Дар ин матлаб аз кору пайкори шахсе маълумот медиҳем, ки хотираи некаш дар ёдҳо абадӣ мемонад. Ин инсони шариф, марди хоксор ва табиби ҳозиқу наҷотбахши ҷони ҳазорон дардмандон Раҷабов Ватаншо Шоҳевич мебошад.
Фаъолияти меҳнатии Ватаншо Раҷабов, ҷонбозиҳои ӯ барои наҷоти ҷони дигарон ва сифатҳои шахсии инсониаш ибратомӯз мебошанд. Ба ин хотир, лозим аст, ки дар бораи кору пайкор ва ҷаҳду талошҳои ин табиби ҳозиқ ва ҷонбахши беморон дигарон бояд бештар донанд. Бояд ҳамагон дониста бошанд, ки модар тоҷик фарзандоне дорад, ки аз баҳри ҷони хеш гузашта, ба дигарон ҷон мебахшанд ва дарди беморонро чун дарди худ қабул карда, тамоми донишу маҳорат ва малкаю кордонии хешро баҳри саломатии мардум равона менамоянд. Ва он, ки дар бораи Раҷабов В.Ш. дар ин мисраъҳо ироа менамоем, на таърифу тавсиф, балки қисме аз заҳматҳо ва ҷонбозиҳои ин табиби асил мебошад. Илова бар ин, чунин навиштаҳо на афкору андешаи шахсии муаллиф, балки изҳору сипоси ҳамаи он корафтодагонест, ки онҳоро тақдир ба назди ин табиби мушфиқу ғамхор ва инсондӯсту меҳанпараст овардааст.
Дар замони муосир проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим яке масъалаҳои зарурӣ ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, таъсири он ба қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон ба таври гуворо мушоҳида шуда истодааст. Тез - тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои флокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, солимии аҳолӣ ва ғайра расонида истодааст. Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физикон, химикҳо, биологҳо, географҳо, экологҳо ва метеорологҳоро зарур аст, ки оид ба тағйирёбии иқлим, тадбирҳои паст кардани таъсироти антропогенӣ ба иқлим, зиёд кардани ҷангалзорҳо, беҳдошти саломатии ҷомеа ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро андешанд.
Феҳрастнигорӣ ва ё феҳрастнависӣ шохаи муҳими иттилоърасонӣ аст, ки дар адабиёти илмӣ-тадқиқӣ ва методии русӣ библиография (аз библио ва графия) ва дар осори тахассусӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ китобшиносӣ ном мебаранд. Китобшиносӣ соҳаи фаъолияти илмӣ-амалӣ барои алоқамандони соҳаҳои мухталифи сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг ва ғайра буда, арзишу аҳаммияти он дар фароҳам сохтани фазои комили иттилоӣ хеле муфид аст. Вазифаи асосии ин навъ фаъолияти илмӣ-таҳқиқӣ омода кардану ва фароҳам сохтани иттилои мухталиф оид ба асрҳои чопӣ ва тарғиби онҳо бо ҳадафи муайяни илмӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон бе обу ҳаво наметавонад, ниёз дорад. Рушди системавии илму ҳунар танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ имконпазир аст, ки дар сохторҳои беғубори он ходимони фидоии илм фаъолияти зеҳниро барои ҳалли масъалаҳо ва кушодани асрори олами воқеӣ сарҷамъ намуда, дар машварату баҳсҳои илмӣ паҳлўҳои мухталифи таҳқиқотҳоро боз ҳам саҳеҳтару дақиқ менамоянд.