Дар самти мушкилоти марказии инсон ва тамаддуни инсонӣ яке аз саволҳои асосӣ чунин аст: «Чӣ гуна умри инсонро дароз кунем ва чӣ гуна ба бемаргӣ ноил гардем?». Ҳамин гуна, Турчин ва Батин (2013) бемаргиро чун татбиқи мутлақи зиндагии инсон чун арзиши бартар муайян мекунанд (Турчин ва Батин 2013: 6). Вобаста ба ин, масъала ин аст, ки мо чӣ гуна ҷомеае созем, ки бемаргии ҷисмонии инсонро ҳадаф қарор диҳад ва ҳамчунин, таҳдидҳои дохилӣ ва глобалиро ба ҳаёти инсон пешгирӣ намояд? Яқин аст, ки бисёриҳо мепурсанд: Чаро маҳз марги ҷисмонии одамон мушкилии марказӣ мебошад ва оё ҳал кардани он метавонад дигар мушкилотро ҳам бартараф намояд?
Футурология (оянданигарии илмӣ) соҳаест, ки татбиқи сенарияҳои гуногуни ояндаи инсонро меомўзад ва баррасӣ мекунад. Он на фақат раванди таҳаввули ҳодисаҳо ва падидаҳоро дар оянда пешгўӣ, балки бо истифода аз методу усулҳои илмӣ ба нақша гирифта, идорапазир месозад. Истилоҳи «футурология» дар миёнаи солҳои 40 уми асри гузашта аз тарафи профессори олмонӣ Осип Флехтҳайм пешниҳод гардида, солҳои 60 ум асри гузашта бо кўшиши Герман Кан ва дигар олимон аз ширкати RAND ба соҳаи алоҳидаи илм табдил ёфт.
Оянданигарии илмӣ (футурология) и равандҳои сиёсӣ яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти фалсафӣ ва байнисоҳавӣ мебошад, ки бо номҳои гуногун, аз он ҷумла «тадқиқоти стратегӣ», «банақшагирӣ», «сиёсатгузорӣ» (policy research) ва «омўзиши масъалаҳои рушд» (development research) мавриди истифода ҳастанд. Оянданигарии илмӣ бояд муҳимтарин равандҳои муосири ҷомеа ва ҷаҳонро омўзад ва ба нақша гирад.
Аз сабабе, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон никоҳи хешовандони наздик хеле зиёд ба чашм мерасад, масъалаи мазкур дар саросари матбуоти даврӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ва радиову телевизион баҳсҳои гуногунро ба бор овардааст. Албатта, яке аз сабабҳои асосии бастани ақди никоҳ байни хешовандон ҷаҳонбинии динӣ, маҳалгароӣ ва суннатҳои авлодгароӣ мебошад. Шояд масоили мазкур сабабҳои объективӣ, яъне мураккабии сохти релеф ва аз якдигар дар масофаҳои дур ҷойгир шудани маҳалҳои аҳолинишин (хусусан, манотиқи кўҳсор) бошад, чунки дар байни мардуми деҳоти кўҳсори кишвар муносибатҳои дуҷониба кам ба чашм мерасад. Сабаби дигар, ин дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ - Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб ва ғайра набудани шароити хуби зиндагӣ барои донишҷўён, кормандон ва дигар ҷавононе, ки ба хотири корҳои мухталиф аз минтақаҳои гуногун ворид мешаванд, мебошад. Маҳз ҳамин мушкилот боис гардидааст, ки аксар падару модарони дар навоҳии дурдаст зиндагидошта, ба хотири надоштани хешу табор дар ин шаҳрҳо фарзандашонро барои идомаи таҳсил ба макотиби олӣ сафарбар наменамоянд.