Дар таърихи 11-уми октябри соли равон дар кишвари мо интихоботи навбатии президентӣ баргузор мегардад. Ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботии дохилу хориҷи мамлакат барои дар сатҳи баланд ва бо назардоштҳои муқаррароти ҳуқуқии байналмилалӣ, принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва талаботи конститутсонии кишвар доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода карда мешаванд. Он рӯз дари тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ шаҳрвандоне, ки тибқи қонун ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, метавонанд ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ раъй диҳанд. Ҷараёни баргузории интихоботро садҳо нозири байналмилалӣ ва дохилӣ мушоҳида менамоянд.
Дар ҷаҳони муосир кор гирифтан аз дину боварҳо ва онҳоро табдил додан ба як гузинаи сиёсӣ ҷиҳати расидан ба қудрат ба яке аз омилҳои асосии гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ мубаддал гардидааст. Махсусан ин масъала дар кишварҳое, ки аксар бошандагонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва кеши асосии аксар Ислом аст, бисёр доғ ба назар мерасад. Вазъи кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон аз ин мисоли зайл аст. Имрӯз гурӯҳҳои зиёди ҷиҳодиву даҳшатафкан бо номҳои гуногуне дар фазои кишварҳои мусалмоннишин амал мекунанд. Ин гурӯҳҳои ифротиву даҳшатафкан таҳдид на танҳо ба кишварҳои алоҳида, балки ба минтақаҳо ва дар маҷмӯъ кишварҳои ҷаҳонро доранд. Дар ин росто минтақаи Осиёи Миёна ва махсусан Тоҷикистон аз ин хатар эмин буда наметавонад. Вобаста ба ин суоле, ки пеш меояд, ин аст, ки аз чӣ роҳҳое бояд истифода намоем, то аз ин хатар кишвар ва минтақаи хешро эмин нигоҳ дорем. Мусаллам аст, ки аксари бовармандони кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд ва онон бахше аз зиндагиашонро бовар ва маросимоти динӣ ташкил медиҳад. Моро зарур аст, ки аз як тараф низоми дунявиро ҳамчун низоми сиёсии фаъол ва пешбарандаву пешқадами инсонӣ, ки метавонад рушд ва пешрафту саодати миллиро таъмин намояд, нигоҳ дорем ва аз тарафи дигар бо боварҳои мардум канор оем. Барои расидан ба чунин ҳадаф бояд анвоъи коргирӣ аз ислом фазои таъсиргузории онро, ки дар анвоъи мухталифи ҷомеаҳо истифода мешаванд, аз лиҳози иҷтимоию маънавӣ мавриди таҳлил қарор диҳем. Ин навъи тақсимот ва биниш маънои онро надорад, ки навъҳои зикршуда комилан аз ҳам ҷудо бошанд. Дар дарозои таърих онон гоҳ чуну гоҳ чунон ҳам будаанд ва решаҳои ягонаро низ доранд. Аммо дар вазъи феълии ҷаҳон, ки кишварҳову давлатҳо бо равобити зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии ҳамдигарӣ расидаанд ва ҷаҳонро ба як деҳкада табдил додаанд, ки бояд дар он фарҳангҳо ва боварҳои гуногун дар як фазои мусолиматомез канори ҳам зиндагӣ намоянд, зарурате пеш меояд то дар чунин як шароит бишиносем, ки кадоме аз шаклҳои бовармандӣ дар дараҷаҳои иҷтимоӣ коромад ва камхатару беҳтар аст.