Охири асри XIX ва аввали асри XX боиси кашфиётҳои нав дар соҳаҳои макро ва микроолам шуданд. Баъди оне, ки нурҳои рентгенӣ ва ҳодисаи раиоактивӣ кашф шуданд, зарраҳои заряднокеро низ қайд карданд, ки ба Замин аз фазои кайҳон меомад. Ин зарраҳо аз тарафи физики австриягӣ Виктор Гесс соли 1912 кашф шуданд. Ӯ тавассути кураи ҳавоӣ, ҳангоми омӯзиши иониши атомҳои ҳаво, афзоишро бо рафти баландӣ мушоҳида кард, ки ин ҳодисаро зарраҳои кайҳоние ба амал меоаварданд, ки онҳоро нурҳои кайҳонӣ номиданд. Нурҳои кайҳонӣ (НК) – ин сели зарраҳои зарядноки баландэнергия мебошад, ки ба Замин аз фазои кайҳон омада, тақрибан изотропӣ мебошад. Ин зарраҳо дар минтақаҳои дури кайҳон тавлид шуда, то суръатҳои баланд тезонида мешаванд.