JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Январи 2019 10:26

Чанд сухан роҷеъ ба иртиботи Наврӯз ба ҷашнҳои Сада ва Меҳргон

Муаллиф:

  Аввалан, Меҳргон ва Сада дар радифи Наврӯз аз куҳнатарин ҷашнҳои тақвимӣ дар тамаддуни башарӣ маҳсуб мешаванд. Сада, Наврӯз ва Меҳргон – ин се ҷашнро гоҳе дар тафсири ҷаҳонбинии устуравӣ радифи шаш ҷашни гоҳанбор медонанд, ки гӯё нишони шаш ҳангом ё рӯзи сол барпо мегардид ва ба шаш рӯзи офариниши олам мутобиқ дониста мешуд. Тибқи таҳқиқи Меҳрдод Баҳор, ҷашнҳои номбурда пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги бумӣ будааст.

  Дар таърихи дуру дарози мавҷудияти ин ҷашнҳо гоҳе яке, мисли Наврӯз дар мадди аввал гузошта мешуд, дигарӣ (ба мисли Сада, Меҳргон, ки дар давраи ислом, замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон) ҳукми фаромӯшӣ пайдо пайдо карда буд.

Аммо, дар маҷмӯъ, мардуми эронитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекарданд, ҷашн мегирифтанд. Чаро ки дар асл, ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Аз он сабаб, ки ҷашнҳои номбурда якҷоя бо ҷашни Наврӯз моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд. Дигар ин ки, адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш бо ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагии худ, бо фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.

Новобаста аз он ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфта­шуда даствовардҳои илмӣ зиёд аст, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора аз марҳилаи нави таърихӣ шурӯъ шуда, нигоҳи тоза мехоҳад, то ин ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.

Тоҷикистони азиз кӯшиш бар сохтани модели олии кишвари индустриаливу аграрриро дорад ва ба ҳамин хусусияташ майлу ниёз ба чунин ҷашнҳоро дорад.

Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шавад. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намоем. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.

Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон) -ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар як аз ин ҷашнвораҳо худ дар худ рамз ва ҳадафҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин бо кадом як марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатӣ вобаста мебошад. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар онро доранд, ки Сада – тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд омодагӣ гирифт ба соли нави меҳнатӣ. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ин ки ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварз аст. Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегонек мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин кор ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.

Тибқи мушоҳидаҳое, ки тӯли чанд соли охир нисбати ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон доштем, ҷашнгириҳо дар ду намуд зуҳур намуд. Дар музофот бештар дар шакли карнавал ё ба истилоҳи ниёкон, «корвони шодӣ», дар пойтахт ё ҳар он ҷое, ки ҷашнгирии умумиҷумҳуриявӣ баргузор мегашт, дар шакли маъракаи театришуда барпо мешуд.

Тафовути «корвони шод» ва театришуда дар чӣ зоҳир мегардад? Шакли карнавалнамо – шакли бештар архаикиро мемонад, ба суннатҳои ҷашнгирии анъанавии авлодони гузашта шабоҳат дорад. Карнавал гуфта, базмеро гӯянд, ки бештар дар майдонҳо доир мегардад ва дар он ҳар фард ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогари кадом нақше. Ҳар нафари иштирокчии карнавал пеши худ ташаббусе ё имконияте дорад, ки дар баробари тамошои (дидани) ҳунари дигарон, худ низ имкон дорад, ки аз ҳунари табиатан дошта ва ё авлодан мерос гирифтаашро дар майдон нишон диҳад. Ҳамин хусусияти равонии карнавалро муҳаққиқи барҷастаи рус М. Бахтин таҳқиқу баррасӣ кардааст. Такрор мекунам: дар карнавал ҳар нафар ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогар. Ин хусусияти ҷавҳарии ҷашнгирии карнавалӣ мебошад.

