JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Июли 2017 04:38

Ваҳдати воқеии миллӣ чист?

Муаллиф:
Ваҳдати миллӣ Ваҳдати миллӣ

 Миллат дар ҳар марҳилаи таърихӣ ва таҳаввули худ вобаста ба муҳиту шароит ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ ба вазъиятҳои хосе дучор мешавад, ки бояд аз онҳо ба хотири рушду пешрафт ва ё ҳадди ақал барои ҳифзи мақом ва бақои хеш роҳи раҳоиро дарёфт кунад. Дарёфти роҳҳои раҳоӣ аз вазъиятҳои мунтазам тағйирёбанда вазифаҳо ва нақшаҳои кори миллатро ташкил мекунанд. Миллате дар ин гирудорҳои беохир муваффақ хоҳад буд, ки муттаҳиду ягона аст ва ба таври хастагинопазир барои ҳифзи манофеи худ дар талош буда, аз маҷмӯи роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилот тавоноии дарёфти беҳтарин роҳҳалро дошта бошад. 

  Вазъияти мушкили сиёсие, ки дар ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ дар кишвари мо ба вуҷуд омада мусибатҳои зиёдеро ба сари миллат овард, метавонист паёмадҳои махуфи аз он ҳам бештаре дошта бошад. Шукр, ки дар саминаи созиши миллӣ роҳи раҳоӣ аз ин варта дарёфт карда шуд ва миллат аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бадар омад.

  Дар воқеъ истиқрори сулҳ ва таъмини  амну суботи сиёсӣ баъди фоҷеаи ҷанги бародаркуш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои  бисёр муҳим ва муваффақияти беназири миллати мо аст, ки дар алоқамандӣ ба он заминаи  рушди  устувори иқтисодии кишвар ва беҳдошти рӯзафзуни иҷтимоии аҳолӣ гузошта шуд. Аммо бо ёдкарди мунтазами ин фоҷеаи миллӣ ва таъкиди мукаррари заҳматҳое, ки барои ҳусули ин дастовард анҷом дода шудааст, наметавон интизори шукргузории ҳамешагии мардум ва махсусан насли ҷавони ҷомеа буд. Бо ин тарзи маҳдуд талқину таблиғ кардани ваҳдат дар зеҳни омма фаҳмишеро ба вуҷуд меорад, ки ваҳдат фақат шакли ҳамзистии иҷтимоии бидуни ҷанг асту бас. Шакли ҳамзистии иҷтимоии бидуни ҷангро на ваҳдати миллӣ, балки амну суботи сиёсӣ ва оромиши иҷтимоӣ бояд донист. Алалхусус дар мавриде, ки ҷомеа роҳи ин гуна ҳамзистиро баъди хастагӣ аз ҷанги  дохилӣ интихоб карда бошад, он фақат сулҳ ва созиши миллӣ аст.  Созиши миллӣ раванди иҷтимоиву сиёсиест, ки низоъҳо ва даргириҳои дохилии як миллат ва давлатро бартараф мекунад.  Чунин шакли ҳамзистӣ як падидаи иҷтимоии нисбатан содаи таркиби ваҳдати миллӣ мебошад, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бо ваҳдати воқеии миллӣ айният дод. Сулҳу оштии миллӣ ва амну суботи сиёсии ҷомеа падидаи иҷтимоиву сиёсии матлубест, ки дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири ҳифзи манофеи умумӣ ва бақои ҷомеа роҳандозӣ мегардад, аммо он ба тафовут аз ваҳдати миллӣ унсурҳои асилу доимии ҳуввиятсоз надошта асосан ҷанбаҳои қарордодӣ ва зоҳирӣ дорад. Амну суботи сиёсии ҷомеа агар бидуни ваҳдати воқеии миллӣ фақат дар заминаи назорати низомии давлат ба вуҷуд оварда шуда бошад, он бо вуҷуди устувории зоҳирии худ ҳамеша осебпазир боқӣ монда, дар лаҳзаҳои барои давлат ҳассос метавонад ба осонӣ халалдор гардад. Ин гуна ваҳдат фақат ваҳдати зоҳирӣ ва механикӣ аст, на воқеӣ ва органикӣ.

  Аз ин рӯ, бо назардошти дастёбӣ ба истиқрори сулҳу амну суботи сиёсии ҷомеа вақти он расидааст, ки ба ваҳдати миллӣ ҳамчун ба падидаи иҷтимоии мураккаб ва арзиши бунёдие муносибат намоем, ки кафили устувории амнияти миллӣ ва заминагузори пойдориву мондагории давлати мо гардад. Агар ваҳдати миллӣ заиф ва зоҳирӣ бошад, табиист, ки амнияти миллӣ низ заифу зоҳирӣ ва осебпазир хоҳад буд.

