JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 04 Июни 2018 04:49

Ҷалолиддини Румӣ дар талоши инсони худшинос

Муаллиф:

«Як  одамӣ  ба  ҳама  ҷаҳон  муқобила  кунад»

(Шамси Табрезӣ)

  Месазад, ки доир ба ин сипаҳсолори олами фикр Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ (1207-1273) гуфта шавад, ки:

«Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад»!

  Ва бешак, Мавлоно яке аз донотарин шахсиятҳои ҳамаи давру замонҳост, ки асрҳо бо ҳама ҳаёҳу ва лофу газоф ба фаҳмиши «асрори худӣ»-и Мавлоно нарасидаанд.

  Ӯ чун олами вуҷуд ҳамаро фаро гирифт. Вале ҷаҳони маънавии ӯро фаро гирифтан,  ҳатто дар ин замон ҳам,  амрест маҳол. Маҳолии амр дар ин аст, ки пешниҳоди Мавлоно аз ҳавсалаи мардуми давру замон берун аст.

  Мавлоно мегӯяд, ки мо одамон бояд мансаби худоиро соҳиб шавем. Вале мардум бо чашми ҳайрат ба ӯ менигаранду халос. Чӣ гуфтанашонро намедонанд. Зеро илман ва амалан қодир нестанд, ки пешниҳоди ӯро қабул кунанд. Яке аз он ҳакимон (Фридрих Нитше) як қарн пеш то ҷое расид ва фармуд «Худо, мурдааст»! Вале баъд худи вай ин дунёи бехудоиро таҳаммул карда натавониста, ба олами ҷунун пайваст. Дигарон  Худоро инкор мекунанд ва ба ҷойи он Худои дигаре ва ё бути дигареро пешниҳод менамоянд. Вале Мавлоно мегӯяд, ки танҳо Инсон сазовори мансаби худоист, на Худоҳо ва бутҳои сохта ва бофтаи хурофотӣ! «Зиҳӣодамӣ, ки ҳафт иқлим ва ҳамаи вуҷуд арзад!», - мегӯяд устодаш Шамси Табрезӣ.

  Хоксории Мавлоно асоси худро аз фалсафаи шахсии худи ӯ гирифтааст.  Зеро нуктаи аз ҳама болотарин дар фалсафаи Мавлоно, Инсон аст.

  Пас, Инсонро бояд парастиш кард! Дар ин маъно Мавлоно раво намебинад, ки нисбат ба Инсон такаббур зоҳир кунад. Мавлоно дар ашъори чун уқёнус паҳновар ва амиқи худ ба ҳама шохаҳои дониши инсонӣ дахл карда, онҳоро мавриди арзёбӣ қарор додааст.

  Шояд Мавлоно хоберо, ки мардуми ин рӯзгор (асри XX) дидаанд, таъбир кунад. Мардуми сайёраи мо ҳамагӣ як хоб дида, саросемавор дар таъбири он ҳаёҳу бардоштаанд. Хоб дидаанд, ки Парвардигор бо чеҳраи хашмолуд ба онҳо гуфааст, ки ман аз бандагоне чун шумо безорам. Дигар ба ёрӣ ва марҳамати ман умед мабандед. Аз ин минбаъд масъулияти ҳамаи шумо ба уҳдаи худи шумо аст. Ман ба куллӣ худро аз масъулияти шумо озод мекунам. Аз пайи зиндагии худ шавед!

  Мардум, ки як умр ба умеди Худо нишастанро одат карда буданд, баъди шунидани ин хабар якбора худро аз даст доданд. Ҳар кас аз худ мепурсид:

