JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Фаъолияти инноватсионӣ фаъолияте мебошад, ки ба истифода ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ барои беҳтар кардани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (молҳо, хизматрасониҳо), такмили технологияҳои тайёр намудани онҳо бо минбаъд татбиқ ва амалисозии самарабахши онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст. Дар ин маврид истифодаи амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-технологӣ ва нерӯи зеҳнӣ имкон медиҳад, ки  маҳсулоти истеҳсолшавандаи нав ва технологияҳои истеҳсоли он ба даст оварда шуда,  талаботи истеъмолкунандагон ба  молу хизматрасониҳои баландсифат қонеъ гардонида шавад ва  хизматрасониҳои иҷтимоӣ такмил ёбад.

Сешанбе, 13 Феврали 2018 04:49

Ҳидроген ҳомили ояндадори энергия

Яке аз омилҳои асосие, ки дараҷаи пешрафти ҷомеаро муайян мекунад, бо энергия таъмин будани он мебошад. Энергетикаи муосир сӯзишвориистифодабаранда буда, ба истифодаи маъданҳои табиӣ аз қабили нафт, газ, ангишт ва маҳсулоти коркарди онҳо,  ки захираашон дар замин ва сайёра беохир нест, асос ёфтааст. Аз ин сабаб ҷустуҷӯи манбаъҳои нави энергия ва дар асоси онҳо ба даст овардани сузишвории синтетикӣ тақозои замон мебошад. Бузургтарин сарчашмаи энергия Офтоб маҳсуб мегардад.

Душанбе, 12 Феврали 2018 03:05

Гузариш ба иқтисоди сабз

  Идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён, ҳарчанд онҳо ҳақ ҳастанд ва ё иштибоҳ менамоянд, барои ҳамаи давру замон аҳамияти бузург дорад. Зеро ҳаёт бе идеяи онҳо мукаммал буда наметавонад. Дар таърихи ақлонии   инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз якқатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ва экологӣ низ бани башарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он, идеяҳои рушдро пешниҳод намуда истодаанд. Ҳаёт бе муаммо буда наметавонад, аммо вазифаи илм ва рисолати олим дар он аст, ки барои башарият идеяи роҳи расидан ба «зиндагии хуб»- ро нишон дода тавонад.    

Ҷумъа, 09 Феврали 2018 06:18

Ҷашни Сада оини ниёгон аст

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, академик Юсуфшоҳ Яқубшоҳ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Ҷашни Сада оини ниёгон аст» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.