  Ваҳдати миллӣ падидаи воқеан мураккаби иҷтимоиест, ки баёнгари сатҳи ташаккули миллӣ буда, дар ҷавҳари миллат тағйироти сифатӣ ва тавонмандии рақобатпазирӣ ба вуҷуд меоварад ва афроди миллатро муттаҳиду нерӯҳои зеҳниву ҷисмии онҳоро барои ҳифзи манофеи миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад.

  Ваҳдати миллӣ агарчанде тавофуқи назар ва дидгоҳи ягона доштани мардум доир ба манофеи миллӣ, арзишҳои меҳварӣ ва масоили бунёдии ҷомеа аст, аммо набояд тасаввур кард, ки он комилан ба маънои якандешӣ ва ҳамфикриву ҳамсӯии мутлақи миллат доир ба тамоми масъалаҳост ва бо мафҳумҳои дигарандешиву озодии фард ва демократияву плюрализм таноқуз дорад. Ваҳдати миллӣ ҳамфикриву ҳамсӯӣ ва ҳаммаромии миллат доир ба масъалаҳои куллӣ ва бунёдии миллӣ аст, аз ҷумла доир ба масъалаҳои ҳифзи якпорчагии кишвар, манофеи миллӣ, арзишҳои меҳварии ҷомеа, шаъну обрӯи Ватан ва ҳамватанон ва амсоли инҳо.

  Ваҳдати миллӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоии муҳофизатӣ дар робита таҳаввули ҳамешагии муносибатҳои байналмилалӣ бояд ҳамеша аз ҷиҳати сифатнокӣ такмил ёбад. Он хусусият ва сифати умдатарини ҳастии миллат ва рақобатпазирии он барои ҳифзи бақои худ аст. Бидуни доштани ин вижагӣ аслан миллат ҳамчун низоми иҷтимоӣ наметавонад рақобатпазир бошад ва мавҷудияти худро ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Аз ин рӯ то вақте миллат вуҷуд дорад, масъалаи ваҳдати миллӣ ва тақвият додани он ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳими миллӣ боқӣ хоҳад монд, зеро ваҳдати миллӣ шарти бақои миллат аст.

  Чунонки ишора шуд, амну суботи сиёсӣ ва оромиши вазъи иҷтимоӣ ҷузъи хеле муҳими ваҳдати миллист, аммо ваҳдати миллӣ фақат бо амну суботи сиёсӣ ва оромиши вазъи иҷтимоӣ маҳдуд намешавад. Ваҳдати миллӣ аз ҷумла дар ҳамсӯиву ҳаммаромӣ ва вокуниши миллат доир ба  масъалаҳои ҳифзи манофеи миллӣ ва рафъи мушкилоти умумии ҷомеа низ инъикос меёбад. Аз ин ки манофеи умумимиллӣ ва мушкилоти ҷомеа тадриҷан тағйир ва таҳаввул мепазиранд, зарурат дорад, ки мавқеъгириҳои ҷомеа низ нисбат ба ин масъалаҳо мунтазам тамаркуз дода шаванд. Тамаркуз додан ё мутамарказ кардани нерӯҳои зеҳниву ҷисмии мардум аслан рисолати нухбагону масъулини давлатӣ ва зиёиёну пешоҳангони ҷомеа аст. Бетафовутиву бетарафии мардум нисбати масъалаҳои умумимиллӣ, агарчанде амну суботи сиёсиро мустақиман халалдор накунад ҳам, аммо бозгӯи заиф будани тору пуди ваҳдати ҷомеа ва ҳатто адами он аст. Аз ин рӯ бедорӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷомеаро бояд ба вуҷуд овард. Миллат бояд нисбат ба манофеи худ ва хатарҳое, ки бо он мувоҷеҳ мешавад, бетараф набошад. Вокунишҳо ва мавқеъгириҳои дурусту саривақтии миллат нисбат ба омилҳои таъсиргузори муҳити геополитикӣ, ки ба манофеи он таъсир мерасонанд, яке аз умдатарин шаклҳои зуҳур ва бозтоби ваҳдати миллӣ аст. 

  Ваҳдати миллиро ҳамчунин фақат ҳамбастагиву ҳамсӯии шаҳрвандони як кишвар нисбат ба якдигар доир ба масоили умумимиллӣ низ набояд донист. Яке аз рукнҳои асосии дигари ваҳдати миллӣ ҳамбастагиву ягонагии миллат бо давлат аст. Ваҳдати миллӣ он гоҳ қавӣ хоҳад буд, ки мардум ҳокимиятро мардумӣ ва аз они худ донад ва ба он сидқан эътимод дошта бошад.  Коре бояд кард, ки тамоми мардум худро барои бақои бардавоми давлати миллӣ, ки он муҳимтарин дастгоҳи ҳифзи манофеи миллат аст, масъул донанд. Мардум бояд дарк кунанд, ки ҳимоят аз истиқлоли сиёсии миллат фақат масъулияти сохторҳои низомӣ нест, балки он вазифаи муқаддаси ҳар як фарду марди кишвар аст.