Маъракаҳои театришудаи расмӣ, ки ҳоли ҳозир аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ғолибан таблиғу тарғиб мегардад, чунин имко­ни­яти фаъол ва ташаббусгар шудани тамошобинро надоранд. Тамошо­бини чунин маъракаҳо, ки одатан дар майдонҳои варзишӣ доир мегар­данд, бештар дар курсиҳо нишаста, бинандагӣ мекунад, на зиёд аз ин. Маъ­ракаҳои ҷашнии театришуда худ сенария ё намоишномаи хосро до­ранд ва ҳамчун номераҳои консертӣ пешниҳод мегарданд. Дар ин маъра­каҳо бештар ашхоси маъруф, ҳунармандони касбӣ баромад мекунанд.

Маъракаҳои мардумии карнавалӣ («корвони шодӣ») метавонанд дар давоми чанд шабонарӯз идома ёбанд. Маъракаи театришуда одатан дар як қисми рӯз таҳия ва баррасӣ мегардад.

Аммо ҳар ду намуди ҷашн, яъне намуди карнавалӣ ва театришуда фарҳанги шукӯҳу шодӣ ва ханда, фарҳанги базмороиро доро мебошанд. Бахусус, ҳамин сифати шукӯҳу шодӣ ва хосатан, ҳазлу шӯхиҳои илҳомбахш ва боназокат дар шакли карнавал бештар мушоҳида мешавад. Новобаста аз он ки чӣ ид аст (Сада ё кадом ҷашни дигар), намоишҳои карнавалӣ аз анвои ҳунарҳое мураттаб мегарданд, ки дар он ҳазлу зарофат ва танз бартарият доранд. Масалан, ҳатто чунин як маъракаи варзишӣ, ба мисли гӯштин, аз рақобати мӯйсафедони шӯх оғоз мегардад.

Умуман, комилии фарҳанги инсон ва фарҳанги мардум дар ғунҷоиши серпаҳлуи он аст. Бахусус, инсону миллатро аз рӯи ширингӯӣ, латофат, ҳисси нақд гуфтану худро нақд кардан эҳтирому иззат мекунанд. Мардуми тоҷик дар гузашта Афандиву Мушфиқӣ, шаклҳои аския ва ҳозирҷавобӣ ва боз чандин шаклу намудҳои санъати шӯхиву хандаро дошт. Устод Боқӣ Раҳимзодаро ҳарчанд дар самти шеъри лирикиву пурмазмуни мутантан мумтоз буд, мардум бештар барои зарофатгӯияш дӯст медошт.

Ид ё базм бе шӯхиву ҳазл, бе ширингуфториву зарофатгӯӣ, бе ханда ҳусни худро гум мекунад.

Воқеан, устод Низом Нурҷонов низ дар таҳқиқҳои хеш маҳз ҳамин тамоили ҳазлу шӯх ва танзии ҷашнҳои мардумии моро тасвир карда буд. Дар чунин маъракаҳо бештар ба истилоҳ масхарабозон, аскиягӯён, лапар­сароён, раққосони ҷуфти зану мард, ки дар мазмуни ҳазлу киноя баррасӣ мешаванд, тақлидгарон, ки ин ё он ҳайвонро ҳам бо овоз ва ё бо рафтор ё дар шакли ниқобу шакли зоҳирӣ тақлид мекарданд, дида мешавад.

Дар маъракаҳои ҷашнии расмии театришуда ҳамин тамоил дида намешавад. Номераҳо дар чунин маъракаҳо бештар пафоси тантанавӣ ва сиёсиро касб мекунанд. Албатта, ин тарзи ҷашнгирӣ боиси дастгирист. Аммо чун мунаққид ҳастам, наметавонам аз сатҳу таҳияи режиссёрии ҷашнҳои театришудаи расмӣ эрод нагирам. Ин фикри шахсии ман аст. Хонандаи азиз метавонад бо ман розӣ набошад. Эродам ин аст, ки базмҳои театришудаи солҳои охир якнавохт шудаанд, ҳамасола аз якдигар фарқе надоранд. Моро ба ҳайси эксперт дар ҷаласаҳои тадорукии чунин ҷашнҳо даъват мекунанд, аз мо маслиҳат мепурсанд, аммо дар маҷмӯъ, боз ҳамон кореро мекунанд, ки порсола буд. Дар ин намоишҳо нишонае аз пешниҳодҳои мо дида намешавад.

