Кашф ва таҳқиқи табиати квантии микроолам ва ба вуҷуд омадани самти электроникаи квантӣ ҳамчун соҳаи ҷавон ва самараноки физика яке аз дастовардҳои барҷастаи илм ва технология дар асри XX мебошад. Қариб дар тамоми соҳаҳои илм, техника ва иқтисодиёт, равандҳо ва истеҳсолоти комилан нави технологӣ ба вуҷуд омаданд. Ҷамъияти иттилоотӣ (аз ҷумла Интернет) дар асоси истифодаи компютерҳо ва шабакаҳои фарохмаҷрои алоқаи глобалии нахӣ оптикӣ ва моҳворавӣ ташаккул ёфт ва ба суръат рушд кард. Ҳамаи инҳо бо пайдоиши электроникаи квантӣ ва технологияҳои ба он алоқаманд, пеш аз ҳама лазерҳои диапазонҳои басомад ва тавоноиҳои гуногун, хусусиятҳои хоси тарроҳӣ, пайдо шуданд.
1. Вартаи сиёҳ (Чёрная дыра)
Вартаи сиёҳ ин ҷоест дар фазо ва вақт, ки аз сабаби фавқулодда зиёд будани таъсири қувваи ҷозибаи он чизе аз он баромада наметавонад, ҳатто рӯшноӣ, ки суръати он ба 300 000 км/с баробар аст. Сарҳади вартаи сиёҳро уфуқи воқеъа меноманд. Радиуси онро радиуси ҷозибавӣ ё радиуси Швартсшилд меноманд.
1 – Ба ҳамроҳи кӯдакатон бозӣ кунед
Бо кӯдакатон бозӣ кунед. Ҳангоми бозӣ бо кӯдак, бигзоред онҳо навъи бозиро интихоб кунанд. Дар бораи қавонини бозӣ ҳам зиёд сахтгирӣ накунед ва шумо ҳам бо ҷараён пеш биравед ва лаззат бибаред.
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон миқдори зиёди офатҳои табиӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки ба солимии аҳолӣ ва соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсироти манфӣ расонида, рушди иқтисодиёту иҷтимоиётро коҳиш медиҳанд ва ҳолати системаҳои экологиро хароб мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда [1] ҳар соле тарқибан 200 млн нафар аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд ва таҳлилҳои ин офатҳо дар тамоми сатҳи Замин нишон медиҳад, ки бо пешрафти илму техника, ҳифзи одамон ва техносфера аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ҳанӯз ҳам ногузир аст. Далелҳо собит менамоянд, ки шумораи аз ин ҳодисаҳо фавтидагон дар ҷаҳон солҳои охир 4,3% ва миқдори зарардидагон 8,6% афзуда, хисороти иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 6% зиёд шудааст. Дар айни замон, маълум аст, ки офатҳои табиӣ - ин мушкилоти глобалӣ буда, сарчашмаи асосии бадбахтии башарият ва яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи рушди устувори иқтисодӣ ба шумор мераванд.