JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 05 Июни 2018 03:12

Хурофагароӣ ва паёмадҳои иҷтимоии он

Муаллиф:

   Хурофот ва хурофазадагӣ яке аз мушкилоти зеҳниву иҷтимоиест, ки дар ҳар давру замон вобаста аз сатҳи донишу тафаккури бошандагони ҷомеаи муайян дар шаклҳои мухталиф вуҷуд доштааст. Собит шудааст, ки ҳар қадар таассубу хурофот реша давонад, ҳамон қадар каҷравию инҳирофоти равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ дар рӯҳи иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуда, динамикаи таҳаввулу инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар натиҷа, фалаҷшавӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, ки ин хатарноктарин навъи бемории иҷтимоӣ, фикрӣ ва маънавию маданӣ маҳсуб меёбад. Барои паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо равшанӣ андохтан дар мақолаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳем, ба таври иҷмолӣ таърифи хурофот, навъҳои хурофот, шаклҳои хурофапарастӣ, коркардҳои хурофот ва омилҳои тавсеаи хурофот дар кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳем. 

  Хурофотро дар фарҳангномаҳо шарҳ додаанд. Дар фарҳанги Деҳхудо ба маънои «Суханони парешон ва номарбут аст»  ва ҳамчунин, «гӯянд Хурофа номи марде аз қабилае аз араб будааст, ки дар бепоягӣ аҳодиси ӯро мисол мезаданд»[1], омада дар фарҳанги Ҳасан Амид бошад, ба маънои «Ҳадиси ботил сухани беҳуда».[2] Дар забони инглисӣ supersteshen муодил ба маънои хурофот ба кор меравад. Таърифи ягона аз хурофот вуҷуд надорад, зеро донишмандон вобаста аз дидгоҳҳо ва бофтаҳои фикрию иҷтимоии худ таърифҳои гуногунро ба он додаанд. Ба таври куллӣ, хурофотро метавон чунин таъриф дод: «Эътиқод, боварҳо ё анҷоми корҳое, ки ҳеҷ гуна решаи ақлонӣ надоранд. Ин боварҳо фарогири маҷмӯе аз ахбор, ақоид, андешаҳо ва одату амалҳои ғайриилмӣ ва хилофи мантиқ ҳастанд, ки дар робита ба мавзӯъҳо ва падидаҳои табиию айнӣ ба вуҷуд меоянд». 

  Агар ба таърихи рушди башарият назар афканем, инсоният то замони расидан ба марҳилаи тамаддун ва шинохти воқеӣ аз худ ва ҷаҳони нопайдоканоре, ки ӯро фаро гирифтааст, ҳамвора дар пайи ҷустуҷӯ ба пурсишҳое аз воқеияте будааст, ки дар паҳнои табиат мегузаштанд. Бо ҳар роҳ кӯшиш менамуд ба ин ҳаводису падидаҳое, ки дар атроф ба вуҷуд меоянд, ҷавоб ҷӯяд ва худро дар баробари сели ҳаводиси табиӣ оромиш бахшад. Дар даврони бостон-замоне ки ҳанӯз донишу огоҳии башар дар мароҳили ибтидоӣ ва устуворсозӣ қарор дошт, сабабу моҳияти ҳақиқии падидаҳо барои ӯ  камтар шинохта шуд буд. Инсони ибтидоӣ дар зиндагии рӯзмарраи худ ба воқеаҳои гуногун, рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои табиию ғайритабиӣ бархурд мекард. Он гоҳ ба дигаргуниҳои бузурге, ки дар ҳар фасл ва ё ҳар сол дар ҷаҳон рух медод, мувоҷеҳ мешуд ва бо мушкилоту машаққатҳои тамомнашуданӣ дасту панҷа нарм мекард. Ҳамеша дар хусуси сабабҳои ин дигаргуниҳои  шигифтофарин ва мушкилоти ҳалнашуданӣ ба тахаюл мепардохт. Аз сӯйи дигар, ба ҷӯстуҷӯйи роҳи ҳаллу фасли мусибатҳо ва сахтиҳои бузурге буд, ки зиндагиашро таҳти таъсир қарор медод.

  Бинобар ин, барои инсони ибтидоӣ ду мавзӯъ қобили аҳамият буд: аввалан, фаҳми воқеаҳо ва далелҳои рӯйдодҳои неку бад ва дувум, роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз бунбастҳои ранҷовар, халосӣ аз мусибатҳо ва сахтиҳои озордиҳандаву ҷаҳлу нодонӣ нисбат ба сабаби воқеаву ҳодисаҳо. Саранҷом нотавонӣ дар дарки ин масъалаҳо заминаи муносибе барои пайдоишу ташаккули андешаҳои номуносиб ва мавҳумотӣ шуд, ки дар тӯли таърих идома пайдо кард. Ин хурофот ва мавҳумот ду навъи коркарди таърихӣ дар пай доштанд: аввалан, шароити ҳаводисро барои одамӣ таблиғ ва тафсир мекарданд, сониян, ба ӯ кумак мекарданд, ҳангоме ки ба воқеаҳои талх рӯ ба рӯ мешуд, роҳҳалҳоеро ба ӯ пешниҳод мекарданд. Инсон дар марҳилаи ибтидоии рушд тасаввур мекард василаи дафъи балои таҳдидгар дар дасти худи ӯст ва метавонад бо фанни ҷоду тағйири фаслро шитоб бахшад ё кунд кунад. Бинобар ин, маросиме сохт ва ҷодуе ба кор бурд то борон биборад, хуршед битобад, ҳайвонот зоту насл диҳанд ва меваҳо ба бор оянд.[3]