  Чӣ бояд кард? Неку бади моро кӣ муайян карда метавонад? Магар худи мо одамон метавонем ба ҷойи Худо дар ин масъалаҳо қазоват кунем? Оҳ, ин бисёр даҳшатовар аст. Охир меъёрҳо ва ченакҳои мо маҳдуд ва ночизанд.  Рафторҳо ва кирдорҳои мо аз ин ночизтар. Чӣ бояд кард? Худои дигаре интихоб кунем? Бути дигаре тарошем? Шояд чунин кунем... Ва чунин ҳам карданд. Боз бутпарастӣ аз нав шурӯъ шуд. Мардум боз ба қабилаҳо ҷудо шуданд. Акнун ҳар як қабила бути худро дорад. Бутҳои гуногун... аз санг, аз чӯб, аз оҳан, аз тилло, аз нуқра, аз мис... Парастиш ҳам гуногун: бо саҷда, бе саҷда, бо дуо, бе дуо, бо рӯза, бе рӯза, бо намоз, бе намоз, бо закот, бе закот, бо ҳаҷ, бе ҳаҷ, бо Таврот, бе Таврот, бо Инҷил, бе Инҷил, бо ҷаноза, бе ҷаноза... Хулоса, бутпарастӣ бутпарастист... Мавлоно бо бутпарастӣ муқобил аст. Ашъори оташини ӯ саропо ба муқобили урфу одатҳои бутпарастон равона карда шудааст. Ӯ чун дигарон, ки дар муқаддимаи асарҳояшон санои Худо ва пайғамбаронро мекарданд, рафтор накарда, ба ҷойи Худо дар муқаддимаи «Маснавии Маънавӣ» ба инсон, ба дӯсти хирадманди худ Ҳисомиддин муроҷиат кардааст. Яъне,  ба Инсон муроҷиат кардааст. Вале охири «Маснавӣ» бо ин бузургӣ нотамом монда... Мавлоно намехоҳад, ки қиссаи Инсон анҷом ёбад. Не, Мавлоно таманнои умри абадии инсониро дар дил мепарварид. Дунё беинтиҳост. Инсон абадист. Вале мо одамон ҳастем, ки ба ҳукми тангназарӣ барои дунё интиҳо мебофему барои инсон маргу фано. Не, ин тавр нест. Мо одамон зарраҳои ин ҷаҳони нопайдоканорем. Инсон ва Кайҳон воҳиди ягонаанд. Байни онҳо ҷудоӣ нест. Мо хешем, бегона нестем...

 

Ҷону сари ту, эй писар, нест касе ба пойи ту,

Оина бин, ба худ нигар, кист дигар варои ту?

Бӯса бидеҳ ба рӯйи худ, роз бигӯ ба гӯши худ,

Ҳам ту бубин ҷамоли худ, ҳам ту бигӯ санои ту.

Нест маҷоз рози ту, нест газоф нози ту,

Роз барои гӯши ту, нози ту ҳам барои ту.

Хез зи пешам эй хирад, то бираҳам зи неку бад,

Хез дило, ту низ ҳам, то накунам сазои ту.

Ҳам падариву ҳам писар, ҳам ту наиву ҳам шакар,

Кист касе бигӯ дигар, кист касе ба ҷойи ту?

Баста лаби ту, баркушо, чист ақиқи бебаҳо?

Кони ақиқ ҳам туӣ, ман чӣ диҳам баҳои ту?

Сояи туст, эй писар, ҳарчӣ бираст, эй писар,

Соя фиканд, эй писар, дар ду ҷаҳон ҳумои ту.

   Мавлоно аз айёми ҷавонӣ таълими илмии муназзам гирифта буд. Фалсафа яке аз он илмҳо ба шумор мерафт. Фалсафаро омӯхт ва баъдҳо ба дигарон омӯзонд. Набояд гумон кард, ки Мавлоно дар маънои имрӯза фалсафа мехонд ва фалсафа дарс медод. Зеро дар он замон фалсафа илме зишт ва номарғуб ба ҳисоб мерафт. Онро ошкоро хондан ва таълим додан аз рӯйи дурандешӣ набуд. Муаллифони сарчашмаҳо доир ба ин илм ва дилбастагии Мавлоноро ба он ба таври возеҳ хотирнишон накардаанд. Зеро муаллифон дар аксар ҳолат зоҳири ҳаводисро менависанд, на ботини онро. Ҳамин нуқсони таърихнависон аст, ки Волтер талаб мекард: “Таърихро бояд файласуфон нависанд. Чунки онҳо ба моҳияти ҳодисаҳо дуруст сарфаҳм мераванд. Онҳоро амиқ дарк мекунанд. Вале муаррихон чунин  нестанд”.

  Мавлоно, одатан аз ҳама гуна унвону лақабҳо ва қолабу расмиёт канорагирӣ мекард. Чунки ба ақидаи Сино, «ҳамеша дар як мақом мабош, ки аксар мурғонро аз ошёнҳо гиранд»... Ин ҳикматро Мавлоно сармашқи зиндагии худ карда буд. Оё  Мавлоно аз ростӣ  унвону мансабе  надошт? Ҷавоб ин аст, ки ӯ дорои унвонҳо ва лақабҳои гуногуне буд, ки барои ӯ танҳо вазифаи паноҳгоҳеро иҷро мекарданд, ки Мавлоно аз он унвонҳо барои машғулиятҳои асосии худ шароитҳои мусоид фароҳам меовард...

  Саргузашти Мавлоно, чуноне ки муаллифони гузашта барои мо нақл кардаанд, саропо муаммо аст. Муаммо дар ин маъно, ки ба ҳеҷ ваҷҳ, ба шахсияти маънавии Мавлоно мувофиқат намекунад... Бояд тахмин кунем, ки ба он муаллифон танҳо навиштани зоҳири ҳаводис насиб гардидаасту бас. Тазкирнависон, аз ҷумла Шамсиддин Аҳмади  Афлокӣ мегӯяд, ки Мавлоно дар синни 38-солагӣ ба сурудани шеър cap кардааст. Ин қавл бовар карданӣ нест.

  Зеро Мавлоно дар оилаи илмдӯст парвариш ёфта буд. Аҳли замон аз насими фараҳбахши ашъори Саноӣ ва Аттор нафас мегирифтанд. Ҳатто Шайх Аттор пешбинӣ кардааст, ки ин писар (яъне Мавлоно) шахсияти барҷастае хоҳад шуд... Хонадони Мавлоно аз аҳли тасаввуф буданд. Тасаввуф, умуман ба афкори баландпарвоз ва истилоҳоти шоирона сару кор дорад. Махсусан, тасаввуфи мардуми форс – тоҷик, ки дар домани шеъру шоирӣ парвариш ёфта буд.

  Мегӯянд, ки Мавлоно дар маҷлисҳои рақсу самоъ бадеҳатан ғазалҳо месуруд ва рақс мекард. Оё ин дуруст аст? Бале, дуруст аст. Вале ин ҷо ҳам барои шак ҷой боқӣ мемонад. Ҳама медонанд, ки дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шоироне буданд, ки бадеҳатан шеърҳо месуруданд. Вале ин бадеҳагӯӣ ҳодисае нодир ва камёб буда, ҳатто ҳамон як шоири тавоно дар зиндагии шахсии худ як ё якчанд бор бадеҳатан шеър гуфтаасту бас. Бадеҳатан шеър гуфтан натиҷаи малакаи баланди шеършиносӣ ва шеърнависӣ аст, ки ҷуз ба такрори бардавоми девонҳои шеърӣ ба даст намеояд. Ин ҳолат дар нисбати Мавлоно чӣ тавр татбиқ мешавад? Мавлоно аз кӯдакӣ дар домони шеър парвариш ёфта буд ва ашъори Саноиву Аттор муниси ҳамешагии ӯ буданд. Ба дараҷае ки баъдҳо қасдан ва ё ба ғайри қасд мисраъҳое аз ашъори Саноӣ ва дигар шоирони пешина дар шеърҳои Мавлоно ворид мешуданд.

  Пас, Мавлоно аз айёми кӯдакӣ шеър менавишт ва он ғазалҳое, ки дар маҷлиси рақсу самоъ мехонд, онҳоро пеш аз ин навишта буд ва дар он маҷлисҳо aз нав мехонд. Баъзеҳо шояд гумон кунанд, ки риоя накардани баъзе қоидаҳои шоирӣ, аз қабили вазну қофия ва ғайра далели бадеҳатан суруда шудани ғазалҳои Мавлоно бошад. Вале асли масъала дигар аст. Назари мо ин аст, ки Мавлоно, аслан шеърро василае мешуморад, ки ба воситаи он ақидаи асосӣ ва ҷавҳарии худро тарғиб ва ташвиқ кунад. Аз ин ҷиҳат, барои Мавлоно дуруст ва расотар ифода кардани фикри шахсии ӯ муҳим буд, на равонии вазну қофияи шеър...

Барои ҳамин ҳам, ба хотири мазмун аз шакли шеър сарфи назар кардааст:

 

Шеър чӣ бошад бари ман, то ки аз он лоф занам,

Ҳаст маро фанни дигар, ғайри фунуни шуаро.

