JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 07 Июни 2018 03:39

Забони илмии тоҷикӣ ва меъёру шартҳои истифодаи истилоҳоти иқтибосӣ дар он

Муаллиф:

  Забони илмӣ як шохаи муҳими забони миллӣ буда, дар заминаи донишҳои тахассусӣ ба воситаи забони миллӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Тавассути забони илмии миллӣ пеш аз ҳама адабиёти илмиву таълимӣ эҷод карда мешавад. Маъмулан забон илмӣ дар ҷомеа се вазифаи таърихии муҳимро иҷро менамояд: якум, захира кардани донишҳо ва аз насл ба насл интиқол додани онҳо; дуюм, густариш додани донишҳо ва баланд бардоштани тафаккури илмии ҷомеа, сеюм, таъмини муомилоту муошироти афроди илмпеша ҷиҳати ба даст овардан ва такмил додани донишҳо.

  Забони илмии тоҷикӣ, ки дар  замони нав  рӯ ба эҳё ва эҷоди тоза дорад, дар айни вақт ба баъзе мушкилот мувоҷеҳ аст. Яке аз мушкилоти асосӣ масъалаи сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти илмии техникӣ ва муносибат ба истилоҳоти байналмилалии илмии техникӣ аст. Ба назари мо дар забони илмии тоҷикӣ низ дар мавридҳои зарурӣ пазируфтан ё худ иқтибос кардани истилоҳоти байналмилалии илмии техникӣ ногузир аст, зеро илм аз рӯйи табиати худ байналмилалист  ва эабону истилоҳоти он низ табиати байналмилалӣ доранд.

  Истилоҳпазирӣ аз забонҳои муқтадири илмӣ яке аз роҳҳои  асосии  истилоҳофарӣ  дар  ҳар  як  забони  миллӣ  мебошад. Ин  роҳи  дар  шакли  тайёр  ва  баъзан  бо  каме тағйирот пазируфтани истилоҳоти байналмилалӣ, хусусан истилоҳоти забонҳои  классикии илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва ҳамчунин  истилоҳоти забони муосири илм (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ  ва ғайра)   мебошад. Ин  амал  бештар  ба  хотири  аз  ҷиҳати  илмӣ  саҳеҳ ва дақиқ  омадани  истилоҳот  воқеӣ  карда  мешавад. Гузашта аз ин, мувофиқи анъанаҳои истилоҳпазирӣ ҳар як истилоҳ аз забони асл бо мафҳумаш (яъне таърифи илмиаш) иқтибос карда мешавад.

  Умуман, калимаи иқтибосӣ унсури луғавиест, ки аз як забон ба низоми чанд забони дигар дохил мешавад ва минбаъд мақоми байналмилалиро соҳиб мегардад, Зарурати ба забоне аз забони дигар ворид гардидани калимаҳои иқтибосӣ ҳодисаи танҳо сифр забонӣ набуда, балки ба омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо низ   вобастагӣ дорад.  Сабабҳои лингвистии ба забоне ворид гардидани калимаҳои итибосӣ пеш аз ҳама пайдо шудани эҳтиёҷ ба номгузории падидаҳои нави ҷамъиятиву табии сершумор дар фаъолияти эҷодии инсоният  аст. Барои он ки калимаи бегона дар забони иқтибоскунанда мақоми байналмилалиро соҳиб шавад, он бояд аз санҷиши ин забон гузарад, серистеъмол гардад. Танҳо дар ин сурат ин унсури луғавии бегона ба захираи луғавии забони иқтибоскунанда чун унсури зарурӣ ворид гардида,  боиси афзудани захираи луғавии забони миллӣ мегардад.