  Вил Дюрант муътақид аст, ки «Коҳинон ҳар ҳодисае аз валодати ғайритабиӣ то ашколи мухталифи маргро бо таъбироти сеҳри фавқулода мавриди тафсир ва таъвил қарор медоданд. Ҳаракати оби рӯдхонаҳо, ашколи мухталифи ситорагон, хобҳо, корҳои ғайриодии инсон ва ҷонварон, коршиносонро дар пешбинӣ ва пешгӯии оянда ёрӣ мекарданд»[4]. Вай муътақид  буд, ки дар бунёд ва пойгоҳи ҳамаи тамаддунҳои наву куҳна даре аз сеҳру хурофапарастӣ ва ҷодугарӣ ҷараён дошта ва ҳанӯз ҳам ҷараён дорад. Мавҳумот дар ҳамаи марҳилаҳои тамаддунӣ, бидуни андак тағйире давом овардааст. Тақрибан тамоми сохтори иҷтимоии инсони бадавиро дар назар боварҳои хурофӣ ва дар амал анҷоми маносику маросими ваҳмангез фаро гирифта буд. Зеро таҷрибаи мувоҷиҳ шудан бо марг ва тарс аз воқеаҳои табиӣ (хусуф, кусуф, сел, зилзила ва ғ.), бемориҳои кушанда ва ранҷофарин ӯро нигарон мекарданд ва барои шинохташон ба тафсир эҳтиёҷ дошт. Аз ин рӯ, афсунгарӣ,  ҷодугарӣ ва анҷоми маносики мухталиф тақрибан дар ҳамаи фаъолиятҳои рӯзмарраи зиндагии иҷтимоии инсони бадавӣ нақши бузурге ифо мекард.  Бо рушди рӯзафзуни илмҳои навин маҷмӯи боварҳои хурофотие, ки аз шинохти нодурусти ҳодисаву воқеиёт маншаъ мегирифтанд, рӯ ба завол ниҳоданд. Пешрафти илм он даста аз ёфтаҳои ибтидоиро, ки ба воқеияти айнӣ ҳамхонӣ надошт, канор ниҳод, аммо касоне ба ин ёфтаҳо ва боварҳо дилсупурда буданд, ба тавре ки дар баробари аз даст додани онҳо муқовимат нишон медоданд ё дастикам бархе аз он боварҳо дар зери соябони тақаддус ҷой гирифта ва ё ба суннатҳои дерпо табдилшуда буданд. Одат кардан ва хӯ гирифтан ба ин гуна суннатҳои фарҳангӣ боварҳои пуштибон маҳсуб мешаванд. Акнун низ боварҳои хурофӣ ва баъзе маносику боварҳои хурофӣ ба осонӣ тан ба нақд намедиҳанд.[5]

  Иддае аз нависандагону пажӯҳишгарон бовар доранд, ки хурофот ва дину мазҳаб зоидаи нодонии афроди башар дар баробари неруҳои табиат будааст. Ин донишмандон бовар доранд, ки чун афроди башар тавони рӯ ба рӯ шудан ва пирӯзӣ ба неруҳои саҳмгини табиатро дар худ намедиданд, аз ин рӯ, дар садади сохтани ашбоҳу худоёне баромадаанд, то ба онҳо паноҳ бибаранд ва аз онҳо дархост кунанд, ононро дар баробари неруҳои тавонманди табиат ёрӣ ва кумак намоянд. Башар дар нахустин марҳилаҳои зиндагӣ бо вазъиятҳои ғайриқобили назорати табиат, монанди тулӯъ ва ғуруби хуршед, боду борон, сармову гармо, раъду барқ, оташфишонии барқӣ аз кӯҳҳо, зилзила, беморию марг рӯ ба рӯ шуда, барои ҳифозати худ дар баробари онҳо дар садади ихтирои равишҳое баромадаанд, ки намунаи боризи онҳо пайдоиши афкори хурофотӣ, дину мазҳаб ва офариниши худоён будааст. Ҳамон гуна ки башари пӯё барои рафъи ниёзмандиҳои худ ба ихтироъу иктишоф даст зад, ба ҳамон сон низ барои аз байн бурдани нигарониҳои фикрии худ дар баробари ҳодисаҳои сангини табиат ба офариниши афкори хурофӣ ва дину мазҳабу Худо пардохтааст[6].

