Гоҳе ки ислом аз доираи ибодат ва ҷамоат берун меравад ва он гоҳ ки дастурҳои шаръӣ ҳатмӣ мешаванд, дар зеҳни як мусалмон ҳар нафаре, ки дастуроту ҳукмҳои шариатиро анҷом намедиҳад, ба ҳайси як шахси манфӣ ҷилвагар мешавад. Чун дастуроти шаръӣ нафареро, ки ин қавонинро иҷро намекунад, бояд ӯро маҳкум намуда, дузахӣ ва муртаду кофар эълон медоранд. Танҳо дар зинаи ибодӣ ё шакли ибодӣ ислом метавонад, дақиқтараш як боварманди исломӣ метавонад, бо бовармандони дигар динҳову мазҳабҳо ё нобовармандон ҳамчунин бо низомҳои сиёсии дунявию мардумсолорӣ мувофиқат намояд. Зеро дар ин зина фард ҳанӯз таҳти таъсири гурӯҳҳои сиёсӣ, ки ба хотири даст ёфтан бар манофеи иқтисодию сиёсӣ мағзшӯӣ нашудааст ва ибодатро танҳо ба хотири осуда намудани ниёзҳои ботинии хеш анҷом медиҳад ва розу ниёзи фардии худро бо маъбуде, ки ба он бовар дорад, дар миён мегузорад.
Дар гузаштаи на он қадар дур дар солҳои 1920 астрономи машҳури амрикоb Эдвин Ҳаббл тавонист дарк кунад, ки галактикаи мо, ки коҳкашон ном дорад, дар кайҳон ягона нест. Ҳоло мо медонем, ки дар кайҳон миллионҳо ва миллиардҳо галактика мавҷуд аст ва галактикаи мо дар он галактикаи хурдакак менамояд. Аммо, ҳоло дар кайҳон шумораи аниқи галактикаҳо чанд аст гуфта, ба ин савол ҷавоб меҷӯем.
Шамоли офтобӣ ин гази тафсони плазмавӣ ва сели зарраҳои зарядноки ионизатсияшуда буда, аз офтоб бо суръати калон мунтазам партофта мешаванд. Аз ин ҳисоб Офтоб дар ҳар сония ба миқдори 4 – 4,5 млн. тонна массаашро ба фазои байнисайёравӣ пош медиҳад. Дар натиҷаи давр задани Офтоб дар атрофи меҳвараш плазмаи шамоли офтобӣ ба шакли спиралӣ ҳаракат карда, аз он бо суръати каолн дур мешаванд. Суръати шамоли офтобӣ дар наздикиҳои мадори Замин ба 400 – 450 км/c мерасад.
Яке аз хислатҳои наҷибу беназир ва инсонмеҳвару зиндагидӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ин марди хирад, сиёсатмадори оқил ва роҳбари дурандеш зимни ҳар сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мардум суҳбати ошкорою рӯ ба рӯ баргузор намуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як сокини он воқиф мегарданд ва бо ҷавонону наврасон ва пирону калонсолонро шахсан аҳволпурсӣ менамоянд. Ҳамин хислатҳои ҳамида ва наҷиби Роҳбари давлат аст, ки меҳру муҳаббат ва садоқату самимияти ин сарвари борикбину нуктасанҷро дар замири мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой кардааст. Мардуми тоҷик, ки халқи заҳматкашу матинирода ва ростқавлу поквиҷдон аст, ҳар фарди некбину некандеш ва ростқавлу росткорро сидқан ва самимона иззату эҳтиром мекунад. Зеро обрӯву эътибор ва мақому манзалати шахсият дар байни ҷомеа танҳо тавассути афкору андешаи воло ва кору фаъолияти нафърасонона ба мардум муайян мегардад.