаккирони бузургу шахсиятҳои дорои хусусиятҳои наҷибе ниёз дорем, ки метавонанд занҷираҳои худсензураи хурофотиро раҳо кунанд ва боэътимод қадаме ба пеш бигузоранд.

Диндорони мутаасиб дар посух ба интиқод чунин ибораҳои обшустае, мисли «танҳо бовар ва итоат кардан лозим аст» ба танбалии зеҳнии худ ишора мекунанд. Барои дигарон худсензура нишонаи тарсуист. Фақат дар ҳолате ба пешравї ноил шудан имконпазир аст, ки эътироф намои, ки ҳифзи дин аз танқид ғайр аз фаъолони сиёсии динӣ ба касе  манфиатбахш нест.

 Шогуна Собир

таҳлилгари масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ

Хондан 1572 маротиба