  Ҳарчанд шинохт дар ҷаҳони имрӯз бар асоси илм ва таҷрибаҳои илмӣ сурат мегирад, аммо, аз он ки илм то ҳанӯз ба иддае аз мушкилоти инсонӣ ва табиӣ роҳҳалҳоеро пешниҳод нанамудааст, аз ин рӯ, инсон ҳамвора нигарони оянда аст, ки ин сабаб мегардад, афкори хурофотӣ дубора ҷойгоҳ пайдо намоянд. Ҳамчунин изтиробҳо ва нигарониҳои аз заъфи одамӣ ба вуҷудомада дар баробари бисёре аз ҳодисаву воқеаҳо ӯро ба сӯйи пазируфтани боварҳои хурофӣ  раҳнамун мекунад. Ин гурӯҳ аз боварҳо ва аъмоли хурофӣ роҳҳалҳои эҳтимолие барои раҳоӣ аз ранҷҳо ва машаққот дар ихтиёри инсон қарор медиҳанд, ки бо васоили кунунӣ наметавон аз онҳо раҳоӣ ёфт.

  Ба тарзи хулоса, хурофа маҷмӯи ақидаҳо ва бовариҳое аст, ки ҳеҷ заминаи воқеӣ ва илмӣ надоранд. Хурофа дар ҷое намуд пайдо мекунад, ки инсонҳо ҳатто ҷузъитарини падидаҳоро бо омилҳои мовароӣ марбут мекунанд ва роҳи тафаккуру таҳлил ва далелҳои илми (сабабу натиҷа)-ро нодида мегиранд.

Хурофаро вобаста аз сохт ва моҳият метавон ба чунин навъҳо тақсим кард:

А) Зоҳиргароӣ ё қишргароӣ, яъне ин навъ хурофаҳо падидаю воқеаҳоро аз назари зоҳирӣ ба таври хаёлӣ баррасӣ менамояд. Қишргароӣ реша дар хомии зеҳн ва нопарвардагии андешаи касоне дорад, ки мекӯшанд ҳақиқати ҳастиро дар қолаби танг ва маҳдуди фаҳмҳои худ маҳдуд созанд.

Б) Навъи дигари хурофа роззудоӣ аст, ки рози ҳамаи ҳодисаву воқеаҳоро аз роҳи тахайюл  тобеи амри мовароӣ медонанд.

В) Сеюм навъи хурофа равандгурезӣ аст, ки дар қолаби андеша сабабият ва қонунияти умумиро нодида гирифта, масоилро ба тарзи худ ҳал менамоянд.

  Равандгурезӣ, ҳамчунин инъикоскунандаи омолу орзуҳоест, ки инсон кӯшиш менамояд аз роҳи тахаюлӣ амалӣ шудани ин орзуҳоро дар ҷаҳон имконпазир муаррифӣ намояд, ки аз идеалгароии муътадил то тахаюлгароии ифротиро шомил мешавад.

  Дар идеалгароии муътадил одамон ормонҳои хурду бузурги худро аз тариқи эътиқод ба ҷараёнҳои муассир дар зиндагиашон дастраспазир медонад. Ситорабинӣ (толеъбинӣ) дар навъҳои ҳиндӣ, чинӣ, сурхпустӣ ва ғ. дар канори дигар шеваҳои ғайри илмӣ монанди фолбинию фолгирӣ дар ҳама шаклҳои гуногуну мухталифи худ аз ҷумлаи ҷараёнҳои ба зоҳир паҳн гардида ва таъсиргузор дар зиндагии башар шинохта мешаванд.

  Ба таври куллӣ, даъвогарони ин шеваҳо мухотабони худро ба имконпазирии омол ва орзуҳои хурду бузурги онҳо аз роҳи навъи пешгӯӣ ва ғайбхоҳӣ мутақоид мекунанд. Ин қабил пешгӯиҳо бештар ба се меҳвар шахсиятшиносӣ, воқеиятшиносӣ ва оянданигарӣ шакл мегиранд. Дар меҳвари шахсиятшиносӣ муддаиёни ин шеваҳо аз равишҳои хос ва маъмул хусусияти равонии рафторӣ ва шахсияти афродро пешбинӣ ва пешгӯӣ мекунанд ва ҳатто гоҳҳо дар мақоми равоншиноси кордон ва равонкови чирадаст ба таҳлили унсурҳо ва омилҳои шахсияти афрод мепардозанд. Дар меҳвари  воқеияшиносӣ низ ин муддаиён ба пешгӯии рӯйдодҳои минбаъдаи зиндагии афрод иқдом мекунанд ва ҳатто худро қодир ба фаҳми ҳодисаҳое медонанд, ки талху ширин ва саъду наҳс дар камини одамиён нишастааст.Дар хусуси ояндашиносӣ низ ин муддаиён иддао доранд, қодиранд, ки сарнавишту ояндаи афродро пешбинӣ ва тақдиру қисмати ононро аз оянда ва ҷиҳатҳои зиндагиашон ғайбгӯӣ кунанд.