  Ба хотири устувориву мондагорӣ ва таҳаввулпазирии ҳамешагии ваҳдати миллӣ давлат ҳамчун ниҳоди асосии тамаркуздиҳандаи нерӯҳои зеҳниву ҷисмии ҷомеа масъулияти бисёр муҳимеро ба зимма дорад. Давлат  вобаста ба вазъи мунтазам тағйирёбандаи ҷаҳон ва таъсиргузориҳои омилҳои дохиливу хориҷӣ бояд саривақтӣ нерӯҳои ҷомеаро мутобиқ ба вазъ тамаркуз диҳад ва ориентатсияи миллиро муайян намояд, вагарна нерӯҳои таъсиргузори манфиатҷӯи фурсатталаб метавонанд аз беэътиборӣ ва ё таъхир дар ин самт сӯиистифода карда, дидгоҳи мардум ва масири ҳаракати ҷомеаро тағйир диҳанд ва боиси парокандатаркиб гардидани он шаванд.

  Дар кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо нисбат ба манофеъ ва аҳдофи миллӣ бетафовуту бетарафанд, бо вуҷуди суботи зоҳирии сиёсӣ аслан амнияти миллӣ наметавонад дорои заминаи устувору муътамад бошад. Дар ҷомеаҳои парокандатаркиб ҳар касе ба дунболи манфиатҳову ҳадафҳои шахсиву гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва диниву сиёсии худ аст. Дар чунин ҷомеаҳо аксарият ба ҳадафҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ ҳеҷ арзишеро қоил нестанд. Нуқсони  асосӣ дар чунин ҷомеаҳо аслан марбут ба омма нест.  Нуқсони  асосӣ дар он аст, ки дар чунин ҷомеаҳо манфиатҳову арзишҳо ва ҳадафҳои умумимиллӣ ҳанӯз дуруст муайян ва мушаххас нашудаанд. Аз ин рӯ, табиист, ки дар чунин ҷомеаҳо ҳар як фард ва қишри ҷомеа манфиатҳову ҳадафҳои шахсиву гурӯҳӣ ва диниву сиёсии худро пайгирӣ мекунад ва онро арзиши аслӣ меҳисобад. 

  Маҳз чунин ҷомеаҳо бинобар сабаби бисёр осебпазир буданашон аз ҷониби нерӯҳои манфиатҷӯи бегона ҳамчун объекти таъсирпазир дар мадди назар гирифта мешаванд, зеро фурӯпошии чунин низомҳои заифи иҷтимоӣ кори чандон мушкил нест.

  Аз ин рӯ, мо бояд дар фазои истиқлоли сиёсии кишвар бо истифода аз ин фурсати мусоиди таърихии тақдирсоз бо назардошти вазъи бисёр мураккаби ҷаҳон таъҷилан ва бо тамоми ҷиддият пойдевори ваҳдати воқеии миллиро барои устувории амнияти ҷомеа, мондагории давлати миллӣ, пойдории истиқлолияти сиёсии Тоҷикистони азиз ва ҳифзи бақои миллати ранҷдидаи тоҷик аз дидгоҳи илмӣ таҳким бахшем.

