Ин савол дар назар соддаву осонфаҳм менамояд лек аксарияти мо шояд, ки илман мафҳуми ин ҳодисаро надонем. Инҷо хостем ҷиҳати илмии ин ходисаро ба шумо фаҳмонем.Ба ҳама маълум аст , ки абр аз шумораи зиёди қатрачаҳои оби ва кристалчаҳои яхи таркиб ёфтааст. Қатрачаҳои об дар абр андозаҳои гуногунро соҳибанд- аз ҳиссаи микорметр то якчанд миллиметр. Қатари ях чӣ миқдоре набошад ҳам, вай аз ҳаво вазнинтар аст. Пас табиатан савол ба вуҷуд меояд:
Кометаи C / 2013 US10 Каталина бо ёрии телескопи кайҳони қутри оинааш 0.67 метраи Шмидт-Кассигрен дар моҳи октябри соли 2013 кашф карда шуд.
Аз аввали ташкилшавии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони зиёде дар ҷодаи илми астрономия то инҷониб кор ва фаолият карда истодаанд. Аз тарафи Иттиҳоди Байналмилалии Астрономи ба номи Тоҷикистон, ба номи Расадхонаи астрономии Ҳисор, ба номи дигар кормандони институт астрофизика сайёраҳои хурд, яъне астероидҳо номгузори кардаанд. Моҳи июли с. 2014 тибқи қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономи ба яке аз коригарони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна як cайёраи хурд (астероид) № 24533 ба номи “Kokhirova” номгузори карда шуд.
Астрономҳо эълон намуданд, ки аз 31 январ то 7 феврали соли 2016 дар оғози моҳи сеюми зимистон пеш аз тулўи Офтоб панҷ сайёраҳои низомї Офтобиро дар як катор дида мешавад. Ҳаммаи ин сайёраҳо ҳангоми саҳаргоҳон як соат намоён мегарданд, ки инҳо Муштарӣ, Миррих, Зуҳал, Зӯҳро, Уторид ва ба катори ин сайёраҳо радифи табии Замин Моҳтобро низ бо чашми одди мушоҳида намудан мумкин аст. Астраномҳо ин ҳодисаи кайҳониро «паради сайёраҳо» меноманд. Дар расм паради сайёраҳоро, ки 31 январи соли ҷори бо ёрии телескопи АЗТ-8 Расадхонаи астрономии Хисор акс бардори карда шуд.