  Тахаюлгароии ифротӣ бошад, дар  афрод ва равияҳое дида мешавад, ки мекӯшанд, омолу орзуҳои хуфта ва нуҳуфтаи хешро аз равишҳои номарсуму аҳёнан номақбулу радшуда ҷомаи таҳқиқ пӯшонад. Намунаи хоси чунин ҷараёнҳоро метавон дар ҷунбишҳои ба истилоҳ, нави падидаи динӣ ва ирфонӣ мушоҳида кард. Ин қабил ҷунбишҳо ҷараёнҳои маънавӣ ё маъногарои динӣ ва ирфониро, ки аз ҳудуди соли 1988 зуҳур ва фаъол ёфтаанд шомил мешаванд. Ин ҷараёнҳо, ки бештар дар Африка, Япония ва Ҳинд нашъунамо ёфтаанд, шомили ҷараёнҳое аз қабили тариқати дил, йога, имони баҳоӣ, болосои бобо, бадани масеҳ, ҷунбиши коризмотик, фарзандони Худо, таъбиди мустақим, гитлеризми ботинӣ,бозиҳои Худо, тариқдасти чичӣ, ҷунбиши рӯҳи муқаддас ва даҳҳо фирқаву ташкилотҳои дигарро дар бар мегирад. Ин ҷараёнҳо ҳар яке ба тақозои таълимот ва ҳадафҳои назариву амалии хеш даъво пеш меоранд, ки гӯё ба ин тариқа роҳро барои саодату дастёбии одамиён ба комёбиву муваффақият ва ормонҳояшон мекушоянд.

Донишмандон ва пажӯҳишгарон муътақиданд, ки то кунун дар таърихи фарҳанги башарӣ хурофапарастӣ дар шаклҳои гуногун зуҳур кардааст, ки метавон онҳоро ба таври куллӣ, ба се навъ тақсим кард:

1. Хурофоте, ки ҷанбаи фардӣ дорад. Ин гуна хурофот ақоидеро дар бар мегирад, ки афрод ё ақаллиятҳои хос дар як ҷомеа ба он муътақид ҳастанд ва зиёну рафторҳои ноҳинҷори он зимни он ки ба таври мустақим ба худи ашхоси хурофапараст мерасад, ба таври ғайримустақим низ мутаваҷҷеҳи иҷтимои онҳо мешавад.

2. Хурофоте, ки ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Мақсуд аз хурофоти иҷтимоӣ афкори мавҳум ва эҳсосоти ғайримантиқӣ аст, ки аксарияти ҷомеа ба он муътақид ва пойбанд мешаванду гоҳ аз онҳо ҳаводорӣ мекунанд, ки барои ҳифзу бақояшон ҳозиранд ҷону моли хешро фидо кунанд. Зиёни ин гуна пиндорҳо, ки ғолибан ба сурати ормонҳои миллӣ ё шабаҳи динӣ ҷилвагар мешавад, умумӣ аст.

3. Хурофоти сиёсӣ низ шомили андешаҳои авомфиребонае аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ ё аҳзоби хосу сиёсатмадорони худхоҳи қудратталаб барои ризоияти ҳисси бартариталабии хеш аз он суд меҷӯянд. Онҳо ба таҳрики авотифи ба зоҳир муқаддаси ақвом ва фирқаҳо, назири дин, мазҳаб, дифоъ аз миллат, обу хок ва ё бо таваҷҷуҳи фарзияҳои шабеҳи илмӣ (бартарии биологии нажодҳо) мақсадҳои тавсеаталабонаи худро тавсиф месозанд.[7]

Коркардҳои хурофотро аз ду манзар: равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ метавон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор дод.

1. Аз диди равоншиносӣ хурофа ба сатҳи нохудогоҳи зеҳн ҳамбастагӣ дорад, ки он аз тарсу ваҳмҳои инсон дар муқобила бо табиат ва шинохти он ба миён меояд. Ҳамчунин гурӯҳи дигаре аз равоншиносон хурофаро ба унвони навъе аз посухҳои шартӣ (рефлекси шартӣ) медонанд, ки вобаста аз ин ё он вазъ ба миён омадааст. Аз дидгоҳи равоншиносӣ, боварҳои хурофӣ ба нафарони ваҳмзада ҳисси назоратро ба рӯйдодҳое, ки намефаҳманд, медиҳад. Афрод бо боварҳо ва аъмоли хурофии худ талош мекунанд рӯйдодҳоро назорат карда, онҳоро қобили пешбинитар кунанд ва ба воситаи ҳамин эҳсос назорат бар ҳаводис ва воқеаҳоро ба миён оваранд, дар ин маврид, хурофот омили коҳишдиҳандаи изтиробанд[8].

Аз дидгоҳи равоншиносӣ тамоюл доштан ва ё надоштани фард ба хурофот ба шахсияти худи ӯ бармегардад. Аз лиҳози чигунагӣ ва тарзи вокуниш ду гуна шахсиятро дар баробари дигарон метавон ҷудо намуд:

А) Афроди ба вижагии шахсияти мустақил кунишгар, фаъол дербовар;

Б) Афроди бо вижагии шахсияти мунфаъил таслимгар ва зудбовар.

  Шахсияти таслимгар шахсияте аст, ки ба сӯйи дигарон ва ҷалби назару ҳимояти онҳо ҳаракат мекунад. Бар ин асос, эҳсоси амният дар шахсиятҳои таслимгар он гоҳ зоҳир мешавад, ки онҳо бошиддат аз дигарон вобаста бошанд ва пазируфта шаванд.[9] Ҳар чӣ сохтори шахсияти фард ба самти мунфаил, ки дар он эҳсоси нотавонӣ ва вобастагӣ ба дигарон савқ пайдо намояд, таслим шудан дар баробари афкор, эҳсосот ва рафторҳои дигарон афзоиш меёбанд. Ин амр тамоили фард ба хурофотро ба воситаи сабабҳои зиёде, аз ҷумла, дар ҷамъ ва гурӯҳ қарор гирифтан, хамранги ҷамоат шудан, ниёз ба таъийди дӯстдошта шудан, истисноӣ набудан дар ҷамъ, ниёз ба ҳимояти дигарон ва ғайра тақвият мекунад.