  Ваҳдати воқеии миллӣ дар равон ва рӯҳияи миллӣ тағйироти сифатӣ ба вуҷуд меоварад. Агар ба ин масъала аз зовияи назария оид ба эмерҷент(аз вожаи англ. emergent — падидаи ғайримаъмулӣ) нигарем, дарки моҳияти он ба маротиб осонтар мешавад. Мувофиқи назария оид ба эмерҷент, ки шакли дигари ифодаи нисбатан такмилёфтаи қонуни диалектика дар бораи гузариш аз миқдор ба сифат аст, баъзе хусусиятҳо ва сифатҳои вижае  ҳастанд, ки онҳоро ашё ва мавҷудот фақат дар ҳолати ҳамбастагиву ваҳдати комилу воқеӣ ва низоми муташаккил доштан метавонанд касб намоянд. Ҷузъиёт ва мавҷудоти олами ҳастӣ, ки ҳар яке дорои сифатҳои вижаи худ ҳастанд, дар мавриди ба ҳам омадан ва ташкили робитаи бонизом дорои сифатҳои куллан мутафовите мешаванд, ки қаблан надоштанд ва ин сифатҳои мутафовит на ба ҷузъиёт ва мавҷудоти алоҳида, балки маҳз ба низоми робитаҳои муштараки онҳо марбут аст. Аз ин аст, ки назария оид ба эмерҷентро метавон назария оид ба сифатҳо ва вижагиҳои сохторӣ(системавӣ) низ номид. Ин гуна  сифатҳо, яъне сифатҳое, ки махсуси низомҳо ва сохторҳоянд,  ба таври фаровон дар олами мавҷудоти зинда ва ғайризинда мушоҳида мешаванд. Масалан атомҳои гидрогену оксиген дар ҳолати пайвастагӣ, ки обро ҳосил мекунанд, дорои хусусият ва вижагии куллан мутафовите мешаванд, ки онро ҳаргиз дар ҳолати алоҳидагӣ ва ҷудо аз ҳам будан дошта наметавонанд. Занбӯрон ва мӯрчагон ҳамчун навъи биологӣ аз дидгоҳи ташаккули ҷисмӣ ва зеҳнӣ дар алоҳидагӣ нисбати дигар анвоъи биологӣ ҳеҷ афзалияте надоранд, аммо бо назардошти ҳамоишу ҳамбастагӣ  ва "низоми иҷтимоӣ"-и мураккаби худ дорои сифатҳову хусусиятҳои вижае шуда ба ин васила барои ҳифзи бақояшон афзалиятҳои зиёдеро касб кардаанд, ки ин гуна афзалиятҳоро ҳаргиз имкон надорад, ки ҳар яктои он дар алоҳидагӣ дошта бошад. Ҷузъиёти як ҳавопаймо бо вуҷуди мураккабӣ қудрати парвози ҳадафмандонаро надорад, аммо ҳамбастагии ҷузъиёт онҳоро қудрати парвоз, яъне сифати куллан мутафовите мебахшад, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо дар алоҳидагӣ онро наметавонистанд дошта бошанд.

  Ваҳдати назариву амалӣ ва ҳамоишу ҳамбастагӣ аз ҷумла одамонро низ метавонад ба низоми муташаккиле табдил диҳад, ки боиси ҳусули сифатҳои махсус ва афзоиши нерӯи онҳо мегардад. Миллатҳои муташаккилу муттаҳид аз он нерӯманданд, ки афроди онҳо чун ҷузъиёти як низом рисолату масъулияти худро дар ҷомеа мешиносанд ва анҷом медиҳанд. Маҳз ҳамин ҳамбастагиву ваҳдат ва "ҳисси иҷтимоӣ" ба таври муъҷизаосо ба онҳо нерӯи иловагӣ ва сифатҳои вижае мебахшад. Дар мавриди набудани ваҳдат ва ё ба таври расмиву зоҳирӣ вуҷуд доштани он иҷтимои физикии одамон ҳаргиз наметавонад дорои чунин хусусият ва  афзалият бошанд. Ваҳдати воқеӣ миллатро қудрату эътимод ва ангезаву рӯҳия мебахшад. Дар навбати худ ин ангеза ва рӯҳия боиси тақвияти дигар нерӯҳои созандаи миллӣ, аз ҷумла тақвияти ваҳдати миллӣ низ мегардад.

  Ваҳдати миллӣ дар заминаи рӯҳияи миллӣ ба вуҷуд меояд, аммо дар навбати худ барои ба нерӯи фарогиру ҳадафманди ҷомеа табдил гардидану таҳким ёфтани он нақши муҳим ва муассир мебозад. Барои ваҳдати воқеии миллиро ба вуҷуд овардан ҳатман рӯҳияи миллиро бояд эҳё кард ва таҳким бахшид. Дар акси ҳол ваҳдати миллӣ осебпазир ва ноустувор хоҳад буд. Ҷавҳари ваҳдати миллиро рӯҳияи миллӣ ташкил медиҳад.

  Мутаассифона, дар кишвари мо зуҳуроти манфӣ ва омилҳои ҷиддии таъсиргузоре мавҷуданд, ки монеи тақвияти рӯҳияи миллӣ ва садди роҳи ташаккули ваҳдати воқеии ҷомеа мегарданд.

  Қавӣ будани ҳисси маҳалгароӣ ва ангезаи маҳалсолорӣ дар кишвари мо яке аз ҳамин гуна зуҳуроти номатлуб аст. Ин нуқсон на фақат монеъи тақвияти рӯҳияи миллӣ, балки монеъи ҷараёни ниҳоии ташаккули воқеии миллати мо низ ҳаст.

  Боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи мо аз ҳисси маҳалгароиву ангезаи маҳалсолорӣ на фақат зеҳни омма, балки зеҳни афроди таҳсилдида ва ҳатто кормандону роҳбарони сохторҳои давлатӣ низ сироят ёфтааст...

