JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Саразм:баҳористоне дар дили дашт

Дараҷа: Мақола

  Шаҳрҳо ва мулкҳо дар тӯли садсолаҳо бунёд гаштаю рушд кардаанд ва инсонҳо бо ҷонбозиҳо, қурбониҳо, аз даст доданҳову соҳибгаштанҳо ном, макону мақом ва ҷойгоҳи худро дар рӯзгор ва таърих сабт кардаанд. Аммо дар 3 - 4 моҳу 2-3 сол бунёд гардидани шаҳракҳои ҳозиразамоне чун Саразм, Хамиртеппа, Марғедар дар Панҷакент бо шароитҳои хуби зист, бо ризою рафоҳ, роҳату саодат ва ваҳдати сокинонаш қиссае аз қиссаҳои марғуби "Ҳазору як шаб" не,  балки ҳақиқати воқеии замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
  Қиссаи мо аз тавлид ёфтану қомат афрохтан ва шукӯҳманду зебо гардидани шаҳраки ҳозирзамон бо номи Саразм дар радифи Саразми 5500-сола дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аст, ки худиҳо ва ҳамсоягонро бо суръати баланди бунёд ёфтанаш ва  барору пешрафти рӯзгори сокинонаш ба ҳайрат овардааст. 
  Ин хиттаи сабз ва гулпӯш бо рангу тобиши зебову дилкаш, бо бӯи муаттару мафтунгар ва боди серуни ҳаловатбахш инкори рӯёрӯи  мафҳуми дашт - саҳнаи якранг, бенур ва дилгиркунанда аст. Ба хотир меояд, ки  ҳашт сол муқаддам шоми ин куҳнадашт бо зӯзаи гургон ва ғиреви даҳшатзои тӯдаи шағолони ҷангалистони васати дарёбод оғоз меёфту субҳ бо болафшонии лошахӯрони муқими ин макон. Он замон ҳанӯз оби ҷонбахши Зарафшон, ки анбӯҳи ҷангалистони Саразмро убур мекунад, аз соҳил ба ин баландӣ намебаромад. Бонги хурӯсон дар ин хароботи собиқ барои роҳравони ҳамешагиаш бо Ҷодаи Абрешим ба Самарқанд ва аз он ҷониб ту гӯӣ руъё буд. 
  Имрӯз ин ҷо баҳористон аст, ки дар дили дашт доман густурдаву Саразм ном дорад. 
  Ҳашт сол муқаддам ба ин ҷо офатдидагони селро аз кӯҳу дараҳои селрави Шинг кӯчонда, дар хаймаҳо ҷой дода буданд ва ин кор дар пайи супориш ва дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз осебдидагони сел дар Шинг, дар моҳи июни соли 1993, соли дуюми роҳбарии ӯ ба кишвар  сурат гирифта буд… 
Тафсири ҳол чунин аст:
  14 июни соли 1993 дар натиҷаи боридани борону жолаи сахт аз кӯҳҳои атрофи деҳоти Мосариф, Шинг ва Рашнаи Поёни Ҷамоати деҳоти Шинг селоби даҳшатбор фуромада, ҳарчӣ сари роҳаш буд, афтонду фурӯ бурд ва ба Шингрӯд афканд. Бинои мактаби миёна, саройи нигоҳдории техника ва нақлиёти колхоз бо кулли техникаи мавҷуда, 40 хонаю дар, роҳу пулҳо, хатҳои барқу телефон талаф шуданд, ки тибқи ҳисобҳо бо асъори  шӯравӣ 500 миллион сӯмро ташкил дода буд. Тавре сарвари ҳамонвақтаи мактаби 8-солаи Бадгаҳ Я.Сиддиқов гуфт,  ин селоб миёни селобҳои пай дар пайи дар ин ҷо баамаломада даҳшатноктарин буд. 
Пас аз ду рӯзи он воқеа -16 июн  Раиси  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шинг омада, мавзеъҳои харобшударо дида, бо мардуми осебдида мулоқот карда, гуфта буд:
- Мо намегузорем мардум сарсону саргардон дар банди ғаму ташвишҳо бошанд. Одамони зиёд бесарпаноҳ монданд, молу чорвои зиёде талаф ёфт. Вазифаи аввалин ин аст, ки мардуми офатдида аз минтақаи хавфнок ба зудӣ ба ҷойҳои амн кӯчонда шаванд. 
Ва ҳамон вақт ба таҳияи нақшаи шаҳраки оянда оғоз карданд.
  Соли 2005 боз аз дараҳои Киштӯд, Шингу  Вағаштон, Ёрию Хурмӣ  ва минтақаҳои дигари Панҷакент селобҳои пай дар пай ҷорӣ гардиданд. Селобҳои Шинг 4 сокини деҳоти ин ҷамоатро ба коми худ фурӯ бурда, ба ҳалокат расонданд, роҳу пул,  хатҳои об, барқу алоқа, 60 манзили сокинонро пура  валангор, садҳо хонаи дигарро қисман вайрон карданд. Ҳамон вақт - 13-14 июни соли 2005 бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 114 оилаи зарардидаи Ҷамоати деҳоти Шинг ба Саразм кӯчонда, бо хаймаву қитъаи замин ва маводу ҷиҳози аввалини рӯзгор таъмин шуданд.
Вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, созмонҳои байналмилалии Барномаи ҷаҳонии озуқа, ЮНИСЕФ, "Наҷоти кӯдакон"-и Амрико, Ҳилоли Аҳмар ва дигар ташкилоту созмонҳо  дар барқарору обод кардани роҳҳо, хатҳои алоқа, барқ ёрӣ расонда, офатдидагонро бо маводи хӯрок, хайма, асбобҳои рӯзгор таъмин менамуданд. Ба ҷараёни корҳо муовини сарвазири кишвар, шодравон Асадулло Ғуломов, раисони вақти вилоят Қосимҷон Қосимов,  шаҳри Панҷакент Шакарбек Самадов роҳбарӣ мекарданд.
Дар як муддати кӯтоҳ ташкилот, муассиса ва хоҷагиҳои шаҳри Панҷакент дар дашти Саразм 60 бинои 3 - ҳуҷрагиро бо пешайвон сохтанд.
Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо оид ба бартараф намудани пайомадҳои офати табиат ва сохтмони манзили нав барои офатдидагон дар Саразм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2005 ба Панҷакент омад. Чархбол дар байни шаҳри қадимии Саразм ва шаҳраки навбунёд  ба замин нишаст ва  пас аз чанд лаҳза Президенти мамлакат дар иҳота ва мулоқоти  саршор  аз  шодию нишоти  сокинони миннатдори шаҳрак  қарор  дошт.  Эмомалӣ  Раҳмон зимни супурдани 60 калиди хонаи истиқоматӣ ба раиси шаҳраки Саразм изҳор дошта буд: 
- Ҳанӯз соли 1962 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тибқи нақша бояд ба ин ҷо 500 оилаи аз офатҳои табиат осебдидаи Ҷамоати деҳоти Шинг кӯчонда мешуданд. Мутаассифона, он нақша даҳсолаҳо рӯи қоғаз боқӣ монд ва танҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мо тавонистем  орзуи  деринаи мардумро амалӣ созем. 
  Сохтмони манзил барои аз офатҳои табиат осебдидагони Панҷакент идома меёбад ва ман худи ҳамин рӯз ба Ҳукумат супориш додам, ки дар ин самт маблағгузориро зиёд намояд. Бо маблағҳои ҷудошуда, бо ёриву дастгирии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ашхоси хайрхоҳ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент то охири моҳи ноябр бояд 300 хона сохта, аҳолии минтақаҳои хавфнок бо манзил, обу барқ таъмин ва шароитҳои хуби зиндагӣ фароҳам оварда шаванд. 
  Солмандони диёр, ки дар маросими истиқбол ва пазироӣ иштирок доштанд, ба  Сарвари давлат муроҷиат намуда гуфтанд:
- Аз рӯи таомул номро ба фарзандон ва мулкҳо падарон мегузоранд. Хоҳиши мо ин аст, ки номи ин шаҳраки тозабунёдро Шумо гузоред.
- Ба шаҳрак Саразм ном мегузорем ва номи ҷамоати деҳот низ Саразм хоҳад шуд. 
Ҷамъомадагон ин пешниҳодро ба шодмонӣ пазируфтанд. 
Эмомалӣ Раҳмон баъдан ба мактаби тозабунёди шаҳрак, ки барои 350 хонанда дар давоми андаке бештар аз 2 моҳ бунёд гардида буд, омада, мактабиёнро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш шодбош гуфт, лентаи рамзиро бурид ва ба синфҳои омӯзиши технологияи информатсионӣ ва забону адабиёти тоҷик ворид шуда, ба хонандагон дар таҳсилу омӯзиш дар макони наву зебо барор орзу намуд.
Устодону шогирдони мактаб ва сокинони шаҳраки Саразм 1 сентябрро ҳамчун зодрӯзи шаҳрак ва он  мулоқоти гарму самимиро чун хуҷастарӯзи дидор бо падари ғамхору навозишгари миллат дар қалбҳои худ ҷой додаанд. 