  Мавриди зикр аст, ки дар забони илмии миллӣ иқтибос кардани истилоҳот бо ду роҳ амалӣ карда мешавад: иқтибос аз забонҳои муқтадири илм ва иқтибос аз забони миллӣ. Иқтибос ба воситаи яке аз забонҳои муқтадири илмӣ (масалан, забони русӣ) маънии онро дорад, ки истилоҳи байналмилалӣ (шояд бо каме тағйироти имлоӣ ва савтиёт) якҷоя бо мафҳуми худ вориди забони илмии миллӣ мегардад: аргумент, функсия, интеграл, дифференсиал, интерференсия, дифраксия, индуксия, абератсия, ионизатсия, конвексия, энталпия, энтропия, энергия, потенсиал, физика, механика, динамика, оптика, статика, система, масса, линза, газ, детектор, диоптрия, люкс, люмен, импулс, индуктивият, кандела, келвин, лазер, магнит, магнетон, мазер, нейтрон, электрон, атом, нуклид, параметр, плазма, диод, триод, резонатор, генератор, реостат, симметрия, фазотрон, синхрофазотрон, анод, катод, тиристор, эмиттер, молекула, вибратор ва ғайра.    Иқтибос аз забони миллӣ маънии онро дорад, ки ба сифати муодили тоҷикии баъзе истилоҳоти забони илмӣ калимае аз захираи луғавии забони адабии тоҷикӣ интихоб карда мешавад. Дар ин  маврид, калимаи ба сифати муодил интихобшуда аз маъноҳои луғавӣ ва тобишҳои маъноии худ дар забони адабӣ маҳрум гардида, бояд аз ҷиҳати маънии луғавӣ ба калимаи бегона (масалан, русӣ) наздикӣ дошта бошад, гарчанде ки мафҳуми илмии ба дӯши ҳар ду калима (ҳам худӣ ва ҳам бегона) ба таври сунъӣ таҳмилшуда як аст. Масалан,  калимаи «мавҷ», ки аз ҷиҳати бори маънавӣ ба калимаи русии «волна» наздикӣ дорад, дар забони илмии тоҷикӣ ва илмии русӣ мафҳуми илмии ягона, яъне «густариши вақтонаи ин ё он навъи ларзиш дар фазо»-ро ифода мекунанд. Дар айни замон дар забони илмии тоҷикӣ аз забони адабии тоҷикӣ масалан, калимаҳои зерин иқтибос шудаанд ва вазифаи истилоҳиро бар дӯш гирифтаанд: зарра (частица), ҳаракат (движение), ҳарорат (температура), захира, таъхир (запаздывание), аҷобат (странность), хастагӣ (утомляемость), шороӣ (текучесть), серӣ (насыщенность), тӯфон, талотумӣ, дараҷа, часбоӣ, чарсӣ, шабнам, самар, тасвир, шарора, тирагӣ, майдон, остона, ҷунбоӣ ва ғайра.

  Иқтибоси истилоҳот аз забонҳои классикии илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва забонҳои муқтадири илмӣ - англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва чанди дигар яке аз  тарзҳои сермаҳсули истилоҳофарӣ дар ҳар як забони муосири пешрафта мебошад. Аз як тараф, иқтибоси калима гӯё яке аз тарзҳои осони офаридани калима аст. Вале иқтибос, чун тарзҳои дигари истилоҳсозӣ (калимабандӣ, ибораороӣ, истилоҳгардонии калима, ихтисораҳо ва ғайра) бояд тибқи қоидаҳои қатъан илмӣ, бо риояи талаботи қоидаву қонунҳои забони миллӣ амалӣ карда шавад. Танҳо дар ин сурат истилоҳоти байналмилалӣ чун калимаи арзишманд ба таркиби луғавии забони илмии миллӣ ворид шуда, воситаҳои ифодаи ин забонро ғанӣ мегардонад. Бинобар ин муайян кардани шарту меъёрҳои иқтибоси истилоҳоти байналмилалӣ дар ин давраи эҷоди забони илмии тоҷикӣ аҳамияти муҳим дорад.

  Тибқи қоидаҳои эътирофшудаи истилоҳофарӣ истилоҳи байналмилалӣ дар забони илмии миллӣ дар мавриди мавҷудияти зарурат ба воҳиди нави луғавӣ бо семантикаи муайян (яъне ишораи мафҳуми нав) пазируфта мешавад. Дар ин маврид  калимаи байналмилалӣ дар як вақт бояд бо мафҳуми илмии худ иқтибос карда шавад. Айни замон ба забони илмии тоҷикӣ тавассути забони илмии русӣ  аксарияти истилоҳоти байналмилалии илмҳои физика, риёзиёт, ҳандаса, астрофизика, кимиё, тиб ва илмҳои дигари техникӣ бо мафҳумҳои худ  ворид гардидаанд ва ворид шудан доранд.

  Зимни аз забонҳои алоҳидаи илмӣ, хусусан забонҳои муқтадири илмӣ - русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра, иқтибос кардани истилоҳоти илмиву техникӣ густариши байнизабонии истилоҳот бояд омили муҳим бошад, яъне ин гуна истилоҳот аз рӯйи навишт, талаффуз ва ё семантика бояд монанд бошанд (параметр, резонанс, энталпия, ферромагнетик, диэлектрик ва ғайра).

  Ҳангоми иқтибоси истилоҳоти байналмилалӣ имкониятҳои аз он сохтани ҳосилакалимаҳоро низ ба назар гирифтан мебояд, яъне дидан мебояд, ки аз истилоҳи иқтибосшаванда имкониятҳои сохтани истилоҳоти ҳосила вуҷуд дорад ё не? Масалан калимаи «магнит» дар забони тоҷикӣ муодили худро дорад – «оҳанрабо». Вале дар сурати ба сифати муодили истилоҳи «магнит» дар забони илмии тоҷикӣ пазируфтани калимаи «оҳанрабо», аз он сохтани муодилҳои ҳосилакалимаҳои русии «магнитный», «намагничивание», «размагничивание», «магнитность», «электромагнетизм» ва монанди инҳо имкон надорад. Бинобар ин, ба назари мо дар забони илмии тоҷикӣ пазируфтани ба ин монанд истилоҳҳо ногузир аст.