  То чӣ андоза амиқ фурӯ рафтани решаҳои маҳалгароиро дар зеҳни аҳли ҷомеаи мо аз он метавон пай бурд, ки ҳатто Ҳукумати кишвар низ бо назардошти таъсири ин омил маҷбур мешавад, ки дар мавриди таъин ба вазифаҳои калидиву бонуфузи давлатӣ барои маҳалҳо ва минтақаҳои ба қавле “бонуфуз” квота муқаррар намояд. Маълум аст, ки чунин муносибат боиси боз ҳам тақвият ёфтани ангезаҳои маҳалсолорӣ гардида, сулолаҳои ҳокими маҳалгароро  нерӯманд мекунад. 

   Ба василаи эътилофи нерӯҳои маҳалгаро наметавон ваҳдати воқеии миллиро  ба даст овард. Ваҳдати миллӣ эътилофи нерӯҳои маҳалгаро нест. Бо корбурди ин усул наметавон  ба ваҳдати воқеии миллӣ ноил шуд. Шояд барои муҳлати кӯтоҳи таърихӣ истифода аз чунин усули созиши миллиро зарурати таърихӣ унвон додан раво бошад, аммо ин фарзия ё гипотезаро набояд роҳкори ҳамешагии давлат дар умури миллатсозӣ донист. Эътироф бояд кард, ки аслан ин усул ба  раванди ҷомеасозӣ дар кишвар наметавонад таъсири мусбат дошта бошад ва боиси суръат бахшидани марҳилаи ниҳоии ташаккули миллати тоҷик гардад. Беш аз 100 сол аст, ки давлатҳои охири тоҷикон, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ин фарзияи ғайриилмиро ҳамчун роҳкори созиши миллӣ ва миллатсозӣ истифода мебарад, лекин мо дар ин самт ҳанӯз “дар хами як пайроҳаем” ва ба манзили мақсуд, яъне марҳилаи воқеии ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ нарасидаем. Пас бояд дарк кард, ки фарзияи мазкур ва корбурди тӯлониву ҳамешагии  он  ба ҳайси роҳкори бегузинаи давлатдории миллӣ хатост. Шояд ҷонибдорони ин фарзия, ки на фақат симоҳои воқеии арсаи давлатдорӣ, балки ҳатто чеҳраҳои идеаливу қаҳрамонҳои мардумиро низ дар ҳамин қолаб ва формат ҷобаҷо кардаанд, бо ин андеша сари созиш ва муросо надошта бошанд, аммо ҳақиқати таърихӣ он аст, ки ин назария дар тӯли беш аз 100 соли ба амалия пайвастани худ натавонист эҳсоси маҳалгароиро аз зеҳни мардуми мо зудояд. Баръакс, он боис шуд, ки тӯли тамоми муҳлати давлатдориҳои мазкур тақсимоти вазифаҳои муҳими сатҳи ҳокимияти давлатӣ  дар кишвари мо маҳз бо назардошти фактори маҳаллӣ расман ҷорӣ гардад ва гузашта аз ин тартиби ҷоришуда мисли як  амали қонунманд аз тарафи умум пазируфта шавад. Чунин муносибат дар мавриди ташкили Ҳукумати миллӣ ва таъини ҳайати кадрии он моҳиятан маънои машруият додани маҳалгароист ва бидуни шубҳа эҳсоси маҳалгароиро дар байни мардум тақвият медиҳад.

  Олами мутамаддин бо суръати кайҳонӣ дар ҳоли таҳаввул аст. Пас, чаро дидгоҳи мо доир ба умури миллатсозӣ тамоил ба таҳаввул надорад, хоса дар мавриде, ки усулу услубҳои назариву амалӣ ва роҳкорҳои мо дар самти миллатсозӣ натиҷабахш будани худро исбот карда наметавонанд? Пас, чаро марказҳои илмиву тадқиқотӣ ва стратегиву оянданигарии кишвари мо дар андешаи коркарди роҳкорҳои муассиртару самарабахштар барои таҳкими воқеии ваҳдати милливу аз байн бурдани ангезаи маҳалгароӣ нестанд?

  Ҳар қадаре, ки ҳисси маҳалгароӣ дар ҷомеаи мо  қавӣ бошад, ба ҳамон андоза суръат бахшидани раванди ҷомеасозиву ташаккули ваҳдати воқеии миллат ва тақвияти рӯҳияи миллӣ мушкил хоҳад буд.

  Барои тадриҷан аз байн бурдани маҳалгароиву маҳалпарастӣ ғайр аз татбиқи принсипи адолати иҷтимоиву баробарии рушди маҳалҳо ҳамчунин зарур аст, ки аз ду самти дигар низ таъсир расонида шавад.