Минбаъд дар асоси дастури Сарвари давлат сохтмони хонаҳо дар шаҳраки Саразм бо суръат идома ёфт. Ҳар як шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 8-12 ва аз он ҳам бештар хона сохта, онро бо тамоми шароити зист ба осебдидагон пешкаш намуданд. 
- Созмони байналмилалии Шелтер Фор Лайф дар солҳои 2005-2006 120 хонаи сеҳуҷрагии айвондор сохта ба истифода дод. Осебдидагонро Созмони ҷаҳонии озуқа аз ҷиҳати  моддию маишӣ таъмин мекард,-гуфт корманди собиқи ин созмон Амриддин Ҷабборов.
Бино ба гуфтаи раиси шаҳрак Ҳоҷӣ Қудрат Ҳамзақулов, дар тӯли 3 моҳи буду бош  дар хаймаҳо барои ҳамаи осебдидагон  дар як дег се вақт  таом тайёр карда мешуд. 
- Он замон ман ба корҳои сохтмон назорат мекардам ва ошро худам мепухтам, - гуфт ӯ.
 -Дар соли хониши 2013-2014 дар таълимгоҳи мо 495 нафар таҳсил мекунад, -мегӯяд сарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Саразм Сафаралӣ Маҳмудов.-Хоҳишмандон зиёданд. Ҳоло дар қатори тоҷикон 78 нафар ӯзбекзабон илму дониш меомӯзад. Аз 1 сентябр боз 50 нафар ӯзбек ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Гуфтанист, хонандаи ӯзбекзабони мо Мижгонаи Ҳоҷибек дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони тоҷикӣ ғолиб омад. Аз 10 квотаи президентӣ, ки аз шаҳри Панҷакент ба Донишгоҳи энергетикии Қурғонтеппа ҷудо шуда буд, 3 квота насиби хонандагони мактаби мо гардид.
Бо ибтикори сарвари мактаб бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳрак ва теъдоди толибилмон то бунёд намудани синфхонаҳои иловагӣ таҳсилро дар 3 баст  ба роҳ монданианд.
Ҳоли ҳозир дар шаҳраки Саразм 300 оила зиндагӣ мекунад. Аз ҳисоби 2046 гектар замине, ки дар соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент ҷудо гардида буд, дар ин ҷо боз ба 250 оила замини наздиҳавлӣ дода шудааст ва ҳоло мардум барои худ хона месозанд. Сокинони шаҳрак дар 28 гектар замин зироатҳои гуногун кишт мекунанд. Маркази саломатӣ, бозор, чор нуқтаи савдо  ба аҳолӣ хизмат мерасонад. 
- Соли 2005 ташкилоти СУ-2 ба шаҳрак оби ошомиданӣ бароварда буд. 
Имсол бо супориши раиси шаҳр Хисрав Абдуназаров ба масофаи 1 километр хати нави оби нӯшиданӣ кашида шуд,-мегӯяд Ҳоҷӣ Қудрат Ҳамзақулов.- Ба қисмати шарқии шаҳрак тавассути пойгоҳи нави обкашӣ аз рӯди Зарафшон оби полезӣ бароварда мешавад. Акнун шаҳрак пура бо оби ошомиданӣ полезӣ ва барқ таъмин аст. Мо аз он сипосгузорем, ки чун рӯзҳои аввали кӯчиданамон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба мо таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ мекунанд. Раиси шаҳр Хисрав Абдуназаров аз ҳоламон зуд-зуд хабар мегирад. Бо иқдом ва  саъю талоши ӯ 26 нафар духтарони шаҳрак дар курси дӯзандагӣ таҳсил карданд ва ҳоло дар худи шаҳрак либосҳои мактабӣ медӯзанд.
 "Дасти одам гул" мегӯянд. Ҳамин дастони эъҷозгар куҳнадашти соҳили рӯди Зарафшонро ба боғшаҳр  табдил доданд. Дар ҳавлиҳо, қад-қади кӯчаҳо, сари роҳҳо дарахтони ҳуснорои сархам аз мева ба чашм ва аз ҳавлиҳо накҳати гулҳову райҳону меваҳои хушбӯй ба машом мерасанд.
Сокинони шаҳраки Саразм, ки аз файзу баракати Истиқлолияти кишвари азизамон нек бархурдор гардидаанд, бо идома додани беҳтарин анъанаҳои шаҳрсозӣ, кишоварзию ҳунармандӣ собит мекунанд, ки  пайгири расму одат ва ҳунари баланди ниёгон - сокинони 5500-солаи Саразми бостон ҳастанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ, 
"Ҷумҳурият",

Луқмонҷон ҚУРБОНОВ, 
"Зарафшон"

Бознашр: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11582 

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед