JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Январи 2019 08:53

Ҷашни Сада

Муаллиф:

 Ҷашни Сада яке аз маросими маъруфи мардуми тоҷику форс аст, ки дар оғози  шомгоҳи 10-и баҳман (30 январ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд.

 Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан  будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо, таваллуди дигаре барои Хуршед ё Меҳр донем, метавон он рӯзро ҳамоҳанг бо даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми тоҷику форс ҷашн гирифт.

  Донишманди шинохтаи Эрон Ҳошими Ризоӣ дар бораи истилоҳи Сада менависад, ки Сада вожаи форсӣ аст. Сада дар забони паҳлавӣ ба шаклҳои мухталиф омадааст: сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата. Дар арабӣ бошад ба шакли сазақ, ё садақ талаффуз мешавад.

  Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авасто истилоҳи “сата” ба маънои сад, адади сад мебошад. Чунончи, дар форсӣ низ “сада ба маънои сад сол  дар баробари қарн ба кор меравад.[1]

  Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии кӯҳистон ҷамъ оварданд, ин ид оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани  мардуми щаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад.Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он анъана будааст.

  Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чиҳил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.

  Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.

Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа категорияҳои ахлоқӣ  ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирсу ҷӯши нафсонии хеш метавонист ғалаба кунад, бо баракати ин ҷашнҳои поки суннатӣ.     

 

Тоҷинисо Муродова, ходими калони илмии шуъбаи  таърихи фалсафаи 

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва  ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

[1] Разӣ Ҳошим. Љашнњои оташ ва Меҳргон: Теҳрон, 1383. -С.99

Хондан 9306 маротиба