Дар бораи Монтескё Огюст Конт[1] (1798-1857) солҳои баъд чунин навишт: “...Пас аз Монтескё, танҳо пешрафте, ки ҷомеашиносӣ то замони мо ба худ дида аст, асари фаромӯшнашудании Кондорсе (Condorcet) (1743-1794)[2] мебошад...” Манзур китоби: “Тарҳе аз тасвири таърихи пешрафтҳои рӯҳи инсонӣ” аст, ки дар зиндон таълиф шуда аст: Esquisse d,un tableau historique des progre,s de L, esprit humain.
Дар сад соли охир ҷиҳати тавсеаи манофеи сиёсиву иқтисодии хеш иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои мусалмоннишини шарқӣ бозии бовару эътиқодро ба роҳ монда, онҳоро дар ҳолати бархӯрд, нодонӣ ва хурофазадагиву вопасгароӣ нигоҳ медоранд. Ин кишварҳо бо сенария ва намоишномаҳои сиёсиашон исбот кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ ҳолат, ба манфиати давлатҳои миллӣ ва низомҳои дунявии Шарқ мутамоил нестанд ва барои шикастан ва дақиқтараш, решакан кардани рӯҳияи миллӣ, илмоният ва дунёмадорӣ аз ҳар василае, махсусан, омили дин ва мазҳаб корбаст менамоянд.
Имрӯз дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон масъалаи ҳалли чанд мушкилоти вуҷудӣ истодааст. Аз миёни онҳо яке заифии илм дар муқовимат бо вабои аср- пандемияи коронавирус ва дигаре муқобила бо ифротгарии динӣ мебошанд. Ҳалли муваффақонаи ин ду мушкил аз муайян кардани роҳҳои пешрафтаи рушди минбаъдаи илму маориф вобаста мебошанд. Агар Тоҷикистон дар фалсафаи илм ва стратегияи рушди илм навоварии усулӣ ва методологӣ ба вуҷуд наорад, ин ба боз ҳам амиқ ва чуқуртар шудани буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мерасонад. Сухан дар бораи илм ва методологияи илм меравад, ки ҳоло дар фалсафа зери унвони эпистемология машҳур аст. Тибқи низоми фалсафӣ ва назарияи таҳлиливу эпистемологии Уиллям Куайн,агар илм худ худашро аз дарун интиқод, ислоҳ ва (тавре ки дар мисоли таъмири заврақ оварда мешавад) таъмир накунад, илм на танҳо худ аз байн меравад, балки сабаби инқирози тамоми ҷомеа мегардад. Ҷомеаи тоҷик, ҳам бешубҳа, дар баробари кишварҳои ҳамҷувори пасошӯравӣ ниёз ба ҳамин гуна нигоҳи интиқодӣ ва бозсозии маърифатшиносии илмро дорад.
Практически ежегодно в разных средствах массовой информации и в Интернете появляются статьи писателей, публицистов, ученых и просто искателей приключений, в которых они стараются высказать свои гипотезы и предположения о местонахождении золота династии Мангитов. Эта тема является актуальной уже на протяжении почти 90 лет, после того как в 1920 году был свергнут с престола последний бухарский эмир Саид Алимхан (полное имя Саид Амир Мир Алимхан) . Причем, авторы статей стараются, как правило, приписать эмиру как можно больше богатства. Но все, как правило, пишут, что он до своего бегства из Бухары заблаговременно вывез 10 тонн золота на сумму 150 миллионов по тем временам российских рублей, что на сегодняшний день эквивалентно 70 миллионам долларов США, огромная по тем временам сумма.