Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсон ва дар маҷмӯъ, халқро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ, ба истилоҳ «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва камбуду навоқиси зиндагиро як лаҳза канор мегузорад ва дар партави созу овоз ба олами хаёлот сар зада, дар имтидоди маҳдуди замонӣ ормиши равонӣ ва ҷисмонӣ пайдо мекунад. Чун инсон дар гирудори умр ва мушкилоти зиндагӣ худро гум мекунад, тавассути мусиқӣ эҳсоси сабукӣ менамояд ва ин амал як навъ ҷуброн ва ё компенсатсияи равонӣ ва фикрӣ маҳсуб меёбад.
Дар таърихи 16 июни соли ҷорӣ (2017) бо ибтикори роҳбарияти Институти масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар маҷлисгоҳи муассиса маҳфили илмӣ баргузор гардид, ки дар он гузориши илмии профессори Донишгоҳи Грайфсвалди Олмон Вернер Штегмайер таҳти унвони «Пиёдасозии фалсафаи ориентатсия аз ҷониби Фридрих Нитше» мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт. Гузориши профессор Штегмайер, ки ба забони тоҷикӣ аз ҷониби Нуриддин Шаҳобуддинов тарҷума ва ироа гардид, ҳудуди 40 дақиқа идома ёфт. Баъди ироаи гузориш суҳбати озод дар формати суолу ҷавоб ҷараён гирифт.
Санъат ва ҳунар, чуноне ки донишмандону коршиносон таъриф кардаанд, таҷаллии ғаризаи офаридгории инсон аст дар идомаи ҳастӣ ва ҳар камбудеро, ки инсон дар зиндагии фардӣ ва итҷтимоӣ эҳсос мекунад, тавассути ҳунар ҷуброн месозад (Шариатӣ Алӣ. Ҷомеашиносии ҳунар. –Теҳрон, 1365. –С.25). Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳунар рисолати ҳалли мушкилоти иҷтимоиро дар қолаби сохтмони андеша ва ашё бар уҳда мегирад ва бар мабнои ҷаҳонфаҳмӣ ва биниши созанда дар ҷаҳони инсонӣ тағйироти сифатӣ ба вуҷуд меорад.
Ноумедӣ орзуи деринаи аз қафас озод шудану дар замин гардиш ва дар фазои кушод парвоз кардани кабкро барбод дод. Акнун мехост, ки қисмати пешина такрор шавад. Аз нав ба тухм табдил ёбаду вуҷуд доштани дунёи равшани қафасмонандро надонад. Аммо, чӣ кунад ки роҳи тақдир бебозгашт аст.