  Аввалан, бояд ба таври тадриҷӣ доираҳои нуфуз, мақом ва таъсиргузориҳои ақидативу молиявии кланҳо ва сулолаҳои маҳалливу минтақавӣ маҳдуд карда шаванд, зеро яке аз омилҳои асосии тақвият ёфтани ангезаи маҳалгароиву маҳалсолорӣ маҳз ҳамин гуна гурӯҳҳо мебошанд. Ин гуна гурӯҳҳо, ки бо назардошти “омили маҳал” ба сари қудрат омадаанд, табиист, ки барои таҳкими мақоми худ ҳамеша аз ҳамин омил сӯистифода кардан мехоҳанд ва маҳз аз ин рӯ барои қавӣ кардани ин омил ҳавасманд хоҳанд буд.

 Сониян, бо истифода аз сохторҳои соҳаи маориф ва ВАО корҳои тарбиятиву идеологиро дар асоси барномаҳои мукаммали тарбиятиву идеологӣ ба таври муассир роҳандозӣ карда ҷиҳати тарбияи ҷомеа, хоса тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ талоши ҳамешагӣ бояд дошт.

 Маҳалгароӣ дар кишвари мо яке аз омилҳои бисёр хавфноке аст, ки давлатдории миллиро аз бунёд ноустувор мекунад. Маълум аст, ки тарроҳони равандҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ дар ҳамаи он кишварҳое, ки мақсади ба вуҷуд овардани мушкилоту буҳронҳои  сиёсиву иҷтимоиро доранд,  қаблан бо усули тафриқаандозӣ мекӯшанд, ки он ҷомеаҳоро таҷзия карда ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо созанд. Барои чунин тарроҳон маҳалгароии мардуми мо, ки решаҳои амиқ дорад, ба осонӣ метавонад ҳамчун заминаи тафриқаангезӣ ва ташаннуҷ хидмат кунад. Вазъи кунунии тоҷикони Афғонистон ва ба гурӯҳҳои мутааддид ҷудо гардидани онҳо бозгӯи ҳамин воқеияти талх аст. Тоҷикони Афғонистон бо вуҷуди афзалияти теъдодӣ, мутаассифона, наметавонанд муттаҳид бошанд ва ҷойгоҳи шоистаи сиёсиву иҷтимоии худро дар ин кишвар ба даст оранд.

 Дар кишвари мо омили маҳалпарастӣ чун омили мазҳабгароиву хурофотпарастӣ на фақат аз дохил барои ташаккули тафаккури миллӣ монеа эҷод мекунад, балки метавонад ҳамчун абзори тафриқаангезӣ ва ташаннуҷи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар хидмати нерӯҳои манфиатҷӯи бегона низ қарор гирад.

 Дуруст аст, ки таъсиргузориҳои нерӯҳои манфиатҷӯи хориҷӣ метавонад омили ташаннуҷи вазъи дохилӣ ва дар зимн заъфи ваҳдати миллӣ дар кишвари мо  бошад, аммо бо корбурди дурусти васоили тарғиботиву ташвиқотӣ ва мавқеъгирии ватанпарварона метавон ин омили манфиро ба омили тақвияти ваҳдати миллӣ ва мутамарказ кардани тамоми нерӯҳои ҷомеа бар алайҳи хатари беруна истифода кард. Барои натиҷабахш шудани кор дар самти табдили ин фактори манфӣ ба омили мусбат арзёбиҳои илмии ихтисосмандона шарти аввал ва роҳкорҳои муассир шарти сонӣ аст. 

 Хеле хавф  дорад  агар дар минтақаҳои кишвар ғайр аз сохторҳои расмии давлатии  идоракунӣ боз  гурӯҳҳо (кланҳои эътирофшуда)-и  ғайрирасмии  муташаккили  маҳаллие вуҷуд дошта бошанд,  ки  ба самти  фаъолияти  сохторҳои  расмии  давлатии маҳалливу марказӣ ва масъулини  онҳо таъсир  расонанд. Аз он ҳам хавфноктар аст агар намояндагони ин қабил гурӯҳҳо дар сохторҳои давлатӣ роҳ ёфта ва ё роҳ дода шуда бошанд, зеро арзишҳои меҳварии ин гуна афрод на арзишҳои милливу умумидавлатӣ, балки бузургманишии маҳаллӣ аст.

 Соҳибмансабоне, ки ба  хотири  ҷалби  таваҷҷуҳи  мардум ва махсусан мардуми маҳал ва минтақаҳои муайян ба сатҳи олии маъмурии  давлатӣ  ҷойгузин мешаванд,  набояд  аз зумраи  ашхосе бошанд, ки  барои онҳо  арзишҳои  маҳаллӣ, аз  ҷумла бузургманиши  маҳаллӣ аз арзишҳои  умумимиллӣ афзалият дошта  бошанд. Хеле  хавфнок аст, агар  як нафар  масъули  сатҳи  ҳокимияти   марказӣ ба ҷои  сиёсати давлатӣ аслан  дар андешаи  сиёсати  маҳаллӣ бошад.

