JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар ҳолати муқовимат ба пандемияи “вируси тоҷдор” қарор дорад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ,таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд

  Пайдоиш ва паҳншавии ғайричашмдошти вируси COVID-19 аз  шаҳри Вуҳони кишвари Чин то сарзаминҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Иттиҳоди Аврупо, Бритониёи Кабир ва соири кишварҳои Осиёи Миёна  натанҳо боиси нигаронӣ, балки  омили ҳалокати ҳазорон инсонҳо гашта истодааст. Ин вирус  ҳамчун  падидаи манфӣ ва хатарзо тавонист, ки   рафтору  кирдори  ҷомеаи башариро тағйир бидиҳад.  Имрӯз аён аст, ки дунё дар ҳолати муқовимат  бо падидаи хатарноки  тандурустии ҷаҳонӣ қарор доранд.

  10 июня 2020 года Госдепартамент США опубликовал свой ежегодный доклад о состоянии религиозной свободы в мире за 2019 год. В докладе утверждается, что в Таджикистане по-прежнему ограничивается свобода религии, что не соответствует действительности.

  «Данная американская эпопея, когда такого рода документ с явными признаками некомпетентности, необъективности, однобокости подготовлен по шаблону и старым стереотипам, продолжается уже несколько лет и теряет своей серьёзности», —  заявил Рустам Хайдаров, доктор философских наук, заместитель директора Института философии, политологии и права им. А.Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана в беседе с НИАТ «Ховар».

 

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2015 дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ қайд карда буданд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».
  Дар ҳақиқат ҳам, ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои миллии тозаистиқлол бо сабаби таъсири омилҳои зиёди берунию дохилӣ хеле осебпазиранд, роҳи ягонаи таъмини истиқлолияти комили давлатӣ, устувору бебозгаштсозии он дар тамоми соҳаҳо ва василаи муҳимтарини дастёбӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ мебошад. Танҳо ваҳдати миллӣ имрӯз метавонад, ки умеду орзуи моро барои ояндаи шукуфони давлату миллат тақвият бахшад. 

  Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое  мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Китобҳо