Астрономия аз илмҳои қадимтарин аст, ки дар натиҷаи талаботи моддию маънавии инсоният ба вуҷуд омадааст. Ивазшавии шабу рӯз, ҳаракати Замин, Моҳу Офтоб, ҳаракати сайёраҳо дар гумбади ситоразор, тағйирёбии фазаҳои Моҳ, пайдоиши ситораҳои думдор, ситораҳо, ҳазорҳо воқеаҳои табии олам аз пеши назар гузаштан мегиранд, ки ҳеҷ гоҳ одамонро бетаваҷҷух нагузоштаанд. Одамонро бафикру андеша меоварданд, онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи кашфи ҳодисаҳо шуда, ҳазор солаҳо аз пайи дастовардҳо, таҳлилу барасии ҳақиқатҳои воқеии ин гумбади нилгун мешудаанд. Мардум чунин ҳодисаҳои зиёди табииро мушоҳида намуда ба саволҳои худ ҷавоб меҷустанд. Дар асри бистум радифҳои зиёди маснӯъ, киштиҳои зиёди кайҳонӣ сохта шуданд, ки инсон акнун на аз Замин, хонаву ҷойи зист балки аз Кайҳон, дар миёни ҷирмҳои зиёди осмонӣ моҳову солҳо фаъолият намуда, олами воқеии ситоразорро аз наздик бо нодиртарин асбобу дастгоҳҳои ҳозира таҳқиқ менамояд.