JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 22 Июни 2017 11:13

Мавқеъгирӣ (ориентатсия) ҳам фалсафа аст

Муаллиф:

   Дар таърихи 16 июни соли ҷорӣ (2017) бо ибтикори роҳбарияти Институти масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар маҷлисгоҳи муассиса маҳфили илмӣ баргузор гардид, ки дар он гузориши илмии профессори Донишгоҳи Грайфсвалди Олмон Вернер Штегмайер  таҳти унвони «Пиёдасозии фалсафаи ориентатсия аз ҷониби Фридрих Нитше» мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт. Гузориши профессор Штегмайер, ки ба забони тоҷикӣ аз ҷониби Нуриддин Шаҳобуддинов тарҷума ва ироа гардид, ҳудуди 40 дақиқа идома ёфт. Баъди ироаи гузориш суҳбати озод дар формати суолу ҷавоб ҷараён гирифт.

  Дар кори маҳфил донишмандону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм, махсусан файласуфону шарқшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, назароти худро дар қиболи мавзӯи мадди назар қароргирифта, иброз доштанд. Таъкид кардан зарур аст, ки дар маҳфил мубодилаи афкори профессор Вернер Штегмайерро бо дигарон муҳаққиқ ва файласуфи муосири тоҷик Нуриддин Шаҳобуддинов тарҷума мекард. Маҳорати мутарҷимии Нуриддин Шаҳобуддин ба дараҷае баланд буд, ки мафоҳими фалсафӣ, муҳтавои фалсафаи ориентатсияро, ки дар ҳавзаҳои илмии мо нав аст, бо забони фасеҳ, сода, равшан ва возеҳи тоҷикӣ тарҷума намуд. Албатта, барои мутарҷиме, ки муҳити фалсафӣ, доираи мабоҳиси илмӣ ва ҳавзаҳои фикрии урупоиро нагузаштааст, тарҷума кардани матни суханронии муҳаққиқи хориҷӣ(ба таври синхронӣ), ки бо мафҳумот ва забони истилоҳоти фалсафӣ суҳбат мекунад, саҳлу осон нест. Хушбахтона, Н. Шаҳобуддинов аз уҳдаи ин кор сарбаландона баромад ва моҳияти фалсафаи ориентатсия, назари файласуфони ғарбӣ, бахусус, Фридрих Ничаро дар ин робита, ки дар қолаби гузориши профессори ғарбӣ ғунҷоиш ёфта буд, дар сатҳи баланд тарҷума кард.    

  Нуктаи муҳим ва асосӣ дар ин робита он буд, ки профессор В. Штегмайер ба сифати ничашиноси маъруфи урупоӣ доир ба мафҳуми ориентатсия (самтгирӣ, ҷиҳатгирӣ, перспектива, ояндабинӣ, мавзеъгирӣ ва амсоли инҳо) ва фалсафаи он суханронии ҷолиби илмӣ ироа кард. Фалсафаи ориентатсия ба пурсише посух медиҳад, ки ҳеҷ чиз мутлақ ва қобили итминону бовармандӣ нест. Вожаи «орие» ба маънии муайян кардани самт далолат мекунад. Декарт ориентатсияро дар мисоли инсоне, ки дар ҷангал роҳро гум карда, бо такя ба қудрату неруи фикрию иродавиаш тасмим мегирад ва ниҳоятан, роҳи бурунрафтро пайдо мекунад, нишон медиҳад. Нича бар ин назар буд, ки файласуфон бояд худро ба гирдоби шубҳа мубтало кунанд ва дар баҳри шакку беитминонӣ ғарқ шуда, қудрати дар ин баҳр ғаввосӣ намуданро имтиҳон кунанд. Аз ин ҷо уфуқгирӣ, самтгирӣ, дурбинӣ, тасмимгирӣ ва билохира ояндабинии як инсон(манзур индивид аст) шакл мегирад ва ӯ худро тавассути мавқеъгирӣ(ориентатсия) аз авзои ҳассосу хатарнок берун мекашад ва огоҳмандона роҳи ҳал меҷӯяд. Ин имтиҳони зеҳн ва қудрати тафаккуру тааққули инсон аст. Ориентатсия ба сатҳи тафаккур ва иродаи мавқеъгиранда бастагӣ дорад. Мавқеъгирии ғалат ё иштибоҳиро дисориентатсия мегӯянд. Ба таври куллӣ, ориентатсия ҳолати ҷиҳатгирӣ ва ояндабинии инсон аст ва зеҳну тафаккур ва иродаи ӯро дар баробари мушкилот ва фаҷоеи пешорӯяш қарордошта устувор месозад ва водор ба тасмимгирӣ менамояд. 

   Олами мо, ба назари профессор Вернер Штегмайер, ниҳоят мураккабу печида аст. Мо бояд кӯшиш намоем, ки онро сода ва фаҳмо намоем. Олами мо бар мабнои фарҳангҳо, мафкураҳо ва дину мазоҳиб сохта шудааст ва аз тариқи аносири мазкур сода ва равшану фаҳмо карда мешавад. Ҳар як халқу миллат ба тариқи худ метавонад мафкура ва идеологияашро содаву фаҳмо кунад. Бинобар ин, мафҳумҳои фалсафӣ бояд ба забони фаҳмо матраҳ гарданд, то ин ки дар миёни ҷомеа ва табақоти иҷтимоӣ алоқамандӣ пайдо намоянд ва дар тасмимгириҳои мардумӣ ё ба истилоҳ, ориентатсияи ҷамъӣ(коллективное ориентатсия) ҳамчун манбаъ хидмат намоянд.