  Нерӯманд шудани ин гуна гурӯҳҳои  муташаккилу мутамаркази маҳаллӣ ва дар сатҳи кишвар соҳибнуфуз гардидани саркардагони онҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи мо ва таъсири субъектҳои сиёсии манфиатҷӯи сатҳи минтақа ва байналмилалӣ ба нафъи ҳокимияти мутамаркази миллӣ ва якпорчагии миллат нест. Бояд ба ҳокимияти марказӣ  шиддати таъсири ин гуна гурӯҳҳо ва ин гуна соҳибмансабони маҳаллӣ кам карда шуда ба тадриҷ нуфузи онҳо дар маҳал низ коҳиш дода шавад.

  Боиси хушнудист, ки тӯли 25 соли истиқлолияти давлатӣ новобаста ба мушкилоти таҳмиливу дохилии сиёсӣ тадриҷан ҷойгоҳу пойгоҳи давлати миллӣ дар ҷомеаи мо таҳкиму тақвият меёбад. Аммо лозими таъкид аст, ки барои устуворӣ ва мондагории давлату низоми давлатдорӣ талоши ҳамешагӣ бояд дошт ва баҳри аз байн бурдани омилҳову зуҳуроти заифкунандаи мавқеъ ва нуфузи ҳокимияти марказӣ бояд мунтазам тадбир ҷуст. Яке аз омилҳои заифкунандаи мавқеъ ва нуфузи ҳокимияти марказӣ дар кишвари мо ин аст, ки на фақат омма, балки кормандон ва ҳатто мансабдорони давлатии мо низ, мутаассифона, дидгоҳи милливу давлатӣ надоранд ва ба масъалаҳои умумимиллӣ бо назардошт ва афзалият додани манфиатҳои маҳалливу минтақавӣ ва гурӯҳӣ муносибат мекунанд.

  Аз ин рӯ, мутаассифона, дар зеҳни аҳли ҷомеа ва минҷумла дар зеҳни аксари кормандону мансабдорони давлатии мо низ на арзишҳои миллӣ, балки арзишҳои маҳаллӣ ва мафкураи маҳалсолорӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Дар сатҳи ҳамаи минтақаҳои кишвар ин ангезаи номатлуб ҷой дорад, аммо чунин ба назар мерасад, ки миқёс ва шиддати ин ангеза дар баъзе минтақаҳои кишвар бештар ба равандҳои сиёсиву идоракунӣ таъсиргузор аст. Аз ин рӯ ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳои маҳаллӣ, ки бо мақсади таъин ба вазифаҳои сатҳи маҳал ва ё сохторҳои марказии ҳокимияти давлатӣ ҷалб карда мешаванд, хуб мебуд, ки дараҷаи ташаккули шахсияти номзадҳо ҳамчун шахсияти миллӣ ба эътибор гирифта шавад.

  Ба хотири таҳкими низоми мутамаркази давлатдорӣ ва тақвияти мавқеи ҳокимияти марказии давлатӣ муносиб нест, ки кадрҳои дорои амбитсия ва мафкураи бузургманишии маҳалливу қавмӣ дар садри мақомоти маҳаллӣ ба вазифа таъин карда шаванд, зеро  чунин ашхос бо мафкураи сироятёфтаи маҳалсолории худ ҳангоми солори маҳал шудан имкони бисёр хуби роҳандозии сиёсати маҳалгароёнаро меёбанд ва аз дастгоҳи давлатӣ ба нафъи ҳадафҳои ғайридавлатии худ сӯиистифода мекунанд. Аз ин рӯ ин гуна кадрҳое, ки ҳанӯз то сатҳи тафаккури милливу мавқеи давлатӣ рушд накардаанд ва гузашта аз ин мафкураи хароби маҳалгароӣ доранд, хуб мебуд, ки дар мақоми роҳбарии маҳалли худ ва ё сохторҳои марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифаҳои асосӣ таъин карда нашаванд, зеро онҳо чунонки таъкид шуд барои ба даст овардани чунин вазифаҳо ва доштани чунин мақоми маъмурӣ аслан ба хотири он талош мекунанд, ки ҳадафҳои маҳалсолорӣ ва гурӯҳиву шахсии худро роҳандозӣ намоянд. Ин гуна ашхос аслан намояндагони сулола ва кланҳои маҳаллиеанд, ки ҳамеша аз пуштибонии онҳо бархурдоранд ва маҳз аз ин сабаб ҳангоми ифои вазифа дастури кори худро на фақат аз  роҳбари  давлат, балки аз роҳбарони сулолаи худ низ мегиранд. Аз ин рӯ ба чунин ашхос набояд имконоти бемаҳдуд дод ва ҳамаи хостаҳои онҳоро бароварда кард. Агар баҳри ҷалби таваҷҷуҳ ва ба хотири ҳусули ризои мардуми ин ё он минтақаву маҳал  зарурате ҳам барои ҷалби кадрҳои маҳаллӣ вуҷуд дошта бошад, он гоҳ кадрҳои дорои мавқеи давлативу андешаи ташаккулёфтаи миллӣ, ё ҳадди ақал афроди якрӯ ва ба ҳокимияти марказӣ содиқ ба кори роҳбарӣ бояд ҷалб карда шаванд. Ба ҳеҷ сулола ва клане дар минтақаҳои кишвар набояд имкон дод, ки худро ҳокими мутлақи маҳал тасаввур ва вонамуд кунанд.  Дар ин минтақаҳо ба василаи таъиноти кадрии дуруст бояд механизмҳои идоракунӣ тарзе ба роҳ монда шаванд, ки ҳамаи ҳокимони маҳаллӣ дастуру нишондоди фаъолияти худро фақат аз Пешвои миллату роҳбарияти Ҳукумат гиранд, на ҳамзамон аз  пешвоҳои маҳалливу сулолавии худ.

