JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 

  Бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушди бо даромади кам дар банд гирифтор шудаанд. Дар ин навъ кишварҳо бахши хусусӣ кӯчак ва заиф буда,  бо норасоии кадр, фановарӣ, сармоя, эътимод ва мудирияти дуруст рӯ ба рӯ аст. Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ наметавонанд бо гигантҳои ҷаҳонӣ дар бозори озод рақобат кунанд. Дар ҳамин шароит интизор меравад, ки ҳукумат кишварро аз қашшоқӣ раҳо кунад, аммо ҳукумат худ низ бо мушкилоти гуногуне монанди бесамарӣ, фасод, адами истеъдод ва иттилоот, расмиятгароӣ ва фишори сиёсӣ гирифтор аст. Сиёсати нодуруст, иқтисоди бидуни пешрафт ва бесуботии иҷтимоӣ вазъи якдигарро бадтар мекунанд. Кишварҳо, пеш аз он ки ҷаҳиши иқтисодӣ дошта бошанд, бояд аз ин даври ботил (vicious circle) худро берун кунанд. Пурсиш инҷост, ки чӣ тавр метавон барномаҳои дурустро таҳия ва  амалӣ сохт ва  дар ин замина таҷрибаи Осиёи Шарқӣ дар чанд даҳсолаи охир метавонад бархе ишораҳоеро барои кишварҳои деромада, ки то ҳол дар пайраҳаи рушди босуръат қарор нагирифтаанд, ироа кунад.

  Ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҷамъияти ихтиёрии шаҳрвандон буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ байни ҳам дар рақобат ҳастанд, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва ҷалби бештари тарафдорон, инчунин баҳри ҳар чӣ зиёд намудани аъзо, асосан аз роҳҳои гуногуни ­таблиғотӣ истифода мебаранд.

  Ин аст, ки кори таблиғотиро метавон фаъолияти асосии онҳо арзёбӣ намуд. Зеро маҳз интихоби дурусти самти фаъолият ва фаро гирифтани масъалаҳои мубрам дар оинномаи ҳизбҳо метавонад шумораи аъзо ва ҷонибдорони онҳоро бештар намояд.

  Таҷлили ҷашну маросимоти миллӣ ва аз давр ба давр ва аз аср ба аср мунтақил кардани онҳо сатҳи баланди худогоҳӣ ва хештаншиносии мардуми форсу тоҷикро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ҷашнгирӣ ва маросимофаринии ин мардум ба кайфияти зиндагии фикрӣ, ифтимоӣ ва мадании ҷомеаи вақт бастагӣ дорад. Масалан, танҳо дар маҳдудаи як моҳ --  даймоҳ чаҳор ҷашн гирифта мешуд: якум, ҳаштум, понздахум ва бисту сеюми даймоҳ чанд ҷашн таҷлил мегардид, ки аввал – якуми баҳман ба унвони Шаби Ялдо муаррифӣ шудааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.89).

   Тавре, ки медонем бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҳамзамон  идома бахшидани он солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори Пешвои муаззами миллат асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон заминаи бузурге дар таҳкими соҳаи сайёҳӣ гузошт.

   Туризми байналхалқӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ нақши бориз мебозад. Дар оғози ҳазорсолаи нав, на танҳо рушди туризми байналхалқӣ, инчунин тамоюлҳои нав дар ин соҳа падид омаданд. Оморҳои расмӣ аз рушди туризми байналхалқӣ гувоҳӣ медиҳанд, масалан агар дар соли 1950 шумораи умумии сайёҳон дар ҳудуди ҷаҳон 25 млн нафар ва даромад аз ин соҳа ба 2,1 млрд доллари ИМА ва соли 1987 бошад, тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ (ТУТ) ин нишондод ба 363млн нафар ва даромад ба 150 млрд доллар расид. Соли 2000-ум шумораи сайёҳон ба 698 млн нафар ва даромад аз ин соҳа зиёда аз 476 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар робита бо соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳо  омили муҳимми рушди иқтисодиёт ва инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ гардид. Айни замон шумораи сайёҳон мефзояд ва соли 2018 шумораи онҳо 1,4млрд нафар ва даромад аз ин соҳа 1,7 трлн долларро ташкил намуд[1].

Китобҳо