JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:35

Моҳии равғаннок фарсудашавии организмро дар сини пирӣ бартараф менамояд

Муаллиф:

  Истеъмоли як порсия (140 грамм) моҳии равғаннок (макрели, гулмоҳӣ, самак, озодмоҳӣ (лосось)) се бор дар як ҳафта мушакҳои шахсони кӯхансолро аз фарсудашавӣ муҳофизат менамояд. Ин боз ҳам пурсамар хоҳад шуд, агар онҳо ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.

  Дар сини 40-солагӣ сар карда организми мо қобилияти мустақилона ҳосил намудани мушакҳоро гумм мекунад ва ин танҳо бо ёрии машқҳои ҷисмонӣ бартараф шуданаш мумкин аст. Агар аниқтар карда гӯем, ба шахсони кӯҳансол ба камшавии мушакҳо истидагарӣ намудан мушкил мегардад.

 

  Дар тадқиқотҳои чанде пеш гузаронида шуда, олимони ҳамбастагии истеъмоли моҳиҳои равғаннокро бо машқҳои ҷисмонӣ омӯхтанд. Дар натиҷа маълум ҳамбастагии мазкур ба афзоиши мушакҳо, қариб то 20% дар занҳои синни аз 60 сола боло мушоҳида гардид. Ҳангоми гузаронидани корҳои санҷишӣ, ки машқҳои ҷисмониро бе истеъмоли моҳӣ иҷро намуданд, нишон дод, ки афзоиши мушакҳо ҳамагӣ ба 11% баробар будааст.

  Пас аз омӯзиши 12-ҳафтаина занҳое, ки моҳӣ истеъмол менамуданд, аз ҷой бемалолтар мехестанд, роҳгардиашон низ беҳтар гардида, тестҳои мувозинатро беҳтар иҷро менамуданд.

  Тадқиқотчиён чунин меҳисобанд, ки ҳамаи ин аз таркиби моҳии равғаннок, ки дар таркиби худ кислотаҳои эйкозапентаенӣ ва докозагексаенӣ доранд ва ин кислотаҳо хусусияти зиддиилтиҳобӣ доранд, вобастагӣ дорад.

  Олимон тасдиқ менамоянд, ки равғани моҳӣ ба илтиҳоби кӯхнашуда, ки шахсони кӯҳансолро ба кам шудани мушакҳо оварда мерасонад, монеъ мегардад. Доктор Стюарт Грей чунин меҳисобад, ки равғани моҳӣ барои барқарор намудани мушакҳо бисёр муфид мебошад.

https://ganjinatj.wordpress.com

Хондан 1847 маротиба