  Баъди ироаи гузориш миёни профессор ва ҳозирин гуфтугӯйи судманде сурат гирифт. Пурсишҳои як зумра ҷавонон, бавижа суҳбатҳои файласуфон К. Бекзода, М. Шарифзода, С.Ҷонбобоев, Ё. Ниёзӣ ба ҳусни маҳфил ҳусни дигар зам намуда, боиси радду бадалҳои ҷолиби илмӣ ва ихтисосӣ гардид. Устод Комил Бекзода дар қисмати музокира дар робита бо мавзӯъ суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф, аз ҷумла тазаккур дод, ки Нича, аввалан, фалсафаи қадимаю классикӣ ва сониян, динҳоро шикаст. Ин ду қутби асосӣ – дин ва фалсафа аз ҷониби Нича шикаста шуд. Оқибат Нича дар байни дину фалсафаҳои шикаста тани танҳо боқӣ монд. Акнун чӣ мемонад? Дину фалсафаҳо шикаста шуд, табиат дар гардиши абадӣ қарор дорад. Ин аст, ки Нича ояндабинӣ мекунад ва бар ин назар аст, ки худи ӯ(манзур Нича аст) баъди миллиард сол боз аз нав такрор мешавад(назарияи бозгашти абадӣ). Ориеннтатсия ё оянданигарии Нича чунин аст, ки ҳама чизи ҷаҳонро дӯст бояд дошт. Чаро ки ҷаҳон дар давргашти абадии худ ҳамаи ин чизҳоро борҳою борҳо такрор мекунад. Инсонҳо ҳам, баъди миллиардҳо сол боз аз нав такрор мешаванд. Таҳаввули ҷаҳони моддӣ ба таври абадӣ давом мекунад ва ин таҳаввулро Нича «бозгашти ҷовидонаи ҳамаи чизҳо» меномад. Чунки табиат дар ҳолати карахтӣ қарор надорад, ҳазорон тағйирот дар он сурат мегирад. Бинобар ин, табиатро бо ҳолати мавҷудааш дӯст бояд дошт. Чаро ки  ин ҳолати табиӣ ва воқеии ҷаҳони моддӣ ва ҷаҳони инсонӣ аст.

   Хулоса, маҳфили илмие, ки бо ҳузури файласуфи муосири олмонӣ, ничашиноси маъруф, профессор Вернер Штегмайер доир гардид, барои ман, шахсан аз чанд ҷиҳат омӯзанда ва муфид буд:

      Якум, мо бо чеҳраи барҷастаи фалсафаи мосири урупоӣ ва муҳимтар аз ин, ничашиноси варзидаи имрӯзӣ аз наздик шинсос шудем ва андешаронии фалсафиро дар сатҳи стандарти байналмилалии илмӣ шунидем.

      Дуюм, аз фазои илмӣ ва ихтисосӣ(манзур ничашиносии урупоӣ) то андозае бархӯрдор гардидем.

     Сеюм, барои нахустин маротиба бо мафҳуми орентатсия ҳамчун падида ва назарияи фалсафӣ (дар мисоли фалсафаи Нича ва назарияи фалсафии профессор Вернер Штегмайер) бархӯрди илмӣ намудем ва онро ба унвони назарияи фалсафӣ дар майдони мубоҳисоти урупоӣ шинохтем. Ба як ҷумла: мавқеъгирӣ (ориентатсия) ҳам фалсафа аст.

     Чаҳорум, суҳбати ихтисосӣ ва фалсафии профессори олмонӣ шеваи нигариши моро ба масъалаи самтгирӣ, тасмимгирӣ, мавқеъгирӣ, ҷиҳатгирӣ ва ояндабинӣ – ориентатсия тағйир дод. Таваҷҷуҳи амиқ ба ин масъала ва дар ин замина ба ковишу ҷӯстуҷӯҳои илмӣ пардохтан, пеш аз ҳама, моро ба самти шинохти дигари зеҳн, равон, тафаккур ва иродаи шахсӣ-инфиродӣ(индивидуалӣ) ва дастаҷамъӣ(коллективӣ) мебарад. Дар баробари мушкилоти мавҷуда ҳадафмандона ва оқилона самтгирӣ (ориентатсия) намудан ё мавқеъгирӣ кардан зарурати иҷтимоӣ ва фикрии инсон аст. Иқтидори зеҳнӣ ва иродавии инсон тасмимоти ӯро дар баробари хатарҳои пешорӯяш ҷиддӣ ҷилва медиҳад ва неруи шахсиятсозиашро нишон медиҳад. Аз ҷониби дигар, ҳунари офаринандагӣ ва тавлидгарии инсон дар имтидоди самтгрии ӯ такмилу тақвият меёбад.

     Панҷум, аз шеваи мутарҷимӣ ва дониши ихтисосии донишманди тоҷик Нуриддин Шаҳобуддин сабақ гирифтем. Воқеан, Н. Шаҳобуддинов аз ҷумлаи файласуфони миллиест, ки дар муддати кӯтоҳ забони олмониро фаро гирифта, санаи 12 феврали соли 2010 дар мавзӯи «Зардушти озодандеш. Нитше ва Зардушти таърихӣ» дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи шаҳри Грайфсвалди Олмон рисолаи докторӣ(Dr.Phil.) ҳимоя намудааст. Дониши фалсафӣ, биниши илмӣ, таҷрибаи ҷаҳоншиносӣ ва маҳорати забондонии Н. Шаҳобуддинов дар ҷараёни тарҷумаи ҳамзамонии (синхронии) суханронии профессори олмонӣ равшан эҳсос мешуд. Чунин шахсиятҳои фалсафӣ ва фарҳангӣ, воқеан, боиси ифтихори миллатанд.

         Нозим Нурзода

Хондан 2142 маротиба