Дар ҷаҳони муосир соҳаҳои мухталиф дар асоси барномарезиҳои муайян пешрафти худро таъмин менамоянд. Ин барномарезиҳо маҳз аз идеяҳои гуногуни пешниҳодшуда, сарманшаъ мегиранд. Кам нафарон ғояҳои доҳиёна эҷод менамоянд. Дар аксари мамолики пешрафта 33% аз маблағи умумие, ки барои татбиқ гардидани идея сарф мешавад, ба соҳибони идея тақдим карда мешаванд.
Дар замони Ренессанс (Эҳё)-и Аврупо дар инкишофи ҷамъият ва табақабандии он ба сарватмандону камбизоатҳо, томияти мақсадноки фардӣ - иҷтимоии азхудкунии таҷрибаи калонсолон, аз ҷониби ҷавонон хароб шудан мегирифт. Барои ҷавонписари оилаи ашроф, ки ҳамеша бо ҳама чизи барои беҳдошти зиндагӣ зарур таъмин буд, чунин мушкилот вуҷуд надошт. Вай ба азхудкунии донишҳо ва сайқали додани қобилиятҳо, ки арзишу аҳамияти истифодаашон барояш равшан нест, бепарво аст. Бинобар ин, ӯ маънои меъёрҳои ҷамъиятӣ ва арзишҳои фарҳангиро намефаҳмад. Ҳамин тавр, аввалин падидаи оилавии туфайлихӯрӣ пайдо шуда, баъдан ба зуҳуроти иҷтимоӣ мубаддал мешавад. Дар баробари ин, дар ҷамъият масъалаи аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб пайдо мегардад.
Чаро забони тоҷикиро маҳс бо забонҳои русиву ӯзбекӣ олуда месозем. Оре, ҳастии ҳар як миллату давлат ба забони худ вобастаги доранд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро баҳри фарогирии он талқин намояд. Мо тоҷикон забони модарии худро хело ва хело дӯст медорем. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, асолати таърихии худро нигоҳ доштааст. Маҳз тавасути ҳамин забон мардуми тоҷик ҳастии худро ҳифз намуда аст. Чӣ хеле, ки шодравон устоди бузурги зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
Ман дар таътили тобистона бо баъзе одамоне во хӯрдам, ки то ҳол заминро дар болои шохи гов тасаввур мекунанд. Ба чунин тасаввуроти онхо хандаам омад, лек боз ғамгин гаштам, ки ҳанӯз ҳам баъзе нафарон чунин тасаввурот доранду аз тараққиёти илму техника қафо монда, оиди ҳодисаҳои табиат тамоман тасаввуротҳои хато ва хандаовар доранд. Ҳанӯзам сабабҳои ҳодисаҳои оддии дар гирду атроф рӯй медодаро намедонанд. Масалан, сабабҳои пайдоиши шабу рӯз, боридани барфу борон, ивазшавии фаслҳои сол, тағйирёбии рангҳои табиат чизҳоеанд, ки бояд ҳар як шахс донад ва дар бораи онҳо андаке ҳам бошад маълумот дошта бошад, зеро инсон аз рӯзе, ки худро шинохт ба омӯзиши ин гуна ҳодисаҳо пардохт ва дар натиҷа бисёр маълумотҳоти заруриро ба даст оварда аст.