Рӯзи 1 –2 – юуми феврали соли 2023 ба сайёраи мо Кометаи C/2022 E3(ZTF) аз масофаи наздиктарин мегузарад. Масофаи наздиктарини байни Замину ин комета ба 40 млн. км баробар мешавад. Дар ин наздикшавӣ дурахшонии комета ба 4,7 – 5,5 қадри ситорагӣ мерасад, ки бо чашми оддӣ диданаш имконпазир аст. Дарозии думаш бошад, ба 10 дараҷаи кунҷӣ мерасад. Имконияти дидани ин комета аз соати 3 –и шаб то баромадани Офтоб аст. Аммо шарти дидани ин комета ин берун аз шаҳр будан, осмони софу беғубор ва набудани Моҳ дар осмон аст. Мутаассифона аз сабаби номусоидии обу ҳаво дидани комета шояд ғайриимкон шавад. Ин комета дар нимкураи шимолии осмон буда, дар рӯзи зикр шуда дар байни ситораи қутбӣ (полярная звезда) ва бурҷи Хирси калон (Большая медведица) воқеъ мешавад.