Дар ҷаҳони муосир кор гирифтан аз дину боварҳо ва онҳоро табдил додан ба як гузинаи сиёсӣ ҷиҳати расидан ба қудрат ба яке аз омилҳои асосии гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ мубаддал гардидааст. Махсусан ин масъала дар кишварҳое, ки аксар бошандагонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва кеши асосии аксар Ислом аст, бисёр доғ ба назар мерасад. Вазъи кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон аз ин мисоли зайл аст. Имрӯз гурӯҳҳои зиёди ҷиҳодиву даҳшатафкан бо номҳои гуногуне дар фазои кишварҳои мусалмоннишин амал мекунанд. Ин гурӯҳҳои ифротиву даҳшатафкан таҳдид на танҳо ба кишварҳои алоҳида, балки ба минтақаҳо ва дар маҷмӯъ кишварҳои ҷаҳонро доранд. Дар ин росто минтақаи Осиёи Миёна ва махсусан Тоҷикистон аз ин хатар эмин буда наметавонад. Вобаста ба ин суоле, ки пеш меояд, ин аст, ки аз чӣ роҳҳое бояд истифода намоем, то аз ин хатар кишвар ва минтақаи хешро эмин нигоҳ дорем. Мусаллам аст, ки аксари бовармандони кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд ва онон бахше аз зиндагиашонро бовар ва маросимоти динӣ ташкил медиҳад. Моро зарур аст, ки аз як тараф низоми дунявиро ҳамчун низоми сиёсии фаъол ва пешбарандаву пешқадами инсонӣ, ки метавонад рушд ва пешрафту саодати миллиро таъмин намояд, нигоҳ дорем ва аз тарафи дигар бо боварҳои мардум канор оем. Барои расидан ба чунин ҳадаф бояд анвоъи коргирӣ аз ислом фазои таъсиргузории онро, ки дар анвоъи мухталифи ҷомеаҳо истифода мешаванд, аз лиҳози иҷтимоию маънавӣ мавриди таҳлил қарор диҳем. Ин навъи тақсимот ва биниш маънои онро надорад, ки навъҳои зикршуда комилан аз ҳам ҷудо бошанд. Дар дарозои таърих онон гоҳ чуну гоҳ чунон ҳам будаанд ва решаҳои ягонаро низ доранд. Аммо дар вазъи феълии ҷаҳон, ки кишварҳову давлатҳо бо равобити зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии ҳамдигарӣ расидаанд ва ҷаҳонро ба як деҳкада табдил додаанд, ки бояд дар он фарҳангҳо ва боварҳои гуногун дар як фазои мусолиматомез канори ҳам зиндагӣ намоянд, зарурате пеш меояд то дар чунин як шароит бишиносем, ки кадоме аз шаклҳои бовармандӣ дар дараҷаҳои иҷтимоӣ коромад ва камхатару беҳтар аст.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид. Давраи нав, яъне замони соҳибистиқлолӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт. Хушбахтона, дар оғози замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии мардуми шарифамон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд.
Инсон аз бомдоди зиндагӣ ба донистану дарк кардани ҳастӣ ва вуҷуду ҳайсияти худ талош варзида, то имрӯз дар ин масир ҳаракат мекунад. Саъю талошҳои инсонӣ дар ростои шинохти ҷаҳону ҳастӣ ва шахсияту ҳайсияти фардию ҷамъӣ боиси ба вуҷуд омадани мактабу маслак, ҳазбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои гуногуни фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва маданӣ гардидааст. Дар меҳвари фаъолиятҳо ва барномарезиҳои рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд ҳамеша беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии инсонӣ қарор доштааст ва барои пиёда кардани пружаҳои сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ инсон аз ирода ва неруи илму хирад истифода кардааст. Ба ин тартиб, маҳз ба воситаи талошҳои мудавом ва рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд тайи таърихи тӯлонӣ ҷомеа ва давлатҳои инсонмеҳвар ва хирадбунёд ба вуҷуд оварда шудаанд. Намуна ва ё моделҳои давлат ва ҷомеаҳои инсонмеҳвар ва илмбунёдро имрӯз дар симои давлатҳои пешрафта ва модерну мутамаддини имрӯзӣ метавон мушҳоҳида кард. Албатта, дар ба вуҷуд овардан ва тавсеа бахшидани ҷомеаҳои хирадбунёд ва инсонмеҳвар дониш, биниш ва таҷрибаи гузашта васеъ истифода бурда шудааст.
Яке аз масоиле, ки гоҳ-гоҳе мавриди баҳс қарор мегирад, ин муносибати дин ва ахлоқ будааст. Аксар аз нафарони боварманд гумон меварзанд, асли дин ва ахлоқ якест ва ҳеҷ як ахлоқ бидуни дин вуҷуд дошта наметавонад. Ин динҳоянд, ки таъинкунандаи меъёрҳои ахлоқианд. Агар ба зоҳири масъала таваҷҷуҳ намоӣ, шояд ба онҳо метавон розӣ шуд, ки ахлоқ бо дин ҳамбастагӣ дорад. Аммо гоҳе ба назари таҳқиқ ба масъала таваҷҷуҳ менамоӣ, чунин нест. Дин ва ахлоқ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамабастагӣ доранд вале онҳо комилан як чиз нестанд. Аз лиҳози пайдоиш аксари муҳақиқони улуми иҷтимоиву фарҳангшиносон ахлоқро қадимитар аз динҳо меҳисобанд. Яъне ишон муътақиданд, ки ҳазорон сол, ки ҳанӯз аз динҳо ному нишоне набуд, инсонҳо дорои ахлоқ буданд ва аз меъёрҳои он риоят менамуданд. Дар мароҳили баъдии зиндагии башар ҷиҳати идораи умури иҷтимоӣ ва бартарият нишон додану тасаллут намудан бар тӯдаҳо аз батни ахлоқ динҳо ва ҳуқуқу сиёсат берун омадаанд. Ба фарзи мисол, метавон боварҳоеро ба мисли конфутсиянӣ ва буддоӣ мисол зад, ки асл ва бунёди ахлоқӣ доранд, то бунёди қудсиву илоҳӣ ва ин ақида метавонад нисбатан камтар аз онҳо ба зардуштия низ сидқ дошта бошад.