Шабона ҳангоми ба осмони софу беабр назар намудан, мо шумораи бениҳоят зиёди ситорагонро мебинем, ки бо чашмакзаниву дурахшониашон бо як манзараи тамошобобу дилкаш ва бениҳоят зебо ба ҳар кас ҳаловат мебахшанд (бо вуҷуди аз Замин дур ҷойгир буданашон). Шумораи ситораҳое, ки шабона дида мешаванд, пеш аз ҳама аз обу ҳаво ва маҳалли ҷойгиршавии мушоҳида вобаста аст.
Эҳтимол нест, нафаре ки дар кӯдакиаш ба манзараи кафшер нигоҳ накарда бошад, ҳарчанд бо вуҷуди маън намудани калонсолон. Зеро шарораи зебое, ки ҳангоми кафшер ба амал меояд диққати ҳар кӯдакро ба худаш ҷалб месозад. Пасон, бо гузашти вақт ва ба сиини болиғӣ расидан бе таҷҳизотҳои ҳимоявӣ нигоҳ намудан ба манзараи кафшер ва дарки таъсири манфии он ба саломатии инсон, аз он ҷумла ба узви босир (чашм) ба амал омадан мегирад. Пеш аз оне, ки сабаби зарари нурҳои кафшерро ба шумо бигӯем, каме дар бораи худи кафшер маълумот медиҳем. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки бо ёрии кафшер ашёҳоеро, ки аз маҷмӯи гуногуни металлҳо сохта шудаанд, пайваст ва ба қисматҳои алоҳида ҷудо кардан мумкин аст. Инчунин, кафшерро дар ғайриметаллҳо–палсмассаҳо, дар кулолгарӣ ва пайвастнамоии онҳо низ истифода мебаранд. Дар кафшер манбаҳои гуногуни энергия истифода бурда мешавад, аз он ҷумла камони электрикӣ, ҷараёни электрикӣ, шуълаи газӣ, афканишоти лазерӣ, нурҳои электронӣ, соиш ва ултрасадо.
Саволеро, ки дар сарлавҳаи ин мавзуъ мебинед, бисёртар кӯдакон ба он таваҷҷӯҳ доранд ва ҳама вақт аз мо суол мекунанд. Албатта ин хело хуб аст, ки кӯдакони болаёқат ва кунҷков ин гуна саволҳои аҷибро ба мо медиҳанд. Дар асл ин савол одист, вале на ҳама вақт мо ҷавобашро медонем. Умуман барои ба ин савол ҷавоби мушаххас гирифтан ҳатман барои хондани навиштаҳои зер танбалӣ нанамоед.
Ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду дигаре фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад. Хуллас табиат зебост.
Дар 107 соли охир аз миллати яҳуд 184 нафар соҳиби ҷоизаи Нобелӣ шудаанд. Имрӯз аз мусулмонон, ки зиёда аз 1,45 миллиард нафаранд, танҳо чор нафар соҳиби ин ҷоиза гардидаанду халос.
Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи манзараи олам тавонист амиқтару бештар табиатро дарк намуда, барои пешбурди тамоми соҳаҳои фаъолияти хеш ин донишҳоро истифода барад, ки яке аз ҳадафҳои асосии илм низ ҳамин аст. Бар асари фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ ва ба ҳошия рафтани донишҳои динӣ гузариш ба сатҳҳои нави иқтисодиёт ва технология муяссар гардид. Ҷавҳари асосӣ дар иқтисодиёти инноватсионӣ зеҳни инсон аст ва дар навабати худ маҳсули зеҳн, технологияҳои инноватсионӣ аст.