2. Аз назари ҷомеашиносӣ ҳар он чӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад, мавзӯи баҳси ҷомеашиносӣ қарор мегирад ва ҳамчун падидаҳои иҷтимоӣ мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад. Хурофот низ ба унвои як падидаи иҷтимоӣ дар ҷомеа шакл мегирад ва натиҷаи навъи равобит ва муносибатҳоест, ки дар тӯли замон ва ба далоили иҷтимоӣ мавҷуд будаанд.

Ҳоло ба баъзе аз коркардҳои хурофот аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ ишора менамоем.

  • Хурофот дар алоқаи инсонҳо бо пешгӯии оянда ва ҳаводисе, ки рух хоҳад дод, худро нишон додааст.
  • Ҷоду дар коркарди муҳиме дар сохти мавқеиятҳои ғайри қобили пешбинӣ ва хатар ифо мекард[10].
  • Яке аз коркардҳои ошкор ва асли хурофот дар ҳавзаи дафъи бемориҳо ва илоҷи дардҳое буд, ки инсони ибтидоӣ роҳе барои раҳоӣ аз онҳо надоштааст. Дар ин байн бемориҳои равонӣ ва рӯҳӣ бештарин хурофотро ба худ ихтисос додааст.
  • Тавсир ва таҳлили ҳодисаҳои табиӣ ва ғайритабиӣ, беморӣ ва марг ба ин маъно, ки ҳамаи чизҳое, ки аз ҳудуди шинохти одамӣ фаротар мераванд, фаҳмида мешаванд.
  • Оинҳои ҷодуӣ ва маносик коркарди ҳувиятсоз доштаанд.
  • Ҳамбастагӣ ва инсиҷомофаринии оинҳо аз ҷумла коркардҳое аст, ки дар тамоми онҳо вуҷуд доранд.
  • Оинҳо навъи итминони хотири муҷаддад барои афрод фароҳам мекунанд ки аз тариқи он фард метавонад аз уҳдаи вазъиятҳое, ки бо абзорҳои техникӣ қобили назорат нестанд, барояд ва низ метавонад сомони аз бозрафтаро бозгардонад.

 Аз назари ҷомеашиносӣ, силсилаи омилҳое, аз қабили ҷомеа, фарҳанги омиёна, адёни мавҷуд дар он ҷомеа, омӯзаҳои ҳоким бар онҳо ва фарояндҳои тавсеа ва тараққӣ дар он барои тақвияти хурофа имконият муҳайё месозад[11].

  Вазъи хурофазадагӣ дар кишвари мо низ башиддат нигаронкунанда аст, зеро рафтору амали аксари мардуми мо на бар пояи илму истидлол, балки бар пояи бовару эътиқодод аст. Ҳамин аст, ки мо аксаран ин ё он ақидаро бидуни таҳлилу тафаккур қабул менамоем ва рафтору боварҳоямон сахт мазҳабӣ ва динист. Дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мушкилро на бо он роҳҳои таҷрибашудаю собитшудаи илмӣ, балки аз диди танги хурофотӣ баррасӣ менамояд. Дунявият, дастоварди бузурги илмию сиёсии башарият аст ки онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ба даст овардааст ва барои ин ҳад расидан ҳазорон ҷонбозиву ҷоннисориҳо ба амал омадааст. Муссалам аст, ки дунявият дар Аврупо дар заминаи рушди илмҳои табиию дақиқ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмию гуманистӣ, ки ҳадафи он беҳбуд бахшидани зиндагии инсонӣ ва ба сатҳи шоиста расонидани он аст, ташаккул ёфтааст. Воқеияти дунявият арзиши баланди зиндагии инсонӣ ва огоҳона муносибат намудан ба худу ҷаҳон аст, аммо  аксари афроди ҷомеаи мо онро дуруст дарк намекунанд ва шинохти воқеие аз он надоранд. Ҳамин аст ки аксаран онро дуруст шарҳ намедиҳанд ё дар ифои ин ё он амалу масъулият аз бовару эътиқодот кор мегиранд, ки муносиб ба диди илмӣ нест.

  Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, чун дар он низом бовару эътиқод манъ буд, мардум дубора рӯй оварданд ба дину мазҳаб ва бовару эътиқод. Худшиносиро онҳо дар бозгашт ба бовару эътиқодҳои динӣ фаҳмиданд. Аз тарафи дигар, ҷанги дохилӣ ва бесуботии иҷтимоие, ки ба миён омад, хатарпазирии иҷтимоиро зиёд намуда, бо пастравии донишу огоҳии ҷомеа сатҳи хурофоту хурофазадагӣ дар ҷомеа ба шиддат ба боло рафт. Пӯшида нест, ки тайи даҳ соли охир хурофотзадагӣ ва вопасгароӣ, суннатпарастӣ дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ нуфуз пайдо кардааст ва неруи хурофӣ имрӯз то ба сатҳи ҳокимияти давлатӣ расидааст. Ҷойи пӯшида нест, ки довталабона ва риёкорона анҷом додани талаботи шаръӣ дар байни кормандони мақомотҳои давлатӣ муд шудааст ва ин ҳолат дар шароити феълии шиддатнок шудани авзои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сахт нигароникунанда аст.

