Мақолаи мазкур ба масъалаи сиёсати давлатии забон ва хосан, таҷдиди назар ва ё эҳёи намудани топонимҳои таърихии мантақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки дар он муаллифон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва забоншиносии ин номвожаҳои ҷуғрофии маҳалҳоро мавриди таҳқиқ ва баррасии ҳамаҷониба қарор додаанд.
Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимми давлат ва давлатдорӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ба рушду инкишоф ва таҳкими ҳамаҷонибаи он дар тамоми сохторҳои идораи давлатӣ ва ғайридавлатии мамлакат бояд аҳамияти махсус зоҳир карда шавад. Забони миллии тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун забони расмӣ – коргузорӣ ва давлатдорӣ пас аз қабули Қонуни забон амалӣ гардид.
Шароит ва заминаҳои пайдоиши адабиёти муқоисавӣ дар Миср. Миср дар миёни кишварҳои арабӣ ҳамчун Сурия, Марокаш, Лубнон, Кувайт ва Баҳрайн собиқаи бештар ва густардатаре дар адабиёти муқоисавӣ дорад. Бинобар ин метавон бо баррасӣ ва таҳлили адабиёти муқоисавӣ дар Миср ба унвони меҳвар ва маркази кишварҳои арабӣ ба нигарише куллӣ дар бораи адабиёти муқоисавӣ дар донишгоҳҳои араб даст ёфт.
Тағйир ва таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Миср заминаҳои пайдоиши тафаккури ҷадидро фароҳам кард. Фиристодани ҳайатҳои илмӣ ба Аврупо иртиботи Мисрро бо ҷаҳони ғарб зиёд намуд. Нахустин ҳайати илмӣ дар замони ҳукумати Муҳаммад Алӣ Пошо ба Аврупо фиристода шуд.
Дар мақола қонуниятҳои рушди инноватсия дар ҷомеа ва иқтисодиёт, муҳит ва шароитҳои пайдоиши ғояҳои иноватсионӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Ҳодисоту равандҳои иқтисодӣ аз нигоҳи илми когнитивӣ тавсиф дода шуда ва онҳоро ҳамчун ҳаракати ғоя, ки дар «воқеият» табдил ёфтааст, барасӣ гардидааст. Нақши ниҳодҳои иҷтимоиву иқтисодро дар ҷоригардии инноватсия, ҳамзамон дар ташаккули низоми краетивии иқтисодиёт ва ҷомеа, ки итилоъро тавлид менамояд, табдил медиҳад ва нигоҳ медорад, асоснок карда шудааст. Механизми таъсири итиҳодияҳои касбӣ ва нақши менеҷерҳо ба равандҳои инноватсиионӣ низ таҳқиқ гардидааст.
Дар мақола масъалаҳои марбут ба ба дониши ҳуқуқӣ ва ҳуввияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риштаи таҳқиқ омадааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки дар шароити имрӯза омодагии шахс ба шароити нави иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва пайдо намудани решаҳои ташаккули ҷаҳонбинии он дар таносуб бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ, ки имрӯз бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст, бевосита аз ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ вобастааст. Дар мақола қайд карда мешавад, ки мавҷудияти ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва сатҳи он баҳри танзими ҷабҳаҳои фаъолияти ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият заминаи воқеӣ мегузорад.