Имрӯзҳо муассисаҳои таълимии муосир дар интихоби тамоми касбу ихтисос имконияти зиёд фароҳам овардаанд. Аксари ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ихтисосҳоеро, ки мӯд мешаванд, ё даромади иқтисодии хуб меоранд, интихоб менамоянд. Масалан, аввалҳои солҳои 2000-ум хатмкунандагон кӯшиш мекарданд, ки ҳуқуқшинос ва менеҷер шаванд, сипас ихтисосҳои журналистика, барномасоз, дизайнер ва ғайраҳоро интихоб карданд.
Довталабони ихтисосҳои физик, астрофизик, геолог ва кимиёшинос то андозае кам шуданд. Баъзе ихтисосҳо миёни ҷавонони муосир ҳатто маъруфияташонро гум кардаанд. Барои чӣ? Дар ин бора метавон соатҳо баҳс кард, вале ҷавоби дурустро ёфтан мушкил. Ба андешаи банда, шояд аз он сабаб, ки ҷавонони муосир аз макони бароҳати худ дур шудан намехоҳанд. Кӣ омода аст ба хотири амалӣ шудани орзуҳо, ё кунҷковӣ ҳаёти муқаррарии худро тағйир диҳад? Кӣ мехоҳад дар синни 25 тавассути телескоп осмони пурситораро бинад ва омӯзад? Ё ин ки ба қаъри кону нақб, ҷое, ки торик асту интернети 4G надорад, фарояд? Ё ҳамчун қаҳрамони имрӯзаи мо мунтазам ба масофаи мушкилу душворгузару маргбор ва мавзеъҳои тоқатфарсо, ки ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ каму зиёд аст, сафар кунад?
ЭЪЛОН
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи мудир дар Шуъбаҳои зерини муассиса озмун эълон менамояд:
Азбаски дар Австралия зичии аҳолӣ хеле кам аст, аз ин рӯ, на дар ҳама минтақаҳои ин кишвар мактаб вуҷуд дорад. Бинобар ин, кӯдаконе, ки аз муассисаҳои таълимӣ дур зиндагӣ мекунанд, ба воситаи радио мавзӯъҳои дарсиро аз худ менамоянд. Тавассути радио пахшҳои махсус вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ пешниҳоди муҳассилин мегардад.
Асри XXI, ки асри илму технология аст ва тасаввур кардани ҷамъияти имрӯза бидуни интернет ғайриимкон аст. Қуввае нест, ки боиси монеаи пешрафт ва инноватсияи интернет гардад, зеро ки дар шароити имрӯза он яке аз талаботҳои асосии ҷамъият ба шумор меравад. Мо наметавонем ба муқобили интернет баромад кунем ва онро ҳамчун зуҳуроти манфӣ маънидод намоем. Ин ҳам мисли дигар ихтирооту кашфиёти инсоният аст, ки истифодаи он аз худи инсон вобастагии зич дорад, зеро интернет маҳсули дасти инсон аст ва ба кадом оқибатҳо овардани он низ аз инсонҳо вобастагӣ доред. Далели ин гуфтаҳо ихтирои атом мисол шуда метавонад, ки Алберт Эйнштейн онро барои нерӯи барқ офарида буд, вале баъдан инсоният онро ҳамчун силоҳи қатли ом истифода бурд. Дар ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки истифодаи дуруст ё нодурусти ин ё он технология аз инсонҳо вобастагии калон дорад.