Мо дар ин навишта танҳо  ба тарзи иҷмолӣ баъзе аз омилҳои иҷтимоии рушди хурофа ва роҳҳалҳои онро дар кишвар пешниҳод менамоем:

1. Яке аз омилҳои рушди хурофа ин заъфи фарҳанги нақдӣ ва қавӣ будани фарҳанги нақлӣ аст. Омили мазкур сад дар сад дар ҷомеаи мо ҷой дошта, аксари мардум аз фарҳанги нақлӣ кор мегиранд, ки хусусияти асосии он ин аст, ки ҳар чӣ гуфта мешавад, он айнан ва бидуни тардид кабул карда мешавад. Ҳамин аст, ки аз набудани донишҳои дурусти илмию мантиқӣ ва махсусан, набудани тафаккури таҳлилӣ афроди ҷомеа бо зудбоварӣ ҳар гуна фикру ақидаро бидуни интиқод кардан ва ҷиҳатҳои мусбию манфии онро арзёбӣ намудан, қабул мекунанд. Бояд қайд кард, ки чунин навъи биниш то даврони маорифпарварӣ дар Аврупо низ роиҷ буд ва аввалин нафаре, ки тафаккури интиқодиро ба фарҳанги аврупоӣ ворид кард Фрэнсис Бекон буд, ки он шубҳа карданро барои дарёфти ҳақиқат ва мавриди нақд гузоштани дастовардҳои гузаштаро ба миён мегузорад. Ӯ монеаҳоро дар шинохти дурусту ҳақиқати илмӣ ба бут монанд мекунад ва масъалаи аз миён бардоштани онҳоро гузоштааст. Ин бутҳо иборатанд аз: бути тоифавӣ, бути шахсӣ, бути бозорӣ, бути намоишӣ[12]. Баъдан донишманди дигари аврупоӣ Рене Декарт ин усулро идома дода чунин меангорад: «барои озмуни ҳақиқат ҳар кас бояд дар тӯли зиндагии худ, то он ҷое ки мумкин аст, як бор дар мавриди ҳама чиз шубҳа кунад».[13]

  Чунин тарзи тафаккур сабаб мешавад дар Аврупо ҳамаи дастовардҳои гузашта мавриди интиқод қарор гиранд ва як чиз мусаллам аст, ки то замони ин ки як андеша пурра нақд нашавад, чизи наве дар заминаи он ба вуҷуд намеояд. Ҳамин будааст, ки баъдан дар фарҳанги аврупоӣ тафаккури интиқодӣ рушд намуд ва сабаби коҳиш ёфтани хурофазадагӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гардид. Барои аз байн бурдани мушкили мазбур бояд омӯзиши фалсафа ва улуми иҷтимоӣ дар баробари илмҳои табиатшиносӣ ривоҷ дода шавад, зеро фалсафа баёнгари рӯҳияи иҷтимоию маънавӣ ва сатҳи тафаккури ақлию илмӣ аст. Муҳимтарин ва муфидтарин тафаккури фалсафӣ интиқодӣ будани он аст, ки барои рушду камоли инсоният аҳамияти беандоза зиёд доштааст. Ҷомеаи ақлбовар ва хирадгарои Аврупоро низ донишмандон ва махсусан, файласуфон аз роҳи дарку эҷоди худ ба миён овардаанд. Ҷомеаи моро низ имрӯз зарур  аст, барои паст кардани шиддати хурофазадагӣ бештар фарҳанги нақдиро ривоҷ диҳем.

2.Омили дигар, ки сабаби хурофазадагии ҷомеа мегардад қудсият бахшидан ба анвои гуногуни боварҳо ва иддаоҳои сохтаи ҷомеа мебошад. Мусаллам аст, ки пас аз касби истиқлол кардани ҷумҳурӣ озодиҳои динӣ дар ҷомеа ба миён омадаанд. Аммо ин озодиҳо то ҳадде пешрафт намудаанд, ки имону эътиқод аз кори фардӣ ба амали иҷтимоӣ табдил ёфт ва фарогири биниши афроди ҷомеа гардид. Аксари боварҳо хусусияти қудсӣ касб намуданд  ва ҳар касе, ки тасаввуроти ибҳому норӯшане аз дину мазҳаб дошт, онро таҷаллии қудсӣ дод ва дӯкони манфиатҳои хешро боз кард. Дар ин замина ҳатто боварҳои сода дар нисбати қудсият бахшидани ашё боло гирифтаанд, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ деҳае ё маконе нест, ки дар он як дарахт ё санг қудсӣ набошад. Ҳамчунин мазорпарастию қадамҷойи азизу авлиё, эшонпарастию назру ниёз кардан ба ин тоифа дар сатҳи ниҳоят баланд қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Фолбинию ҷодугарӣ ва даму дегдон ба як навъ касб ва дӯконе табдил ёфтааст, ки гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мушкили худро на аз роҳи ақлу хирад, балки аз роҳи имону эътиқод мехоҳанд бароварда кунанд, ки саробе беш нест. Бо ин роҳи қудсият бахшидан ба худу амалҳои анҷомшаванда шахсиятҳои хурофотие дар ҷомеа зуҳур карданд, ки яке аз намунаҳои он шайх Темур ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд даҳҳои дигарро низ дар ин замина метавон ном бурд.