  Истилоҳот дар  забонҳои муқтадири илмӣ аз рӯйи сохти морфологӣ ва савтиёт фарқ мекунанд, Масалан, дар забони русӣ зимни иқтибос аз забонҳои англисӣ, олмонӣ ва монанди инҳо, онҳо ба қонуниятҳои морфологиву савтиёти ин забон мувофиқ карда шудаанд. Бинобар ин зимни аз забони илмии  русӣ ба забони илмии тоҷикӣ иқтибос кардани истилоҳоти байналмилалӣ зарур аст, ки савтиёт ва сохти морфологии забони тоҷикӣ, яъне шакли дурусти талаффузи иқтибосот ва мувофиқатии онҳо ба меъёрҳои савтиётии забони тоҷикӣ (низоми овозҳо ва ҳарфҳо, қонунҳои овозӣ ва ҳарфнависӣ ва монанди инҳо ба инобат гирифта шавад (модуляция - модулатсия, потенциал -  потенсиал, люкс - лиюкс, люмен – лиюмен, альфа-излучение - алфа-нурафканиш ва ғайра).

  Яке аз принсипҳои муҳими иқтибос кардани истилоҳоти байналмилалии илмиву техникӣ мувофиқат доштани истилоҳоти иқтибосӣ ба талабот нисбат ба истилоҳот, яъне якмаъноӣ ва дақиқии маънои он, кӯтоҳӣ ва монанди инҳо мебошад.     

Ҳамин тариқ, дар  мавриди  дар  забони  тоҷикӣ  пазируфтани истилоҳоти  байналмилалӣ бояд  шартҳои  зерин низ  риоя  карда  шаванд. Дидан  мебояд, ки:

а)  истилоҳи  пазируфташаванда  ба  савтиёти  забони  миллӣ  чӣ  андоза  қаробат  дорад;

б) шакли истилоҳи байналмилалӣ ба қонуниятҳои калимасозии забони тоҷикӣ  мувофиқат  мекунад  ё на?

в)  аз  истилоҳи  байналмилалӣ  имкони сохтани  ҳосилаистилоҳот  вуҷуд  дорад ё не?     

  Тарзҳои дар матнҳои алоҳидаи адабиёти илмии техникии тоҷикӣ, хусусан китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ворид сохтани истилоҳоти байналмилалӣ ба назари мо инҳоанд:

1) дар мавриди истеъмоли истилоҳоти байналмилалӣ зарур аст, ки дар матни алоҳида аввал истилоҳоти байналмилалӣ ишорагузорӣ шуда, дар поварақ маънии луғавии он навишта шавад. Баъдан дар мавриди овардани таърифи он дар қавс шакли англисӣ ва муодили тоҷикии он  низ нишон дода шавад, чунончи: дисперсия (dispersion, пошхӯрд), деформатсия (deformation, тазйиқ), ионизатсия (ionization, иониш), амплитуда (amplitude; реак value-домана, паҳноӣ; қимати авҷӣ) ва ғайра.

  Минбаъд дар сурати такрор ёфтани истилоҳ дар дарозои матн ишораҳои даруни қавс бояд партофта шаванд.

2) дар мавриди истеъмоли муодили тоҷикии истилоҳоти байналмилалӣ зарур аст, ки дар матни алоҳида аввал муодили тоҷикии истилоҳ ва сипас, як маротиба дар қавс шаклҳои русӣ ва инглисии он низ нишон дода шаванд, чунончи, конун (фокус,focus), садошиносӣ (акустика, acoustic), қутбиш (поляризатсия, polarization), фаъолсозӣ (активатсия, activation), ҷӯрӣ (когерентность, coherence), раванд (протсес,  process) ва ғайра.

Минбаъд дар сурати такрор ёфтани истилоҳ дар дарозои матн ишораҳои даруни қавс бояд партофта шаванд.

  Ин ба хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ имкон фароҳам меорад, ки истилоҳоти илмии техникиро якбора бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз бар намоянд.

  Хулоса,истилоҳоти илмии техникии байналмилалӣ аз захираҳои муҳими луғавии забони миллӣ буда, мубодилаи иттилоотро оид ба донишҳои илмӣ на танҳо дар байни олимону омӯзгорони як давлати миллӣ, балки дар байни олимону омӯзгорони давлатҳои гуногун, ки бо забонҳои мухталиф ҳарф мезананд, осон мегардонад.

Пирмаҳмад НУРОВ

доктори илмҳои филологӣ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№2 (10), 2018

Хондан 2456 маротиба