JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 26 Июни 2017 05:30

Эътироз ва ниёзҳои равонию иҷтимоӣ дар пардаи фалакӣ

Муаллиф:

     Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсон ва дар маҷмӯъ, халқро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ, ба истилоҳ «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва камбуду навоқиси зиндагиро як лаҳза канор мегузорад ва дар партави созу овоз ба олами хаёлот сар зада, дар имтидоди маҳдуди замонӣ ормиши равонӣ ва ҷисмонӣ пайдо мекунад. Чун инсон дар гирудори умр ва мушкилоти зиндагӣ худро гум мекунад, тавассути мусиқӣ эҳсоси сабукӣ менамояд ва ин амал як навъ ҷуброн ва ё компенсатсияи равонӣ ва фикрӣ маҳсуб меёбад.

     Аз зумраи мусиқиҳои қадима ва бостонии мардумо мо, ки тасаллибахши рӯҳу равони мардуми табақоти миёна ва пойини иҷтимоӣ тайи таърихи ватанӣ будааст, фалак мебошад. Фалак лафзи арабӣ буда, маънои осмон ва сипеҳрро далолат мекунад. Аммо дар доираи мусиқии махсуси Фалак он ба маъноҳои қазову қадар, тақдир (Бобоев А. Савти Фалак ва «Фалаки Давлатманд». –Душанбе: Аржанг, 2006. –С.5), сарнавишти талхи инсонӣ, маҳдудаи замонию маконӣ, ҷаҳони пуралам ва амсоли инҳо корбаст шудааст. Тамоми маъниҳои аз лафзи Фалак бадастомадаро метавон дар як мафҳуми куллии фалсафӣ – қисмати инсонӣ дар мувоҷеҳа бо маргу нестӣ мунсаҷим сохт.

    Фалакӣ дар минтақаи мо – қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистони кунунӣ собиқаи таърихӣ дошта, дар нуқоти мухталифи аҷдодӣ, бо назардошти шароити иҷтимоӣ ва сиёсӣ суруда мешудааст. Албатта, ба Фалак ва сурудаҳои фалакӣ мардуме мутамоил буданд, ки бар асари фишори мутааддид ва мудавоми мушкилоти табиӣ ва иҷтимоӣ аз қисмату рӯзӣ ва қазову қадари шӯр норизо гардида, бо он – фалаки ҷавокору ҷафопеша фикран ва равонан даргир мешуданд ва оҳу фарёди имдодталабона аз қисмати талх мезаданд.  

    Аз лиҳози тартиби иҷроиш Фалак, одатан, бо шикваву шеван шурӯъ мешавад ва бо қисмати фурудошт ё уфар ба анҷом мерасад. Ба сухани дигар, қисмати муқаддамотии фалакӣ аз сӯзу наво ва дарду алам аз қисмат, сарнавишт, ноадолатӣ, бедодии фалаки ҷафопеша таркиб ёфта, қисмати хотимавӣ бо эҳсосоти баланди инсонӣ дар баробари камбуду навоқиси зиндагӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ дар қолаби уфар (дараҷаи шӯру шавқ ва шодию нишот) ҷамъбаст мегардад. Ҷараёни сурудани фалакӣ нишон медиҳад, ки сароянда аз сӯзи зиндагӣ ҳарф мезанад – бо гиряву шеван ба фалак мушкил арз мекунад ва саранҷом бо хандаву шӯхӣ мушкилотро пушти сар намуда, ба мақоли «ҳар шом субҳ гардаду ҳар шаб саҳар шавад» ҳамшарик мешавад. Аз назари равонӣ, инсон ҳангоми бо мушкилоти сахти зиндагӣ мувоҷеҳ шудан, яъсу ноумедӣ уро фаро гирифта, ҳолати муътадили равониро аз даст медиҳад ва ба вазъи ғайритабиӣ мубтало мегардад. Ин вазъи ғайритабиӣ ба мурури замон мегузарад ва инсон ҳолати табииро касб мекунад. Ин аст, ки фалаксаро (он кӣ аз мушкилоти зиндагӣ ба фалак арзи ниёз мекунад) силсилаи ҳолоти равониро аз сар мегузаронад ва мароҳили психологӣ дар қолаби фалакӣ аз ибтидо то интиҳо комплекс-маҷмӯаи вазъи равонии шахсро инъикос мекунанд. Бо шӯру шавқ ҷамъбаст гардидани фароварди суруди фалакӣ, дар маҷмӯъ, оптимизми мардумиро нишон медиҳад.