3.Омили дигар дар рушди хурофазадагӣ набудани навандешӣ ё бозандешӣ дар боварҳои умумӣ аст. Яъне нафаре, гурӯҳе ё ниҳоде асло савол намекунад ё ҳамчун як масъалаи илмӣ – иҷтимоӣ боварҳои умумиро мавриди таҳлилу интиқод қарор намедиҳад.   Ҳамин аст, ки як бовар ҳазорон сол аз насл ба насл интиқол меёбад. Дар ин замина метавон шурӯъ карда аз унсурҳои сангпарастию дарахтпарастӣ, то хорпарастию эшонпарастиро зикр намуд ва мавриди таҳлил қарор дод.

4.Омили дигар заъф ва набудани масъулияти иҷтимоӣ аст, ки он боиси фирор аз масъулият ва пазириши бечуну чарои боварҳо мегардад. Дар ин замина метавон афродеро мисол зад, ки дар ҷомеа мақоми муайянро ишғол кардаанд, вале на аз нуқтаи назари вазифавиву масъулият, балки аз назари  таваккалию тақдирӣ, “ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд”, -амал мекунад. Рушди чунин ҳолат боиси заъф шудани баданаи иҷтимоӣ мегардад ва дар маҷмӯъ, ба кунд шудани суръати рушд ва ҳарҷу марҷи иҷтимоӣ оварда мерасонад.

5.Омили дигар, ки барои рушди хурофа имкон фароҳам меоварад, фирор аз вокунишҳои қаҳромез ва тардомези дигарон аст. Бояд қайд кард, ки вақте хурофа биниши умумииҷтимоиро фаро гирифт, нафарони равшанфикр ва онҳое, ки ин гуна боварҳои пучу беасосро қабул надоранд, ба хотири ҳифзи ҳаётии худ аз баҳсу баррасӣ намудани ин гуна масоил канорагирӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳои нафарони зиёде дар ҷомеаи феълӣ аз гӯишу таҳлили илмии чунин падидаҳои ғайриақлӣ худдорӣ менамоянд ва гурӯҳе низ ба хотири ризоияти дигарон баъзе амалҳоро анҷом медиҳанд, ки ё ба он бовар надоранд,ё хоси онҳо нест. Яъне, ба истилоҳ, ҳамранги ҷамоат шудаанд.   

6.Омили дигари ривоҷи хурофа дар ҷомеа ҳал нашудани мушкилоти одии зиндагӣ ба васила ва шеваҳои шинохташудаи ақлонӣ ва фикрӣ аст, ки дар ин замина низ бо тағийри вазъ кардан ва марҳилаи гузариши иқтисодӣ, ки номуайяниро дар самти тандурустию маориф ба миён овард ва аз тарафи дигар, тангдастию фақр сабаб гардид, ки мардум имкони ҳалли мушкилоти худро бо шеваҳои шинохтаи илмӣ бароварда карда натавонист. Ин омил муҷиби он гардид, ки мардум дубора рӯй оваранд бо роҳи ғайриақлию мантиқӣ ҳал намудани мушкил ва махсусан, рӯй овардан ба фолбину ҷодугар ва эшону мулло аст. Нафарони зиранг дар ин роҳ дӯкони хурофа боз намуда ва барои бароварда кардани манфиатҳои хеш мардумро ба тарафи худ ҷалб намуданд. Тангдастӣ ва фақр муҷиб мешавад, то инсонҳо бештар ба бовару эътиқод ва аз роҳи тақаюл ҳал намудани мушкилот пардозанд. Барои кам кардани шиддати ин омил бояд роҳҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳамчунин то охир ва дурусту саҳеҳу манфиатнок ба анҷом расонидани ислоҳот дар самти маориф ва тандурустӣ мебошад. Ҳамчунин барои ҳалли баъзе аз мушкили иҷтимоӣ, ки мушкилоти равонӣ – иҷтимоиянд,  тавсеа бахшидан ба марказҳои равоншиносӣ ва дар маҷмӯъ, рушди ин илм барои ҷомеа ниҳоят зарур аст.

7.Омили дигар паст будани сатҳи донишу маърифат ва поён будани арзиши илму олим ва ҷойгоҳи муносиб надоштани мутахассис дар ҷомеа аст, ки дар зеҳни умум ин ҷомеаро ба ҷой меоварад, ки дониш ва илму олим чандон нақше надоранд ва ҳалли мушкил аз тариқи қувваҳои мовароист.  Чунин тарзи биниш дар ҷомеа ду ҳолатро ба миён овардааст: Аввалан, илм ва олим мавқеи шоистаро дар ҷомеа аз даст додааст, аз ҷониби дигар, ба ҷойгоҳи шоиста сазовор будани мутахассис кам ба назар мерасад, ки онро аксар нафарон дар ҷомеа тақдирӣ талаққӣ мекунанд.