Шеър чу абрест сияҳ, ман паси он парда чу маҳ,

Абри сияҳро ту махон моҳи мунаввар ба само.

 

  Ҳалли ин муаммо, ки оё  шоирии Мавлоно баъди ошноиаш бо Шамс cap шудааст ё пештар, душвор нест. Чунки худи Мавлоно ин муамморо кушодааст, вале бечора тазкиранависон  ин эътирофи Мавлоноро нодида гирифта, як масъалаи одиро хеле мураккаб ва печида кардаанд. Мавлоно мегӯяд:

 

Шамси Табрез худ баҳонаест,

Моем ба ҳусну лутф моем.

 

  Мо ин ҷо бояд чунин арз мекардем, ки аз мазмуни он фарқи ғазалҳои Мавлоно аз ғазалҳои дигар шоирони тавонои форс-тоҷик ошкор гардад. Ҳоло ки ин тавр шуд, бояд бигӯем, ки мавзӯи асосии ғазалиёти Мавлоно замзамаи ишқ аст.

  Гӯё мавзӯъро ошкор кардем, вале баҳси мо аз овардани ибораи «замзамаи ишқ» муғлақтар гардид. Зеро мавзӯи ишқ дар адабиёти тасаввуфӣ як ҳодисаи универсалист. Ҳамаи шоирони сӯфимашраб дар ин боб қувваозмоӣ намудаанд. Гӯё ба ҳолате дучор шудаем, ки ба гуфтаи Иқбол:

 

Ба гуфтори муҳаббат лаб кушудам,

Баён ин розро пӯшидатар кард.

 

  Чун чорае дигар надорем, аз он ки мавзӯи ишқи Мавлоноро дар ғазалиёти ӯ хотирнишон кунем. Бояд гуфт, ки ишқи Мавлоно ҳам ба ишқи Саноиву Аттору Ҳофиз монанд аст, танҳо бо ин фарқ, ки Мавлоно хостааст ҳиҷобро аз рӯйи маҳбубаи худ бакуллӣ бардорад, то ин ки ҷамоли баркамоли ӯро тамошо кунад. Дар сурате ки шоирони мазкур ҳамвора сухан аз маҳбубае мастур ва пӯшида рондаанд. Ҳама шӯру шавқи Мавлоно ҳолати ошиқи беқарореро ба хотир меоварад, ки бо беқарории ошиқона  мехоҳад ҳар чӣ зудтар ҳиҷоб аз рӯйи маҳбубаи худ бардорад... Ин ҳолат, ин ҳаяҷоне, ки хоси ин лаҳзаҳост, дар ғазалиёти Мавлоно мушоҳида мегардад.

  Пас, маҳбубаи Мавлоно кист? Аз рӯйи пиндори худаш, зоти Мутлақ аст ва ба забони динҳои анъанавӣ зоти Мутлақро Худо меноманд.

  Дар бораи чигунагии ин ишқ ҳар чӣ бештар шарҳ нависем, мавзӯъ печидатар мегардад ва оқибат ба кӯчаҳое мерасем, ки на мо онҳоро мешиносему на аҳли он моро. Зеро аз давраи Афлотун то давраи Карл Ясперс (асри XX) ин мавзӯъ мавриди баҳсу мунозира аст. Ва то имрӯз хулосаи возеҳе аз ин баҳс дар даст надорем. Чунки меъмор хишти аввалро каҷ ниҳодааст... Вале он чи ки дар перомуни ин мавзӯъ гуфтанием, ин аст, ки илми таҳлили нафсии муосир (психоанализ) доир ба ин мавзӯъҳо назари хоси худро дорад.

Аз таҳлили ин мавзӯъ чунин бармеояд, ки зоти Мутлақе, ки Мавлоно ошиқи он аст, аз қисматҳои зерин иборат аст:

ЯКУМ.  Зот - ин шахсияти худи Мавлоност, зеро «ҳама олам дар як кас аст, чун худро донист, ҳамаро медонад».

ДУЮМ.  Мутлақ-  ин   сифатест, ки   Мавлоно  мехоҳад онро соҳиб гардад.

