Дар замони муосир ҷаҳонро хатарҳои мухталифи табиӣ (тағйирёбии иқлим, вайроншавии қабати озонӣ, баландшавии оби уқёнуси ҷаҳонӣ, бо силоҳҳои ҳастаӣ муҷаҳҳазшавии кишварҳо, камшавии канданиҳои фоиданок, …) ва инсонӣ (амнияти озуқаворӣ, норасоии оби нўшокӣ, демографӣ, касалиҳои сирояткунанда, …) таҳдид менамоянд. Аммо мамолики абарқудрати минтақа ва ҷаҳон ба ин мушкилоти ҳалталаби башар нигоҳ накарда дар бештари манотиқи мухталифи олам ба сохтани ҳуввияти динӣ машғуланд. Ин амали онҳо дар ҳолест, ки аз замони пайдоиши нахустдинҳо - тотемизм, анимизм ва фетишизм - то ба имрўз беш аз 4000 адёни гуногун ба вуҷуд омада, боз барҳам хурдаанду лекин, ягон дине ҳеҷ як мушкилии инсонро ҳал накардааст. Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки имрўз дар ҷаҳон беш аз 425 дин амал менамояд ва ҳар яки он китоби муқаддас ва арзишҳои эътиқодии худро дорост. Дар байни ин адён ҳеҷ яке аз онҳо бартарӣ, волоият ё салоҳияти зиёдатие надорад, ки пайравонаш китоб ва арзишҳои дини дигарро паст зада, инкор кунанд.
Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)
Муқаддима
Бозтоби воқеаҳои глобалӣ, минтақавӣ ва баъзе процессҳои диалектикӣ - идомаи мантиқии равандҳои геополитикӣ, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон рух медиҳанд, ниёз ба таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарории дақиқ доранд.Ба назар муҳим мерасад, агар хосият, муносибот ва қонуниятҳои ин зуҳурот дар вобастагӣ бо омилҳои хориҷӣ ва дохилӣ аз нигоҳи илмӣ равшан гарданд. Эътимоди қавӣ он аст, ки чунин муносибати илмӣ ба воқеият - тафсири ҳақиқии реалияти объективӣ, амалияи таъмини манфиатҳои миллиро осонтар мекунад. Албатта, рақибони геополитикии Тоҷикистон дар ин кор манфиатдор нестанд. Гарчанде, «нест чизе, ки камтарин эътимодро дар ҷавҳар дорад, дар мисоли он, ки гӯё савод, маърифат … мушкил эҷод мекунад, ба ҷойи расонидани кӯмак» (Бэкон Ф., Сочинения, Москва, «Мысль», 1977, саҳ. 91).
Яке аз омилҳое, ки дар замони муосир муайянкунандаи рушду густариши илмҳо дар ҳар замоне ба ҳисоб меравад, ин таснифи улум мебошад. Агар мо ба таснифи улум дар таърихи фарҳанги исломи назар кунем, огоҳӣ пайдо мекунем, ки чи тавр улум дар чаҳорчубаи мазҳабӣ маҳдуд гашта, рушду тавсеаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоиро ба бунбаст дучор кардааст.Ҳофизаи таърихии башарият, ки офаринандаи илмҳо ва тамаддун аст дар давраҳои таърихии худ илмҳои гуногунро вобаста ба мубрамияти талаботи зиндагӣ ва бехатарии вуҷуди худ ба даст овардааст. Дар ибтидои тамаддуни башарият фалсафа ҳамчун илм дарбаргирандаи фалсафа, риёзиёт, тиб, нуҷум, шеър, наққошӣ ва дигар улуми маъмули давраи бостон ва асрҳои миёнаро фаро мегирад. Ҳамвора бо тавсеаи ин улум ва тамаддуни башарӣ инсонро маҷоли он набуда ва нест, ки дар тамоми ин улум ба ихтироъкориву кашфиёт комёб гардад. Ин боис шудааст, ки улум табақабандӣ шуда, дар самтҳои худ густариш пайдо кунад. Ба вуҷудоии илмҳо ва густариши онҳо аз истифодаи амалии онҳост, ки барои рафъи мушкилоти зиндагӣ аст.
Мазан лоф аз хурофоту таассуб (дар посух ба мақолаи С. Аминиён «Хурофот монеи пешравист» -- //Минбари халқ №52 (1031), 23 декабри соли 2015)
Дар низомҳои сиёсии демократӣ ва дунявӣ, ки бар пояи ақлу мантиқ ва муҳимтар аз ҳама, бар мабнои биниши илмӣ устуворанд, озодии баён ва андеша авлавият дорад. Бар ин асос, андеша ва назариёти табақаҳои гуногуни ҷомеа дар матбуоти даврӣ ва дар маҷмўъ, Васоити Ахбори Омма ироа мегарданд ва аз ин тариқа нармиши иҷтимоӣ ва мадорои фикрию ақидатӣ дар марзҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонунан низоми сиёсии дунявиро интихоб кардааст, бо рўйи чоп омадани матолиби гуногун дар сафаҳоти матбуотӣ, табъан бар матолиби матбўъ вокунишот низ интишор меёбанд.