8.Омили дигар сари вақт таҳлили воқеии илмӣ наёфтани ҳаводиси иҷтимоӣ аст ё ба тарзи дигар, вақте иттилоти дақиқ  ва таҳлилҳои илмию сиёсии ваэъиятҳо ва ҳодисаю падидаҳои иҷтимоӣ дар ҳама сатҳҳою самтҳо ба роҳ монда намешавад, дар зеҳнияти мардум шаклҳои таърифшуда ва эътиқодии онҳо шакл мегиранд, ки дар натиҷа раванди густариши хурофаро пиромуни ин масоил тарвиҷ медиҳанд. Барои ҳалли ин мушкил зарур аст,  то дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа ва махсусан, назди ҳар ниҳод гурӯҳҳои ҷомеашиносӣ ва таҳлили равандҳои иҷтимоӣ таъсис дода, пайваста ҳодисаю падидаҳои иҷтимоӣ ва вазъияту шароити хоси онҳо мавриди баррасии дақиқи илмӣ қарор дода, аз натиҷаи он тариқи воситаҳои ахбори умум ба мардум маълумот дода шавад.

9.Омили дигар эҳсоси нотавонӣ дар афроди ҷомеа аст, ки гуё онҳо қудрати таъсиргузорӣ ба равандҳо ва шароитҳоро надоранд ва ин вазъро онҳо марбут ба тақдир медонанд. Тақдирзадагӣ як навъи хурофот мебошад, ки ҳамаи амалу воқеотро ба як қувваи мовароӣ рабт медиҳанд, ки дар натиҷа инсон ҷузъи як василае беш муаррифӣ намешавад. Дар ин замина низ зарур аст, то хусусиятҳои инсон аз назари антропологӣ баррасӣ шаванд ва табиату моҳияти он, неруҳои моҳиятии он халлоқият ва қобилияту истеъдодаш мавриди тарғиб ва шинохти дурусти аҳли ҷомеа  қарор дода шаванд. 

Хулоса. Хурофа ва хурофазадагӣ ҷомеаро ба вопасгароӣ, таассубият ва кундии рушд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ меоварад ва дар маҷмӯъ, ҷомеаро дар баробари хатарҳо бемуқовимат мекунад ва онҳоро зудбовар сохта аз ҷониби дигарон тез фирефташуда оварда мерасонад, ки ин раванд метавонад дар пайи худ садҳо мушкили дигарро ба миён оварад. Аз ин рӯ, хурофа ва хурофазадагиро танҳо бо роҳи дастаҷамъӣ ва широкати ҳамаи афроди ҷомеа, бо назардошти таъсир расонидан ба омилҳои ривоҷдиҳандаи он аз байн бурдан имкон дорад.

 Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№2 (10), 2018

[1] Алиакбари Деҳхудо. Луғатнома, Теҳрон созмони луғатнома. соли 1334. саҳ. 387

[2] Амид Ҳасан. Луғатнома, Тењрон интишороти Амири Кабир 1379. сањ. 843

 [3]Фрезер Ҷеймс. Шохаи заррин. Тарҷумаи Козими Фирӯзманд.-Теҳрон: Нашри Огоҳ., 1384.- С.357.

[4] Вил Дюрат. Асри хирад. Тарҷумаи Исмоил Давлатшоҳӣ. –Теҳрон: Созмони интишорот ва омӯзиши инқилоби исломӣ, 1368.- С.87.

[5] Солеҳи Амирӣ. Хурофагароӣ. Теҳрон. 1387.

[6] Масъуди Ансорӣ. Аллоҳу Акбар. Сан- Франсиско, 1375 . 375 с.

[7] Муҳаммадҳусайни Покдоман. Ҷомеа дар қиболи хурофот. Машҳад: Интишороти Мириндиз,  соли 1378. -С. 44.

[8] Ҷоҳудо Густав. Равоншиносии хурофот. Тарҷумаи Муҳаммаднақӣ Бироҳинӣ, Теҳрон: Нашри Най, 1363. 

[9] Назарияҳои шахсият. Тарҷумаи Каримӣ. Теҳрон: нашри арсборон 1381.-С. 181

[10] Дин ва сохтори иҷтимоӣ. Тарҷумаи Алии Баҳромпур, Ҳасани Муҳандисӣ. Теҳрон: интишороти Кавир 1381. –С. 14. 

[11] Солеҳи Амирӣ. Хурофагароӣ.–Теҳрон; 1387. –С.97-107. (Омилҳои иҷтимоие, ки зимни пажӯҳиши хурофазадагӣ дар кишвар баррасӣ шуданд, низ ба ҳамин китоб мансубанд).

[12] Антология мировой философии. Том 2. Москва: “Мысл”, 1970 -С. 201

[13] Фалсафаи Декарт: шомиле қавоиди ҳидояти зеҳн, усули фалсафа ва инфиолоти нафс. Тарҷумаи Манучеҳри Сонии Дарабедид. Ал ҷудо:  1376. с 227-230

Хондан 2170 маротиба