     Ба ростӣ, вақте перомуни Фалак ҳарф мезанем, ғайриихтиёр жанри рубоӣ пеши назар меояд. Тибқи назари муҳаққиқон, фалак, моҳиятан бо рубоӣ пайванди азалӣ дорад, чаро ки ба василаи рубоӣ самимияти ифода, рӯшании образ, ҳикмат ва умқи андешаи мардумӣ сурат мегирад(Фалак ва масъалаҳои таърихӣ-назариявии мусиқии тоҷик. //Маҷмӯаи мақолот. Гирдоваранда Фароғат Азизӣ. –Душанбе: Адиб, 2009. –С.7). Мусаллам аст, ки соири мушкилоти зиндагӣ аз мушкилии азалию абадии инсонӣ – маргу нестӣ маншаъ мегиранд. Саррандешаи фалсафӣ – марг ва нестӣ, ки бо даҳшат ва мусибаташ тору пуди ҳасту будро мусаххар мекунад, дар мусиқӣ, қабл аз ҳама, мусиқии суннатӣ – фалак амиқ инъикос меёбад. Маънои абадият, дарди мурдан, ранҷи нестӣ ва озору мусибати марг эътирози инсонро дар пардаи фалакӣ ба вуҷуд меорад:

Дар ин дунё ҳама кас ҷовидон нест,

Сутуни гунбади кавну макон нест.

Ҷаҳон гар ҷовидон бошад, валекин

Ҳама чиз дар ҷаҳон баҳри ҷаҳон нест.

    Ё ин ки:

Ай умри азиз, шитоб бисёр макун,

Вақти дарав аст, майли шудгор макун.

Оҳиста қадам бинеҳ, хоҳиш, ки маро

Ай умр, ту дар пеши аҷал хор макун.     

 

   Масъалаи дуализми фалсафӣ (тақобули инсон ва табиат ё ба истилоҳ, чархи фалак) дар рубоиёт ва дубайтиҳои мардумӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Бо он ки мардум, аксаран аз масоили фалсафӣ бехабаранд, дар марзҳои шинохти табиат, аносири сахту мусибатбори он, сирищти инсонӣ, ҷавҳари ҳастӣ, таносуби нестию ҳастӣ, тафкики адаму вуҷуд ва амсоли инҳо, ки ҳамагӣ копплекси масоили фалсафиро ташкил медиҳанд, ба таври нохудогоҳ ворид мегардад. Махсусан, дуализми фалсафии ҳастӣ ва нестӣ, адам ва вуҷуд ва санавияти ахлоқӣ -- некию бадӣ, хайру шарр, рӯшанию торикӣ, ақлу ҷаҳл дар пардаи фалакӣ хеле хуб ва нишонрас баён гардидааст. Дар таззод қарор доштани замину осмон ва дар замин маскан гирифтани насли инсонӣ санавияти фалсафӣ ва ахлоқиро дар жанри фалакӣ дар қолаби рубоиёти мардумӣ хеле хуб ва нишонрас ифода кардааст. Ин аст, ки мардум хайёмвор ба домани мушкилоти осмонӣ ва заминӣ мепечад ва аслу моҳияти чархи фалакро, ки доимо дар гардиш аст, ба намоиш мегузорад:

    Ин чархи фалак рафиқи бадгавҳари мост,

    Сели ғаму даҳшаташ бубин, бар сари мост.

    Аз фитнагариву ҳиллааш боке нест,

    Зеро ки ҳимоятгари мо модари мост.

      Ё ин ки дар ҷойи дигар манзараи муковимати инсону табиатро дар марзи вуҷуд бо забони омиёна ва шеваи маҳаллӣ ба риштаи тасвир баркашида мешавад:

    Ин чарха бубин, ба мо чӣ коро дора,

    Гаҳ зулму ситам, гаҳе мадоро дора.

    Чун  зулму ситам кашида дар бедорӣ,

    Дил майли ҳама хоби гуворо дора.

