Зебоии замину замон аз намуди мост,
Ин осмон масири фарозу фуруди мост.
Ноогаҳӣ тариқати банду қуюди мост,
Огоҳӣ расму маслаки фатҳу кушуди мост.
Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба истилоҳ, «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Марг, ки оварандаи мусибатҳои инсонист, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ зеҳни инсонро мусаххар сохта, ташвишу тараддудро ба ӯ ато мекунад.
Мусаллам аст, ки инсон, аз бозе ки пай бурд, мавҷуде тавлидкунанда мебошад (ниг.: Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият: гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, 1386. -С.7), ба тавлиди фикру андешаи созанда сарукор гирифта, ҷаҳонро тибқи фаҳмиш, эҳтиёҷот ва муқтазиёти замонию маконии худ аз нав офарид. Омӯзиши ҳаводиси таърихӣ, бурду бохти маънавӣ, мафкуравӣ ва фикрӣ, панд гирифтан ва бо чашми ибрат нигаристани фаҷоеи миллию мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки насли ҷавон(албатта, бо кумаку дастгирии бевоситаи насли миёнсол ва солманди ҷомеа) ба умқи мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ сар дароваранд ва дар рафъи буҳронҳои гуногуни мунтазира ва ғайримунтазира бо тасмимоти шахсӣ ва инфиродӣ саҳм бигирад.
Дар яке аз вохӯрҳо бо ҷавонон ва зимни суханронӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонон Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд…». Дар радифи гуфтаҳои Сарвари давлат бисёр рамзӣ мебуд, то бидонем, ки ҷавонтарин ҷоизадорони Нобел дар бахшҳои илмҳои бунёдию табиӣ киҳоянд. Зеро Ҷоизаи байналхалқии Нобел аз маъруфтарин мукофотҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои тадқиқот ва пажӯҳишоти илмӣ буда, аз соли 1901 ин ҷониб барои олимоне тақдим мегардад, ки дар пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми арзандае гузоштаанд. Шумораи барандагони ҷоизаи мазкур хеле бисёр аст, аммо дар бахши улуми бунёдию табиӣ танҳо 7 ҷавон (то синни 35 сола) ин ҷоизаро соҳиб шудаанд, ки аз онҳо 6 физик ва 1 физиолог ҳастанд. Аз ин рӯ, умед бар он дорем, ки ҷавонони тоҷикистонӣ ҳам бояд дар талоши ин бошанд, то рӯзе шарафи доштани чунин ҷоизаро дар Тоҷикистон таъмин намоянд.