Ба назарам, барои ғанӣ ва рангоранг шудани маъракаҳои расмии театришуда хуб мебуд, агар аз таҷрибаи маъракаҳои «корвони шодӣ» истифода мешуд, бахусус, аз фарҳанги сурур, фарҳанги ханда, шӯхиву танз. Мо бояд ба шаклан ва мазмунан комил гардондани ҷашнҳоямон таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Чаро ки чун яке аз барандагони ин ҷашнвораҳои муҳим ҳастему ба умумибашарӣ шудани онҳо пеши худ ташаббус гирифтаем, бояд ба ҷаҳониён зебоиву шукӯҳ ва ҳусни инсондӯстиву рангорангӣ ёфтани чунин маъракаҳоро муаррифӣ созем.

Чун мо дубора ҷашни Сада ва Меҳргонро дар радифи Наврӯзи хуҷастапай баъди фосилаи дарози таърихӣ эҳё карда истодаем, месазад, ки базмороии ин ҷашнҳоро ҳусни ҳам карнавалӣ бидиҳем ва ҳам театришудаи мутантан.

Дар ин раванд дар баробари истифодаи ҳунарҳои анъанавӣ лозим аст, ки хусусияти вижагии ҳар ҷашн ба назар гирифта шавад. Манзурам ин аст, ки масалан, ҷашни Сада дар худ рамзу аъмоли хосе дорад, ки дар раванди ҷашнгирии он мебояд таъкид шавад. Яке аз рамзҳои асосии Сада оташ аст. Мардум дар рафти ин ҷашн гулхан мегиронанд, аз болои он меҷаҳанд, то ин ки покиза шаванд. Дар паҳлуи ин тибқи суннати тоҷикони Бадахшони кӯҳӣ, ки то ҳанӯз Садаро ҷашн мегиранд, ҳашар эълон мешавад. Зимнан, дар рафти ҷашни Сада ҷӯйборҳо ва системаҳои обёрӣ ва ҳам дастгоҳу асбобҳои ҷамъиятиву шахсии коркарди замин таъмир карда мешаванд, чорвои ҷуфт ва амсоли ин ҳама омода карда мешаванд ба фарорасии Наврӯз, ба маъракаи коркарди замин, ба маъракаи кишту кор. Меҳргон низ вижагиҳои худро дорад. Ҳамин вижагиҳо дар маросими ҷашнҳо мавқеъ ва мақоми асосии худро бояд дошта бошанд.

Ва ниҳоят, таъкид мекунам, ки мо аз рӯҳи модерн бахшидан ба маз­му­ну мундариҷаи ин ҷашнҳо набояд худдорӣ намоем. Фақат ва танҳо моли қавмӣ муаррифӣ кардан ва ҳам дар шакли падархудоӣ нигоҳ доштани шаклу мундариҷаи онҳо бақо надорад. Мо бояд ин ҷашнҳоро аз рӯҳияи асотирӣ озод кунем. Барои ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои номбурда онҳо аз дидгоҳи фарҳанг ва арзишҳои имрӯза ва оянда бояд боздид шаванд. Албатта, боздиде, ки дар худ мазмун ва тамсили миллии он ҷой дошта бошад. Ҳамин синтези анъанавӣ ва навоварии эҷодкорона фарҳанги ҷашнҳоро ҳусни бақо мебахшад. Вагарна, мо ба рушди ин базмҳоямон зомин мешавем. Онҳоро ба моли музей табдил медиҳем.

  Саъдулло Раҳимов

доктори илмҳои фалсафа,

мудири Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови Академия илмҳои ҶТ

Хондан 1667 маротиба