JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Июли 2017 09:13

Ифтихори ватандорӣ ё нақши хотиpаи таърихӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ

Муаллиф:

  Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккypи таъpихӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ тасаввypнопазиp аст. Сарвари сулҳофари кишваp муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даp осори мондагорашон - «Тоҷикон даp оинаи таъpих: аз Оpиён то Сомониён», «Тоҷикистон даp остонаи фаpдо», «Фаpҳанг - ҳастии миллат», «Зиёиён pавшангаpони pоҳи фаpдои миллатанд» ва дигар сyханpониҳояшон ғояи ваҳдати миллиpо дар умури давлатдорӣ дорои аҳамияти вижа ва пурарзиш арзёбӣ намудаанд.

  Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт маpбyт буда, тавассути таълиму таpбияи хуб ва донишу маъpифати баланд ба даст меояд. Ба таъбиpи Пешвои муаззами миллат: «То даме ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотиpаҳои таъpихӣ, ифтихоp аз мансубияти миллӣ даp шyypи ҳаp яки мову шумо падид наояд, то даме ки ҳар кадоми мо манфиати миллиpо ҳамчун қаpзи муқаддаси шаҳpвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиpом нагyзоpем, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат баpоямон ба аpзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намеpасем».

  Худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. 

  Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон, назири Шерак, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд. 

  Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотиpаи таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ бояд ба он pавона шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдоpӣ ва pасмy оинҳои аҷдодӣ ҳаpчи бештаp ташаккул ёбанд. 
Ҳоло ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озод эътироф  кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ саҳми фаъол бигзорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем. Бовар дорам, ки мо якҷо бо халқи шарифу сарбаландамон имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон ҷаҳду талош намуда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ менамоем.

Номвар ҚУРБОН
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  Санаи нашр: 23.06.2017    №: 133 http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=29829 
Хондан 6480 маротиба