Тоҷикистон дорои гуногунандешии этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ҳамзистии осоишта аст ва ин вежагии асосӣ воқеияти ҷомеаи муттаҳид ва ҳамгирои тоҷиконро ташкил медиҳад. Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона машғули кору фаъолиятанд, бар мабнои Конститутсия ва ба истилоҳ, Қонуни асосӣ озодии виҷдон ва баробарии ҳамаи шаҳрвандонро кафолат медиҳад.
Аз бомдоди таърихи башарӣ то ба имрӯз инсон ва ҷомеаи инсонӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ дар пайи бароварда сохтани эҳтиёҷоти моддӣ ва ниёзҳои маънавӣ аз тариқи сохтусози низоми муътадили сиёсӣ, ки дар қолиби давлату ҳукумат инҷом меёбад, буда ва мебошад. Албатта, кайфият ва чигунагии низоми сиёсию иҷтимоӣ, ки дар тасаввуру зеҳни башари моқабли таърих ва ҷавомеи баъдӣ ғунҷоиш ёфтааст, ба тарзи ҷаҳоншиносӣ, шеваи тафаккур ва тариқаи арзишгузории табақаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, мардум бастагӣ доштааст. Ин аст, ки ҳар табақа ва ҳар мардум дар ҳар вақту замон ё ба истилоҳ, модели низоми сиёсию иҷтимоии дилхоҳро сохта, дар доираи он баҳсу доварӣ кардаанд.
Душанбе рӯзҳои 18-19 соли ҷорӣ мизбони Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” буд. Дар ин Конфронси сатҳи баланд намояндагони 59 давлат, 30 созмони ғайридавлатӣ ва зиёда аз 700 вакил ширкат варзиданд. Ба ин тартиб, Душанбе бори сеюм аст, ки мизбони чунин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ мегардад ва шуруъ аз соли 2018 дар пойтахти кишвар чунин навъи нишастҳои сатҳи баланди ихтисосӣ бо ҳузури коршиносони байналмилалӣ, мудир-омилони пружаҳои таҳлилӣ ва умуман, раҳбарони ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, мудирияти ниҳодҳои қудратию амниятӣ, мақомоти умури хориҷӣ ва амсоли инҳо фаъолона ширкат варзиданд. Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ бо ташаббус ва сарпарастии UNOCT, OSCE, давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид. Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ, ки ба мавзуи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” ихтисос ёфта буд, чанд мулоҳизаи муқаддимотиро ироа медорем:
Дар замони муосир созмонҳои муҳимми террористиву экстремистии бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез вобастабуда, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ доранд инҳо мебошанд:
1.ТЭТ ҲНИ
Таърихи пайдоиши ин ҳизб ба солҳои 70 – уми асри XX, яъне замони барқарори ва пойдори собиқ империяи бузурги дунё Иттиҳоди Шȳравӣ рост меояд. Асосгузори он Саид Абдуллои Нурӣ мебошад, ки дар он солҳо ба таври махфиёна, зери пȳшиши дини муқаддаси ислом, фаъолият мекард.