   Миёни мардуми манотиқи кӯҳистони тоҷикӣ – Хатлон, Бадахшон ва Зарафшон, ки фалак ва фалакхонӣ ривоҷ дорад, анвои маъмули фалаки роғӣ, амсоли фалаки ғарибӣ, қаландарӣ ва сафарӣ мутадовил аст (Фалак ва масъалаҳои таърихӣ-назариявии мусиқии тоҷик. //Маҷмӯаи мақолот. Гирдоваранда Фароғат Азизӣ. –Душанбе: Адиб, 2009. –С.8-9). Ғарибия ва сафария аз анвои маъруфи фалакӣ маҳсуб меёбанд, ки ҳолат ва вазъияти равонӣ ва иҷтимоии инсони муҳоҷир ва мусофирро ифода мекунанд. Анвои мазкур дар асрҳои пешин, ки мардуми кӯҳистон аз фарти тангдастӣ ва барои таъмини рӯзгор, ҳалли мушкилоти молиявии хонаводагӣ ва иҷтимоӣ ба водии Фарғона ва дигар манотиқи амирсолории Бухоро рахти сафар бармебастанд, миёни ҷумлаи муҳоҷирин ва мусофирин ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ватан баргаштан ва дидори хешу ақрабо дидан орзуи ҳамешагии муҳоҷир ва мусофири кӯҳистонии тоҷик будааст.  Рубоиёти пойин, ки миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ маъмул аст, ба мавзӯи ғарибӣ бахшида шуда, дар пардаи фалаки минтақаи Хатлон сароида шудааст:

    Ай чархи фалак, маро ба чарх овардӣ,

    Кӯлоб будам маро ба Балх овардӣ.

    Кӯлоб будам оби ширин мехӯрдам,

    Саргашта маро ба оби талх овардӣ.

 

    Чархи фалако, маро ҷаҳонгард макун,

    Аз беватанӣ ранги рухам зард макун.

    Ҷон мегириям, ҳеҷ маро боке нест,

    Зинҳор, вале асири номард макун.

 

    Бечора касе, ки аз ватан канда шавад,

    Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад.

    Чархи фалако, гардаду ояд ба ватан,

    Ин мурдаи садсола зи нав зинда шавад.

   Фалак ва сурудаҳои фалакӣ, дар маҷмӯъ, фалсафаи омма ва тудаанд. Омма, қатъи назар аз он ки аз масоилу матолиби фалсафӣ, ҷаҳонӣ, кайҳонӣ ва иҷтимоӣ иттилооти ноқис дорад, таври нохудогоҳ бо масоиб (мусибатҳо)-и рӯзгор даргир мешавад ва оҳу фиғони худро тавассути фалакӣ ба осмон, ки макону мавзеи Худованд ва Офаридгор аст, ирсол медорад. Агарчи дар рубоиёти дар пардаи фалакӣ ҷуршуда баъзан фатализм ё тақдирпарастӣ муҳкам ҷой дорад ва дарду ранҷи одамиро фалакхон ба тақдир ва қисмати шум вогузор мекунад, рӯҳи умумии эътироз дар он эҳсос мегардад ва тавассути эътирозоти сахт мардум забони даъвиро ба чархи фалак дароз мекунад ва аз ӯ – чархи фалак тақозои ҳалли мушкилоти иҷтимоиро менамояд. Ин аст, ки фалакӣ, қабл аз ҳама, нидои дарду наво ва эътироз аст, ки ба осмон – Фалак нигаронида шудааст. Мардум дар заминаи сурудҳои фалакӣ камбуду навоқиси иҷтимоӣ, уқдаҳои равонӣ, мушкилоти ботинӣ ва дар маҷмӯъ, ишкилоти мардумиро ошкор месозад. Ин дарду ранҷ имрӯз низ дар ҷомеа вуҷуд дорад ва мардум, новобаста аз он ки дар замони истиқлолият зиндагӣ мекунад, навоқиси равонӣ ва мушкилоти иҷтимоию ботинӣ дорад ва барои ҳалли онҳо аз рубоиёту дубайтиҳои мардумӣ васеъ истифода карда, бад-ин восита фалак месароянд ва натиҷатан, дар ошкор сохтани мушкилоти иҷтимоӣ ва равонӣ саҳм мегиранд.

                     Нозим Нуров

Хондан 2117 маротиба