СЕЮМ.  Ҷиҳати фарқкунандаи зоти Мутлақ он аст, ки дорои ҳаёти абадӣ аст. Мавлоно мехоҳад, ки чун Парвардигор (яъне зоти Мутлақ) абадӣ ва ҷовидонӣ бошад.

ЧАҲОРУМ. Агар орзуи Мавлоноро аз ин ниқобҳо ва ҳиҷобҳо берун орем,  вай мехост, ки Худоро аз вазифаи худоӣ бекор карда, Инсонро ба ин мансаб пешбарӣ кунад.

ПАНҶУМ. Ба сабаби он ки даъво дар асл, аз амалияи умумибашарӣ фарсангҳо дур буд, Мавлоно ҷуръат накард, ки онро ошкоро баён намояд.

Аз ҳамин сабаб, ин даъворо дар либоси анъанавӣ, вале бо шӯру шавқи навоварона, бо забони гарму ширин адо намуд...

Ашъори Мавлоно саропо мусиқӣ аст, вале ин чизи асосӣ нест...

Мусиқӣ дар ашъори Мавлоно, пеш аз ҳама, васила аст. Василае, ки ба воситаи он Мавлоно маъниҳои дилхоҳро мехоҳад ба ҳамагон гӯшзад кунад. Ин беҳтарин воситаи тарғиби ақида дар минтақаи қавмест, ки сармураббии онҳо шеъру шоирӣ буд.

Мусиқӣ чист?

Агар шеър забони фикр бошад, пас, мусиқӣ забони эҳсосот аст. Ин таъриф дақиқ нест. Чун метавонад шеър ҳам аз эҳсосот таъбир кунаду мусиқӣ ҳам аз фикр ва ақл.

  Дар ҳар сурат, мусиқӣ забони иловагиест, ки аз як ҷиҳат, аз забони маъмулии мо сатҳитар ва аз ҷиҳати дигар, аз он амиқтар аст. Вале калавиши он байни сатҳӣва амиқ ба сабаби он аст, ки калимаҳои мусиқӣ ҳанӯз ба ҳукми истилоҳ надаромадаанд ва ҳар кас онҳоро ба тариқаи худ тафсир мекунад. Мусиқӣ ба таври махсус агар мулоҳиза шавад, гӯё забони фардии ҳар яки мост, ки намехоҳем дар он касе бо мо шарикӣ кунад.

  Мавлоно аз ҷумлаи он шахсиятҳое нест, ки аз саргузашти ӯ китоби дарсие сохта шавад. Дунёи ӯ ба андозаи Кайҳон нопайдоканор аст. Ӯ баҳр аст. Баҳрро дар кӯза ғунҷидан кори бесамар ва бемаъност. Бинобар ин, мо мулоҳизаҳои худро доир ба Мавлоно ба фаслу бобу ҳиссаҳо тақсим намекунем. Балки он чиро ки кӯзаи танги фикрӣ фаро гирифт, пайи ҳам меоварем. Ин, албатта, нишонаи болодастии мо дар фаҳмиши Мавлоно  набуда, балки аз нотавонии мо аст... Хонанда бояд аз аввал то охири мақола ин эътирофи моро ба инобат гирад. Зеро:

Оби дарёро агар натвон кашид,

Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

Қатъи назар аз шарҳу эзоҳоти гуногун, ки ҳамагӣ аз як пой меланганд, шояд ин ҷо эътирофи худи Мавлоноро биёварем, то худи хонанда қазоват кунад. Мавлоно баҳри афкори хешро дар як кӯза байт ғунҷонида мегӯяд:

 Ҳосили умрам, се сухан беш нест,

Хом будам, пухта шудам, сӯхтам.

 Ин чӣ маъно дорад? Зоҳиран, ҳамааш фаҳмост. Вале мо чизи мушаххасе аз  ин  байт  нафаҳмидем.

Яъне чӣ: хом будам, баъд пухта шудам ва оқибат сӯхтам! Яъне сӯхтан  дар  вуҷуди Худо  – ин  назарияи  ваҳдати  вуҷуд  аст.

Ҳар кас метавонад бо мафҳумҳои заминии маъмулӣ доир ба худ бигӯяд, ки аввал хом буда, баъд пухта шудам. Вале чун ба калимаи охир мерасад,  онро  ба ҳоли худ мувофиқ намеёбад. Чаро? Зеро он се калима  (хом, пухта, сӯхтан) истилоҳоти кайҳонӣ ҳастанд, ки ба аҳли замин мувофиқат надоранд. Мо агар ҳатто ду калимаи аввалро ба ҳаёти худ, рӯякӣ ҳам бошад, татбиқ кунем, онгоҳ калимаи охирин (сӯхтан)-ро ба ҳеҷ ваҷҳ, дар зиндагии худ татбиқ карда наметавонем. Чаро? Зеро:

Кори мардонро қиёс аз худ магир,

Гарчӣ бошад дар навиштан, шер, шир.

 Ночорем аз эзоҳи ин маъно, ки дар хатти арабӣ калимаи «шер» ва «шир» як хел навишта мешаванд, вале дигар хел хонда мешаванд. Дар хатти имрӯза, ҳам навиштан ва ҳам хонданаш аз якдигар фарқ мекунад. Ширро  мехӯрӣ, вале  шер туро  мехӯрад. Ин ҳам шарҳи зиёдатӣ аст. Асли мақсад дар мисраи якум возеҳ ва ошкор аст. Пас, Мавлоно он се калимаро ба маънои фалсафӣ истифода бурда, саргузашти маънавии худро дар назар дорад. «Хом будам, - мегӯяд чун ҳамаи мардум. «Пухта шудам» - ҳамчун шахсияти маънавӣ бо номи Ҷалолиддин Муҳаммад.

«Сӯхтам» - чунон сӯхтане, ки ба касе муяссар нашудааст. Сӯхтан  дар  оташи  кашфи  муаммои  вуҷуди  одамӣ  дар  ҷаҳон...

Шояд ин байт таври дигаре эзоҳ талабад, вале дар тасаввури мо он чӣ ҳаст, ҳамин аст. Истилоҳи «сӯхтан» дар олами сӯфиён маънои манфӣ надорад, балки дорои маънои мусбат аст. Мавлоно ҳам ин истилоҳро ба маънои мусбаташ истифода кардааст. Яъне дар ишқи Ҳақ сӯхта фано гаштааст, ки ин мартабаи хеле олӣ дар ин мазҳаб ба шумор меравад. Ин ақидаи Мавлоност. Ҷаҳони имрӯза мегӯяд, ки не! Чаро? Барои он ки Мавлоно зери мафҳуми «сӯхтан» ҳар чиро дар назар дошта бошад ҳам, воқеан, ва ҳақиқатан, решаи орзуҳо ва ормонҳои ӯ ҳаётӣ ва заминианд. Вале Мавлоно ноком аст...Чун  кафолат  надорад...Кафолати  расидан  ба  мақоми  худоӣ...

Фикри Мавлоно дар ин масъала то охир устувор ва мантиқӣ нест. Ҳарчанд, ки аз алиф то ё-и эҷодиёти Мавлоноро ҳамин як фикр ташкил мекунад: «Худои ҳақиқӣ Инсон аст». Ва таъкид мекунад:

 

Эй қавми ба ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?

Маъшуқ  ҳамин ҷост, биёед, биёед.

Маъшуқу ту ҳамсояву девор ба девор,

Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед,

Гар сурати бе сурати маъшуқ бубинед,

Ҳам хоҷаву ҳам хонаву ҳам Каъба шумоед.

Даҳ бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,

Як бор аз ин хона бар ин бом бароед.

Он хона латиф аст, нишонҳош бигуфтед,

Аз хоҷаи он хона нишоне бинамоед.

Як дастаи гул ку, агар он боғ бидидед,

Як гаҳвари ҷон ку, агар аз баҳри худоед.

Бо ин ҳама он ранҷи шумо ганҷи шумо бод,

Афсӯс, ки бар ганҷи шумо парда шумоед.

 

Вале амалан ин ақида ба ҷуз шиор чизе нест. Сирри дилгармие, ки мардум нисбат ба навиштаҳои Мавлоно доранд, маҳз дар ҳамин аст, ки вай ба Инсон мансаби худоиро ваъда медиҳад.  Аз ин ваъда олами инсонӣ ҳамеша дилгарм хоҳад монд.

Комил Бекзода

файласуф

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№2 (10), 2018

Хондан 7993 маротиба