  Мавҷудият ва нуфузи ҳокимияти ғайрирасмӣ дар дохили ҳокимияти расмӣ далели заъфи давлат ва омили хатар бар амнияти миллист. Чунин вазъият барои умумимиллӣ эътироф шудани ҳокимияти сиёсии кишвар аз тарафи ҷомеа монеаи ҷиддӣ ба вуҷуд меорад.

  Дар сатҳи роҳбарияти мақомоти маҳаллии кишвар ҳатман шахсиятҳои дорои тафаккури миллӣ ва мавқеи давлатӣ бояд таъин гарданд, зеро таини  ашхоси маҳалгаро дар чунин вазифаҳо боиси боз ҳам бештар тақвият ёфтани ангезаи маҳалгароӣ мегардад.

  Ба хотири таҳкими ваҳдату амнияти миллӣ коре бояд кард, ки бузургманишиҳои сиёсии маҳаллӣ на фақат шиддат нагиранд, балки тадриҷан аз байн бурда шаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф, яъне тадриҷан кам кардану баъдан аз байн бурдани амбитсияҳо ва бузургманишиҳои сиёсии маҳаллӣ ногузир бояд аз тақвияти мавқеи сулолаву кланҳои маҳаллӣ ҷилавгирӣ кард, зеро маншаи ангезаҳои сиёсии маҳаллӣ маҳз ҳамин кланҳои маҳаллианд. Аммо ба хотири пешгирии норизоии мардуми ин минтақаҳо нисбати беэътиноӣ ба кадрҳои маҳаллиашон беҳтар аст, ки худи Ҳукумати ҶТ мустақиман бидуни эътибор ба хостаҳову тавсияҳои саркардаҳои расмиву ғайрирасмии кланҳои маҳаллӣ ашхоси шоистаи ба сиёсати давлат содиқро ба вазифаҳои лозимӣ таъин намояд.

  Роҳандозии сиёсати шоистасолорӣ ва бо назардошти сатҳи касбият ва рушди тафаккури давлативу мавқеи миллӣ ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ яке аз омилҳои умумимиллӣ ва мардумӣ эътироф шудани ҳокимияти сиёсӣ буда, роҳро барои ташаккули ваҳдати воқеии ҷомеа ва тақвияти рӯҳияи миллӣ ҳамвортар мекунад.

 Хеле судманд хоҳад буд, агар ваҳдати миллӣ на ҳамчун шиор ба таври сатҳиву ғайриилмӣ ва матбуотиву намоишӣ, балки  ҳамчун падидаи иҷтимоиву сиёсӣ ба таври дақиқу амиқи илмӣ ба хотири ояндасозӣ мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷомеашиносу сиёсатшинос қарор гирифта, роҳҳои муассири ташаккул додани он дар ҷомеаи парокандатаркиби мо дарёфт гардад ва ҳамзамон бо истифода аз дастгоҳи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи ҷомеа ба таври устувору мондагор татбиқ карда шавад.

  Ғояи ваҳдати миллӣ дар кишвари мо ҳамчун унсури таркибии технологияи сиёсӣ ва абзори зеҳниятсозӣ барои мутамарказу қавӣ кардани ҳокимияти сиёсӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷараёнҳои маҳалгарои марказгурез бояд дар хидмати давлат, ки дастгоҳи ҳифзи манофеи миллат аст, қарор дошта бошад.

Назрӣ Асадзода,

ҷомеашинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №2 (6), 2017

Хондан 3913 маротиба